Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси истеҳсоли ҳазорон тонна маводи тарканда дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонист.

Қарор аст, Маҷлиси намояндагон ба зудӣ созишнома дар бораи таъсиси як корхонаеро баррасӣ кунад, ки имкон медиҳад, солона дар Тоҷикистон то 20 ҳазор тонна маводи тарканда истеҳсол шавад.

озишнома дар бораи Корхонаи муштараки “Муосир”- ро, ки бо сармояи Чин дар ноҳияи Данғара сохта мешавад, ҳукумат охири моҳи октябр барои тасвиб ба порлумон фиристод ва онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ карданд.

Созишномаи дутарафаро ҳукумат бо Корхонаи муштараки “Муосир” моҳи март имзо кард ва ҳадаф аз он ба гуфтаи ҳукумат, ҷалби сармоя ба Тоҷикистон рушди иқтисодии минтақаҳо ва ба ҳамин тартиб боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст.

Бештар аз 50 дар сади саҳмияҳои корхонаро тарафи Тоҷикистон дар даст дорад ва 49 дарсади онро як кширкати мутаалиқ ба “Пизу Груп”, ки зоҳиран дар ҷазираҳои Кайман сабти ном шудааст. Бар асоси созишнома, ҳукумати Тоҷикистон ба корхонаи “Муосир” иҷоза медиҳад, ба истеҳсолу интиқол ва фурӯши маводи таркандаи моеъ машғул шавад.

Як мақоми огоҳ аз созишнома дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сармоягузори чинӣ вазифадор шудааст, ки тамоми тарҳро худаш аз аввал то ба охир сармоягузорӣ кунад ва бе таъхир онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад.

Дар робита ба ин суол, ки 20 ҳазор тонна маводи тарканда барои Тоҷикистони хурд чӣ зарур аст, мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳсулоти корхонаи “Муосир” дар оянда мумкин аст, ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ содир шавад.

Бисёре аз туннелҳои Тоҷикистонро чиниҳо сохтаанд.
Бисёре аз туннелҳои Тоҷикистонро чиниҳо сохтаанд.

“Сиёсати тавсиаи иқтисодии Чин, ки дар кишварҳои атрофаш ба мисли Тоҷикистон тарҳҳои азими иқтисодӣ иҷро мекунад, дар оянда талабот ба маводи таркандаро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои минтақа меафзояд. Истихроҷи маъдан, сохтани роҳу пул ва нақбҳо бе истифодаи маводи тарканда намешавад” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Фақат то соли 2013 бо ширкати корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон 31 километр тунелҳои автомобилгард, 1700 километр роҳ ва 200 пулҳои хурду бузург сохтаанд ва барои ин ҳама маводи таркандаи зиёде ба кор рафтааст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, барои сохтмони лӯлаи гази Осиёи Марказӣ ва Чин, ки аз тариқи Тоҷикистон ҳам бояд гузарад, ҳазорон тонна маводи тарканда лозим мешавад ва онро “берун нарафта ва аз дохил бо хатари кам метавонем дастрас кунем.“ Қитъаи ин лӯлае, ки аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт, 400 километрро ташкил медиҳад ва қарор аст барои бунёди он ба Тоҷикистон 3 миллиард доллар сармоя ворид шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ҳам бо тарҳи корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ошно кардаанд ва ваъда додаанд, ки онро дар муддати якуним сол ба кор меандозанд. Барои бунёди корхона, аз 15 то 20 миллион доллари амрикоӣ лозим будааст. Дар корхонаи нав то 200 нафар соҳиби ҷойи кор мешудаанд ва бар асоси қарордод бояд то 80 дар сади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Давлати Тоҷикистонро барои қарзи зиёд гирифтану тарҳҳои бузурги иқтисодиро дар ихтиёри Чин қарор додан, танқид мекунанд ва мегӯянд, ингуна сиёсат Тоҷикистонро аз назари иқтисодиву сиёсӣ ҳам пойбанди ҳамсояи азимаш мекунад. Тоҷикистон назар ба ҳар кишвари дигар аз Чин қарзи бештар гирифтааст ва ин қарз то охири соли 2016 аз 1 миллиард доллар гузашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG