Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот - 2015: Нахустин қадамҳо ва нахустин ноумедиҳо


Алакай 2 ҳизби сиёсии Тоҷикистон расман эълом доштаанд, ки маъракаи омодагии худро ба интихоботи парлумонии соли 2015 оғоз кардаанд.

Раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, қатъи назар аз фазои номусоид аъзои ин ҳизб умедворанд дар интихоботи оянда натиҷаҳои хуб ба даст оранд. Вай афзуд, ҳизб ситоди вижаи омодагӣ ба интихоботро таъсис дода, муовини раиси ҳизб Муҳаммаддалии Ҳайит сарварии ин ситодро бар дӯш гирифтааст.

Ҷаноби Кабирӣ иқрор мекунад, ки ширкат дар ин маъракаи сиёсӣ барои аъзо ва тарафдорони ҳизб осон нахоҳад буд: "Мо воқеияти имрӯзаро комилан хуб мешиносем ва медонем, ки интихоботи ояндаи порлумонӣ осон нахоҳад буд. Чун алакай рақибони мо бо ҳар роҳу василаи қонунӣ ва ғайриқонунӣ омодагиҳои заъиф кардани дигар ҳизбҳо, аз ҷумла ҲНИТ -ро рӯи даст гирифтаанд."

Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январ масъалаи омодагӣ ба интихоботро дар шӯрои сиёсии худ баррасӣ карда буд. Раҳбари он Раҳматуллоҳ Зоиров низ аз фазои душвор шикоят мекунад ва мегӯяд, бо таъсири мақомот, ҷомеа ҳоло аз ҳамкорӣ бо ин ҳизб худдорӣ мекунад: «Намегузоранд ҳатто аъзои ҳизб ҷамъ шаванд, иҷорадиҳандаи дафтари мо маҷбур шудааст, ки аз шартномаи додани иҷора ба мо даст кашад. Мо бе қароргоҳ мондем. Аз тарс ба мо ҷой намедиҳанд. Дар ин ҳолат ҳоло кор кардан хеле мушкил аст. Мо умед доштем, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, номзадҳоро аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам пешниҳод кунем. Бо ин вазъ имкони аз байн рафтани ин нақшаҳои мо вуҷуд дорад. Яъне ҳар иқдоме ки мо пеш мегирем, бенатиҷа ва ба зарари мо анҷом меёбад.»

Ҷаноби Зоиров гуфт, ӯ рӯзи 3 март чаҳорумин аризаи худро дар робита ба «ҳамла»-и навбатии як гурӯҳ мардон ба як ҳамоиши фарҳангии аъзои ин ҳизб ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол кард ва ҳоло посухи мақомотро интизор аст. Ӯ мегӯяд, агар ин бор ҳам муроҷиати ӯ бепосух бимонад ва ба ин масъала расидагӣ нашавад, ӯ ин мавзӯъро дар сатҳи парлумон ва созмонҳои байналмилалӣ матраҳ хоҳад кард.

Мақомоти умури дохилӣ гирифтан ё нагирифтани шикоятҳои Зоировро дар бораи 3 ҳамлаи ахир ба дафтари ҳизбро тасдиқ ё рад накарданд, вале аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд. Раҳматулло Зоиров мегӯяд, бо ин вазъ аз интихоботи навбатии парлумонӣ онҳо умеди зиёд надоранд ва бо вуҷуди талоши ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот таъмини шафоффият дар ин маъракаро дар гумон медонад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Бо ин ҳол, оғози омодагиҳои аҳзоби дигари сиёсии кишвар барои интихоботи парлумонӣ идома дорад. Аз ҷумла ҳизби коммунист мегӯяд, бо ташкили як гурӯҳи корӣ, бо шумули олимону муттахассисони вобаста ба шароити имрӯза, дар пайи таҳияи барномаи ҳизб аст. Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунист, аз гаронии гаравпулии номзадҳо изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ҳатто 50 дарсад кам кардани гаравпулӣ барои номзадҳо ҳам наметавонад, вазъро беҳтар кунад. Ӯ аз он таассуф мехӯрад, ки чанд пешниҳоди муҳими онҳо барои осон кардани ширкат ва таъмини шаффофияти интихоботи парлумонӣ ба эътибор гирифта нашуд.

Аммо ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд, расман кори худро танҳо пас аз эъломи оғози маъракаи интихоботӣ аз сӯи Кумиссиюни марказии интихобот шурӯъ мекунад. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократӣ мегӯяд, ҳоло онҳо дар пайи омӯзиши ақидаву табъи мардуманд ва таҳлил мекунанд, ки дар кадом нуқтаҳо дар интихоботи гузашта намояндагони ин ҳизб овози кам гирифтанд ва чӣ бояд кард, ки ба натиҷаҳои беҳтаре ноил шавад.

То кунун ҳеҷ кадоме аз интихоботҳои чӣ парлумонӣ ва чӣ президентии Тоҷикистон аз сӯи нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи озоду демократӣ эътироф нашудааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон – 55 курсиашро ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуд ва ба 4 ҳизби дигар – наҳзати исломӣ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ – дукурсигӣ расид. Ҳизби наҳзати исломӣ 4 сол пеш иддао дошт, ки дар асл дастикам 40 дарсади ороро ба даст оварда буд ва онки натиҷаҳояшро то ҳадди 8 дарсад поён фароварданд, «зулм» хонда буд.


М.Кабирӣ: "Интихоботи порлумонӣ осон нахоҳад буд, аммо ..."

М.Кабирӣ
М.Кабирӣ
Раҳбари ҲНИТ зимни эълони омодагиҳои ин ҳизби сиёсӣ ба интихоботи порлумонии соли 2015, гуфт, ки ин ҳизб ширкати фаъол дар ин интихобот хоҳад дошт.Муҳиддин Кабирӣ рӯзи душанбеи 3-юми март зимни сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки "дар воқеъ ситоди омодагиҳо барои интихоботи порлумонӣ ташкил шудааст, ки масъулияти раҳбарии ин ситод бар дӯши Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гузошта шудааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, "ин ситод ҳоло барои омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ аст ва дар шаш моҳи оянда, бештар дар масоили ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳӣ кор мекунад. Яъне, дар ин муддат давраҳои омӯзишӣ барои фаъолони ҳизб, нозирон, номзадҳои эҳтимолӣ ва омода кардани мутахассисон созмон дода мешавад."

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, шаш моҳи қабл аз интихоботро бевосита ба фаъолияти интихоботӣ ихтисос хоҳанд дод. Раҳбари ҲНИТ меафзояд, ки "мо воқеияти имрӯзаро комилан хуб мешиносем ва медонем, ки интихоботи ояндаи порлумонӣ осон нахоҳад буд. Чун аллакай рақибони мо бо ҳар роҳу василаи қонунӣ ва ғайриқонунӣ омодагиҳои заъиф кардани дигар ҳизбҳо, аз ҷумла ҲНИТ -ро рӯи даст гирифтаанд."

Бо ин ҳам Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки "ҳарчанд интихоботи ояндаи порлумонӣ осон нахоҳад буд, аммо боз ҳам натиҷа дар дасти мардум аст, агар раъйи мардум ба инобат гирифта шавад."

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, "агар мисли солҳои қаблӣ мардум раъйи худро бидиҳанду аъзоёни комиссияи интихоботӣ, ки аз сӯи мақомот таъин мешавад, раъйи мардумро хиёнат кунанд ва натиҷаро ба нафъи ҳизби ҳоким эълон кунанд, ин иштибоҳи хеле бузург хоҳад буд. Умедворем иштибоҳҳое, ки дар интихобти порлумонии соли 2010, шуда буд, дигар такрор нашаванд."

Ин аст, ки раҳбари ҲНИТ гуфт, ки "ба хотири баргузории интихоботи демократӣ, шафоф ва озод, ин ҳизб лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи порлумониро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки ҳоло мавриди омӯзишу баррасӣ дар кумитаҳои порлумон аст. Яке аз тағйиротҳои умда ворид кардани намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, ба хусус ҳизбҳои сиёсӣ ба участкаҳо ё марказҳои раъй мебошад."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Олиро тасвиб кард, ки ин тарҳ аз сӯи намояндагони ҳукумат ва ҳизби ҳоким ба порлумон пешниҳод шуда буд.

Зимнан, ҲНИТ аз ҳизбҳои умдаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки пас аз истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар соли 1997, имкони ширкат дар интихоботҳоро пайдо кард ва то кунун дар се интихоботи порлумонӣ ширкат кардааст. Аммо то кунун ҲНИТ дар порлумон танҳо ду намоянда дорад. Ҳарчанд дар интихоботи соли 2010 аз маҳбубияти бештари электорат ё интихобкунандагон бархӯрдор буд ва гуфта мешуд, ки беш аз 40 дарсади раъйро ба даст овардааст. Аммо зимни эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ тавассути КМИРТ маълум гардид, ки ҲНИТ ҳудуди 8 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст, ки боз ҳам ба ду намоянда дар порлумон рост меояд.
XS
SM
MD
LG