Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли МН. Аз қабули қонуни "Пешво" то манъи вуруди беиҷозаи амниятиҳо ба манзилҳо


Вакилони маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як соли навбатии кории худро ба итмом расонида, ба таътили тобистона баромаданд. Худи аъзо ва раиси маҷлис бо таъкид ба тасвиб шудани 176 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои нав, кори худро “бобарор” унвон кардаанд.

Вале бархе намояндагони ҷомеаи кишвар мегӯянд, тамоси порлумон дар як соли охир бо ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ маҳдудтар буд ва садои вакилон дар иртибот бо масоили мавриди назари ҷомеа, камтар ба гӯш мерасид. Ҳайати амалкунандаи Маҷлиси намояндагон, иборат аз 63 вакили аксар узви Ҳизби ҳокими халқии демократӣ, дар пайи интихоботи парлумонии соли 2015, сари кор омадааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ахиран гуфт, агар вазифаи муҳими порлумон эҷоди қонунҳо бошад, рисолаи аъзои маҷлис – эҳтиром ва риояи ҳамин қонунҳо мебошад.

Дар як соли охир парлумони Тоҷикистон даҳҳо қонуну санадҳои нав қабул кард, ки аз назари муаллифонаш, барои танзими ҳуқуқии зиндагии шаҳрвандон ва кори сохторҳои дахлдор хеле муҳим аст. Дар миёни 176 санади дар як соли парлумонӣ қабулшуда – Қонунҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” (баъди раъйпурсии мардумии моҳи майи соли 2016), афви “тиллоӣ” (бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон), савгандёдкунии вакилони ҳарду палатаи маҷлис дар баробари мардум – аз асноде буд, ки шояд бештар аз дигар санадҳои мавриди таваҷҷӯҳи матбуот ва ҷомеа, қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон.

Дар як мавриди ғайримунтазираи ахир, тарҳи қонуни аз ҷониби Маҷлиси намояндагон пазируфташудаи иҷозати истисноии вуруди кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ба хонаи шаҳрвандон бидуни иҷозати додситонӣ, аз ҷониби палатаи болоии порлумон ба хотири мухолифаташ бо меъёри конститутсионии марбут ба мурооти ҳуқуқи инсон пазируфта нашуд ва ин тарҳи қонун ҳам яке аз пешниҳодҳои баҳсбарангези порлумонӣ гардид.

Дар як соли охир яке аз қонунҳои маъруфтарини 10 соли пеш қабулшуда - қонуни танзими расму оинҳо, ки ҳадафаш таҳрири тарзи маъракадории мардум мебошад, ҳамоно аз қонунҳои вирди забони ҷомеа боқӣ монд. Ахиран президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як ҷаласа аъзои ҳукумат ва дигар мақомдоронро дар адами риояи қонунҳо муттаҳам кард ва раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров ҳам ахиран гуфт, агар вазифаи муҳими порлумон эҷоди қонунҳо бошад, рисолаи аъзои маҷлис – эҳтиром ва риояи ҳамин қонунҳо мебошад.

“Бархе мансабдорон қонунро иҷро намекунанд”

Дар ҷараёни кори порлумони даъвати панҷуми Тоҷикистон, борҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба иҷрои кунди қонунҳо ё сӯиистифода аз қонунҳои мавҷуда ишора карда буд. Масалан, ба ҳангоми баррасӣ ва тасдиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” дар 5 апрели соли ҷорӣ гуфта буд, ки баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ аз ин санади ҳуқуқӣ суиистифода мекунанд.

Вай гуфта буд: “Нисбати як кас ҷиддӣ рафтор мекунанд, вале камбудиҳои нафари дигарро намебинанд. Камбуд дар қонун нест, камбуд дар мусалмонии мост”. Вале дар ин замина мисоли мушаххасе наовард ва аз мансабдоре низ ном набурд. Дар гузашта дар баробари сокинони оддӣ, бархе ҳунармандони саршинос, мисли Сурайё Қосимова ва Ҳаётой Неъматова аз рӯи ин қонун, ҷарима шудаанд.

Хомӯшии вакилон дар баробари мушкилоти доғ

Хабарнигороне, ки ба таври доимӣ аз кори маҷлис назорат карда, ҳама тасмиму тағйиротро аввал шуда тавассути расонаҳо ба мардум хабар додаанд, мегӯянд, дар муқоиса бо ҷаласаҳои чанд соли пеш, кори маҷлис “камбаҳс” шудааст. Алишер Зарифов, хабарнигори порлумонии хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки танҳо раиси порлумон ба ҳангоми баррасиву қабули қонунҳо ва дар мавриди иҷрои онҳо баъзан ба лаҳни тунд сӯҳбат карда, аммо вакилон чун тамошобин ҳузур доштанд.

Алишер Зарифов
Алишер Зарифов

“Дар масоили ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ раиси Маҷлиси намояндагон сахт мерафт, нисбати вазирону муовинон ё раисони кумитаҳоро интиқод карда ва мегуфт, ки ба иҷрои қонунҳо таваҷҷӯҳ кунед. Вале дар ин гуна баҳсҳо, вакилон камтар ширкат мекунанд”,-афзуд Алишер Зарифов.

Хабарнигорони дигар мегӯянд, ҳатто баъди қабул шудани ин ё он қонун ва ё санади муҳим, аксар вакилон аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунанд. Дар сурати дар маҷлис ҳозир шудани мақомдори муҳим, бо вуҷуди омода будани саволу пурсишҳои зиёд, аз матраҳ шудани ин саволҳо худдорӣ мекарданд. Як мавриди барҷастааш - ҳозир шудани раиси Оҷонсии зиддифасод Сулаймон Султонзода дар порлумон ва баррасии қонуни мубориза бо коррупсия буд, вале ҳеҷ як вакил омода нашуд, ҷараёни боздошти пурсару садои кормандони ин ниҳодро, ки моҳи март шурӯъ шуд, аз ӯ суол кунад.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, мавридҳое, ки ҷомеа ва матбуоти мунтазири шунидани садои парлумон асту вакилон хомӯшанд, хеле зиёд рух медиҳанд:

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

“Масалан, дар моҳи гузашта дар нашрияҳои дохилии Тоҷикистон ва шабакаҳои Интернет дар бораи даъвои марзии Чин матлабҳои зиёде мунташир шуд. Агар воқеъан порлумон худро як шохаи ҳокимият медонист, ҳатман дар ин маврид вокуниш мекард. Мутаассифона, ҳатто мавзӯъи тамомияти арзии кишвар вакилонро нигарон насохт. Ин гуна даъво барои Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Зеро Тоҷикистон бахши аслии қарзҳои хориҷии худро маҳз аз Чин дарёфт кардааст. Вакилони порлумон бояд масъулони ниҳодҳои марбутаи кишварро ба порлумон фаро хонда ва аз воқеъияти ин хабар пурсон мешуданд”.

"Вакилон хомӯш нестанд"

Вале худи аъзои маҷлис бо интиқод дар заминаи “хомӯшии вакилон дар масоили доғи ҷомеа” розӣ нестанд. Сайдҷаъфар Усмонзода, узви Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин интиқодҳоро рад кард ва гуфт, ин натиҷагирии афродест, ки аз фаъолияти воқеъии порлумон тасаввуроте надоранд.

Сайдҷаъфар Усмонзода дар минбари порлумон.
Сайдҷаъфар Усмонзода дар минбари порлумон.

Вай гуфт: “Вақте лоиҳаи қонун ба парлумон ворид гардид, баҳсҳои асосӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо ширкати масъулони вазорату идораҳои давлатӣ баргузор мешавад. Баъдан ин лоиҳа дар Шӯрои порлумон ба таври ҳамҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз муҳокимаҳои сершумор ва комилан пухта шудани лоиҳаи қонун, барои баррасӣ ва қабул ба иҷлосия пешниҳод мегардад. Аз ин лиҳоз, дар иҷлосия зарурате барои баҳсу баррасӣ боқӣ намемонад”.

Усмонзода гуфт, дар байни вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон 3 академик, 30 доктору номзадҳои илм ва раҳбарони собиқи вазорату идораҳои давлатӣ ҳастанд, ки дар таҳияи санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ саҳми фаъол доранд.

Порлумон ва ҷомеаи маданӣ

Вале коршиносон мустақил мегӯянд, парлумони Тоҷикистон бояд бо аъзои бештари ҷомеа – фаъолони ҷамъиятӣ, созмонҳои маданӣ, жураналистон ва дигар аъзои ҷомеа ҳангоми барасиву қабули қонунҳо наздиктар ҳамкорӣ кунад, то мавқеи ҳама гурӯҳҳои ҷомеа шунида шавад.

Зимнан, як намунаи чунин ҳамкориро мешавад ба тарҳи тағйири қонуни хизмати мусаллаҳона рабт дод, ки баъди пофишориҳову ҳамкориҳои наздики порлумону вазорати дифоъ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳоло ҷараёни баррасии коҳиши мӯҳлати хизмат дар артиш ва сабукиҳо барои афроди хизматкардаро пешбинӣ мекунад. Ин қонун ҳанӯз қабул нашудааст.

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили ҳуқуқӣ мегӯяд, ба хотири муассиру дархӯри мушкилоти ҷомеа шудани қонунҳо, “бояд заминаи иҷтимоии онҳо жарфтар бошаду манфиатҳои миллатро фаро гирад, имконият бояд дод, ки рӯшанфикрону қишри фаъоли ҷомеа ба таҳияи қонунҳо ҷалб шаванд”.

Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баъди таътили тобистона тирамоҳ дубора ба кори худ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG