Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталаби нобино ҳақталабӣ кард ва донишҷӯ шуд. ВИДЕО


Мавзун Ғафурзода.
Мавзун Ғафурзода.

Барои аввалин бор як довталаби нобино аз ҳаққаш дифоъ кард ва донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон шуд.

Мавзун Ғафурзода, як довталаби нобино ва ятим баъди нашри матлаб дар Радиои Озодӣ ва шикояташ ба мақомотҳои дахлдор тавонист донишҷӯ шавад. Масъулини Консерваторияи миллии Тоҷикистон танҳо баъд аз шикояти Мавзун бо таъсиси комиссия, аз ӯ имтиҳони такрории маҳорат гирифта, ин ҷавони нобиноро ба шӯъбаи овозхонӣ қабул карданд.

Мавзун аз хурдӣ аз модар ятим монда, чашмонаш нобино аст. Ӯ мактаби миёнаро дар муассисаи нобиноёни шаҳри Ҳисор хатм кардааст.

Мавзун Ғафурзода, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе соли гузашта Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм карда, орзуи идомаи таҳсил дар факултаи овозхонии Консерваторияи миллиро дошт. Вале раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ ӯро бо баҳонаи набуди мутахасис ба имтиҳонҳои дохилшавӣ иҷозаи вуруд надода буданд.

Мавзун Ғафурзода рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт баъд аз як ҳафтаи шикояташ ба Радиои Озодӣ ва додситони кулл, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ӯ тамос гирифта ваъда дод мушкилашро ҳал хоҳад кард.

"Вазири фарҳанг ба ман занг зада гуфтанд, ки ба Консерваторияи миллӣ равам, онҷо муаллима маро интизор ҳастанд. Вақте ба консерватория рафтам, онҷо барои гирифтани имтиҳон аз ман як комиссия иборат аз даҳ нафар ташкил шуда буд. Онҳо аз ман имтиҳони маҳорат гирифтанд. Баъд аз ин, яке аз аъзои ин комиссия ба ман гуфт, ки туро дар шуъбаи овозхонӣ қабул кардем ва метавонӣ аз якуми сентябр ба дарс биёӣ",-афзуд ӯ.

Довталаби нобино аз Консерваторияи миллӣ ба додситонӣ шикоят кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Ин ҷавони нобино, ки баъди анҷоми имтиҳон дар назди комиссияи махсуси консерватория берун омадан бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, хеле хушҳол ба назар мерасид ва гуфт, ин ҳақталошиҳояш дар оянда барои ҳамтақдиронаш намуна мешавад.

"Аз ҳар касе, ки дар ин кор ба ман кӯмак кард ташаккур мекунам. Аз ҷумла ба Радиои Озодӣ. Ман мехоҳам баъди таҳсил дар ин консерватория барои ҳамтақдиронам мутахассис шавам. Чун ягона баҳона барои напазируфтани ман дар ин муассиса набуди мутахасис гуфта мешуд. Мехоҳам овозхон беҳтарине шавам",-афзуд ӯ.

Мавзун Ғафурзода рӯзи 22-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи мушкилаш суҳбат кард ва гуфта буд, аз болои раҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Додситонии кулл ва расонаҳо шикоят карданаш қассосгирӣ нест, балки мехоҳад аз ҳаққаш ҳимоят кунад.

Фароғат Азизӣ.
Фароғат Азизӣ.

Аммо раиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон Фароғат Азизӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "комиссияи қабул бо далели инки Мавзун истеъдоди овозхонӣ надорад, ба консерватория қабул накарданд."

Мавзун аз хурдӣ аз модар ятим монда, чашмонаш нобино аст. Ӯ мактаби миёнаро дар муассисаи нобиноёни шаҳри Ҳисор хатм кардааст.

Ин аз камтарин намунаи додхоҳии як ҷавони нобино барои дифоъ аз ҳуқуқаш барои таҳсил дар Тоҷикистон аст. Дар гузашта чунин мушкилро овозхони дигари нобино Иброҳими Исмоилзод дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дошт.

Дар чанд соли пеш Иброҳим низ донишҷӯи маълули ин консерватория буд, ки бо вуҷуди мухолифатҳо шомили он шуда, дар қатори ҳамсолони дигараш он ҷоро хатм кард. Дар Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд.

XS
SM
MD
LG