Пайвандҳои дастрасӣ

230 миллион доллари Чинро сарфи вакилон кунем, ё бекорон? ВИДЕО


Баландтарин милаи парчам, бузургтарин китобхона, чойхона ва калонтарин театри миллӣ... Қарор аст, ба ин рӯйхати дастовардҳои Тоҷикистон ба зудӣ зеботарин бинои порлумон дар Осиёи Миёна низ ворид шавад.

"Гигантомания"?

Савол гузоштан дар мавриди онки чаро Чин дар Тоҷикистон бинои порлумонро месозад, ноҷо аст. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ тасмими Чин нест, балки иқдоми худи Тоҷикистон аст

Сиёсатҳои "гигантомания" ё бузургпарастии Тоҷикистон ин бор бо эълони сохтмони маҷмаии нави порлумон дар маркази пойтахт идомаи нав пайдо кард. Қимати тарҳи нави обрӯбиёрандаи Тоҷикистон 230 миллион доллар ва ё беш аз 2 миллиард сомонӣ аст. Яъне, бештар аз хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои нигоҳдории сиҳатии сокинон дар як сол. Тоҷикистон барои соҳаи тандурустӣ наздик ба 1-уним миллиард сомонӣ пул харҷ мекунад.

Аммо мансабдорони тоҷик мегӯянд, харҷи ин тарҳи пурхарҷ аз ҳисоби буҷет нест ва пули онро Чин медиҳад. Дақиқтараш Чин пул медиҳад ва тасмими дар куҷо сарф кардани ин маблағро Тоҷикистон мегирад. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, Чин ҳар сол ба Тоҷикистон ба ҳайси кумак як миқдор маблағ ҷудо мекунад, аммо дар куҷо ва чӣ гуна сарф кардани он ба ихтиёри худи Тоҷикистон аст.

"Ин тасмими Чин нест, тасмими мост"

Неъматулло Ҳикматуллозода
Неъматулло Ҳикматуллозода

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, рӯзи 1-уми август дар робита ба тарҳи сохтмони бинои нави порлумон, ки гуфта мешуд бо сармояи Чин бунёд мешавад, гуфт: “Дар доираи созишномаи ҳамкории иқтисодиву техникӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Чин, ин кишвар ҳар сол як миқдор пули бебозгашт ба ҳайси кумак ба Тоҷикистон ҷудо мекунад. Дар доираи ин созишнома дар Тоҷикистон бисёр тарҳҳо амалӣ карда шуданд. Тасмими равона кардани ин маблағҳо ба сохтмони бинои нави порлумон тасмими мо (манзур ҳукумати Тоҷикистон) мебошад, на давлати Чин. Бинобар ин, савол гузоштан дар мавриди онки чаро Чин дар Тоҷикистон бинои порлумонро месозад, ноҷо аст. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ тасмими Чин нест, балки иқдоми худи Тоҷикистон аст”.

Тоҷикистон хусусан пойтахти он тайи 5 соли охир шоҳиди авҷи сохту соз аст. Дар муддати кӯтоҳ танҳо дар шаҳри Душанбе даҳҳо бинои истиқомативу маъмурӣ сохта шуданд. Меҳмонон ва тоҷиконе, ки баъди чандин сол аз Душанбе дидан мекунанд, мегӯянд, шаҳр то ҳадде дигаргун шудааст, ки шинохта намешавад.

Бинои Қасри Миллат
Бинои Қасри Миллат

Шаҳноза Раҳимова, ки солҳост дар шаҳри Рига ба сар мебарад, гуфт, баъди 10 сол ба зодбумаш Душанбе баргашт ва аз биноҳои наву зебояш хеле писандаш омаданд. Ӯ рӯзи 3-юми август гуфт, “фикр кардам, ки дар як шаҳри комилан дигарам. Бинои Қасри Миллат, Душанбе-Плаза меҳмонхонаҳои нав, фурудгоҳ... Хуллас хеле хурсанд шудам, ки шаҳр ин қадар обод шудааст”.

Порлумон созем ё корхона?

Сайёҳон, меҳмонон ва худи шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз дидани Кохи Навруз, Боғи Рӯдакӣ ва хиёбонҳои навсозишудаи Душанбе, чойхонаи Харбузашакл дар Ҳисор ҳатман бо гирифтани як аксе аз назди он мераванд. Аммо таҳлилгарон дар Тоҷикистон ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё дар шароити камбуди ҷойи кор дар кишвар магар беҳтар нест, бо ин пулҳо ягон корхона бунёд карда шавад, то шаҳрвандони Тоҷикистон барои рафтан ба муҳоҷират маҷбур нашаванд.

Дар Тоҷикистон каме беш аз 28 ҳазор нафар ҳамчун бекор эътироф шудаанд, вале ба гуфтаи худи мақомот шумораи бекорон ба маротиб аз ин бештар аст. Ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва Қазоқистон ҳастанд.

Дар шароити имрӯз масъалаи бекорӣ ва таъмин бо ҷойҳои нави корӣ хеле муҳимтар аст. Бинобар ин, интизории мардум аз давлат ин аст, ки бештар таваҷҷуҳ ва маблағҳоро маҳз барои ташкили ҷойҳои нави корӣ равона кунад

Нуриддин Салимов, иқтисоддони собиқадори тоҷик, ки таҷрубаи таҳияи буҷетро дар даврони Шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ дорад, гуфт, ҳам пули буҷет ва ҳама маблағҳое, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон меоянд, бо назардошти вазифаҳои дар назди ҷомеаиву ҳукумат истода бояд сарф шаванд.

Ӯ гуфт: “Сохтмони биноҳои нав, албатта, муҳим аст. Мо кишвари соҳибистиқлолем ва бисёр биноҳои муҳими давлатиро умуман надоштем. Лекин дар шароити имрӯз масъалаи бекорӣ ва таъмин бо ҷойҳои нави корӣ хеле муҳимтар аст. Бинобар ин, интизороти мардум аз давлат ин аст, ки бештар таваҷҷуҳ ва маблағҳоро маҳз барои ташкили ҷойҳои нави корӣ равона кунад”.

Аввал Саудӣ буд, ҳоло Чин

Мавзӯи сохтмони бинои нави порлумон ним сол боз дар расонаҳои Тоҷикистон матраҳ мешавад. Нахуст гуфта мешуд, барои сохтмони ин бино Арабистони Саудӣ пул ҷудо мекунад. Баъдан сафири ин кишвар дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш барои сохтмони ин тарҳ пул ҷудо карданӣ нест. Пас аз ин изҳороти сафир, Ҷамшед Аҳмадзода – раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, дар мавриди сохтмони бинои нави порлумон танҳо бо Чин музокирот доранд ва бо сармояи “танҳо ва танҳо Чин” ин биноҳо сохта хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG