Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуни нобино худро ба ҳар дар зад, то ба орзуяш бирасад. ВИДЕО


Мавзун Ғафурзода ҳоло донишҷӯ аст.
Мавзун Ғафурзода ҳоло донишҷӯ аст.

Имкони таҳсил дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба зиндагии Мавзун як ҷавони нобино ва ятим ранги дигар бахшид. Ӯ ҳар субҳ бо либоси дарсӣ ва ҷузвдону асбобҳои мусиқӣ роҳ сӯи таълимгоҳ мегирад.

Мавзун миёни донишҷуёни консерватория, ягона ҷавонест, ки аз қувваи босира маҳрум аст, аммо талош мекунад аз ҳамсабақонаш қафо намонад.

«Ҳаррӯз шаш соат дарс мехонам ва вақтҳои холигӣ машқи овоз мекунам. Бароям омузгорон кумак мекунанд, барои ман шомил шудан ба инҷо ва таҳсил осон набуд, аммо ҳоло ҳамааш хуб аст. Хушҳолам ки ба орзуям расидам» -мегӯяд, ӯ.

Барои расидан ба орзуи худ, яъне таҳсил дар Консерваторияи миллӣ Мавзун талошҳои зиёд кардааст. Қиссаи донишҷӯ шуданаш барои аксарият ошност. Ин ҷавони нобино яке аз аввалин довталабоне буд, ки баҳсаш барои дохил шудан ба консерватория бо раҳбари ин муассиса то ба додситони кул ва расонаҳо расид.

Шикоят ба додситонии кулли Тоҷикистон

Ӯ барои ба гуфтаи худаш ноҳаққӣ аз раҳбари консерватория ба Додситонии кулл шикоят карда буд. Масъулини консерватория танҳо баъд аз шикояти Мавзун бо таъсиси комиссия, аз ӯ имтиҳони такрории маҳорат гирифта, ҷавони нобиноро ба шӯъбаи овозхонӣ қабул карданд.

Мавзун Ғафурзода, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе соли гузашта Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм карда, орзуи идомаи таҳсил дар факултаи овозхонии Консерваторияи миллиро дошт. Вале раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ ӯро бо баҳонаи набуди мутахассис ба имтиҳонҳои дохилшавӣ иҷозаи вуруд надоданд.

Мавзун барои ҳаққаш талош кард ва ба орзуяш расид.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Баъд аз як ҳафтаи шикояташ ба Радиои Озодӣ ва додситони кулл, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ӯ тамос гирифта ваъда дод ва мушкилашро ҳал кард.

Мавзун Ғафурзода рӯзи 28-уми сенятбр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт чун ҳунари навозандагиро аз худ кардааст, ҳоло мехоҳад овозхони касбӣ шавад.

Дар ин роҳ устодон кӯмак мекунанд ва ӯ ҳам аз дастгирии ҳамсабақону омӯзгоронаш хушҳол аст. «Устоди ман Хушнуд Шарифов бароям кумаки зиёд мекунанд талош доранд ва таҳсили хуб дошта бошам ва хуб омузам. Касе бовар надошт ки ман метавонам дар инҷо таҳсил карда метавонам. Аммо мегуянд аз ту ҳаракат аз Худованд баракат»-таъкид кард ин ҷавон.

Ҳам таҳсил ва ҳам кор

Ҳоло Мавзун дар баробари таҳсил ба хотири пешбурди зиндагӣ дар маросимҳои хурсандии мардум ширкат мекунад. Ӯ аксаран таронаҳои ором ва наздик ба сабки овозхон Аҳмад Зоҳирро иҷро мекунад.

Холӣ аз ҳама мушкилиҳо бо ҳамсабақон аккордион менавозад ва ғубори дил мебарорад.

«Умед дорам, барои онҳое, ки мисли ман орзуи таҳсилро доранд ва ба ин макон меоянд, дарс гӯям. Кӯшиш мекунам, барои устодоне, ки маро дастгирӣ мекунанд, шогирди содиқу вафодоре шавам» гуфт, Мавзун.

Мавзун аз хурдӣ аз модар ятим мондааст. Мактаби миёнаро дар муассисаи нобиноёни шаҳри Ҳисор хатм кардааст. Аз камтарин намунаи додхоҳии як ҷавони нобино барои дифоъ аз ҳуқуқаш барои таҳсил дар Тоҷикистон аст.

Дар гузашта чунин мушкилро овозхони дигари нобино Иброҳими Исмоилзод дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дошт. Дар чанд соли пеш Иброҳим низ донишҷӯи маълули ин консерватория буд, ки бо вуҷуди мухолифатҳо шомили он шуда, дар қатори ҳамсолони дигараш он ҷоро хатм кард.

XS
SM
MD
LG