Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи президенти Эрон нопадид шудааст


Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон
Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон

Чархболи президенти Эрон дар шарқи вилояти Озарбойҷони ин кишвар дар ҳолати хатарноке ба замин фуруд омадааст.

Ин фуруд дар пайи ҳавои номусоид сурат гирифтааст.

Расонаҳои Эрон рӯзи 19-уми май хабар доданд, ки дар дохили чархбол Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Ҳусейн Абдулоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва имоми масҷиди марказии Теҳрон қарор доштаанд.

Сарнавишти онҳо маълум нест. Мақомоти Эрон ҳанӯз шарҳ надоданд, ки ба мусофирони дохили чархбол чӣ шудааст.

Амалиёти ҷустуҷӯи чархболи президент оғоз шудааст.

Хабаргузории "Тасним" навиштааст, ки дар лаҳзаи ҳодиса яке аз мусофирони чархбол ба тими наҷотдиҳандагон тамос гирифтааст. Аз ин рӯ, ба навиштаи ин расона, мақомот умедворанд, ки ҳайати дохили чархбол зиён надидаанд.

Ба навиштаи хабаргузории "Тасним", ҳоло ҳаво дар ин минтақа меғолуд (туман) аст ва ҳеч тамосе бо ҳайати ҳамроҳи президент вуҷуд надорад.

Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон бо се чархбол аз маросими бозкушоии сарбанди наве дар Порсободи вилояти Озарбойҷон, ҳаммарз бо ҷумҳурии Озарбойҷон, бармегаштанд.

Дар ин маросим Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон низ ширкат доштааст. Ду чархбол баргаштаанд, вале аз сарнавишти чархболи президент хабаре нест.

XS
SM
MD
LG