Пайвандҳои дастрасӣ

Рустам Юсуфов, оилдор ва соҳиби се фарзанд аст. Модараш низ бо онҳо зиндагӣ мекунад. Аз нигоҳи аввал ин як хонаводаи омиёна дар Тоҷикистон аст. Вале мушкил ин аст, ки Рустам нобино аст ва бо чунин иллат пайдо кардани ҷойи кор дар Тоҷикистон кори осон нест.

Вале Рустам мегӯяд, бахташ омад кардааст, зеро дар ноҳияи онҳо дар наздикии хонааш ягона коргоҳи махсус барои афроди нобино фаъолият мекунад.

Набуди кор ва имконони нобаробар барои гирифтани маълумоти олӣ, натанҳо ба зиндагии шахсони нобинову сустбин балки оилаҳои онҳо низ таъсир мерасонад.

Рустам мегӯяд, маошаш, ки сад доллар аст, барои рӯзгораш намерасад. Бародари муҳоҷираш аз Русия ба ӯ кӯмак мекунад. Рустам мегӯяд, одати шикоят кардан надорад ва дар чунин шароит худро боз ҳам хушбахт меҳисобад, чунки соҳиби кор аст. Рустам дар корхонаи истеҳсоли тӯри симӣ кор мекунад. Ҳамроҳ бо ӯ дар ин корхона чанд нафари дигари нирӯи чашмашон заъиф ҳам заҳмат мекашанд. Кор дар ин коргоҳ осон нест, гоҳо сангин ва инчунин ифлос аст.

Таҷҳизоти корхона дар 30 соли охир нав нашудааст, корхона ҳам таъмирро надидааст. Феълан ин корхона аз ҳисоби фармоишҳои ҳукуматӣ кор мекунад. Фармоиш зиёд нест. Аксари коргарон ба ин даргоҳ инчунин ба хотири муошират ва таҳсил меоянд. Дар назди корхона як маркази хурди омӯзишӣ ташкил шудааст. Дар ин ҷо аз фанҳои мактабӣ дарс мегӯянд ва навиштану хонданро бо ҳуруфи Брайлӣ меомӯзонанд. Барои омӯзиш дар ин марказ нобиноён аз деҳоти дигар ҳам меоянд.

Дар Тоҷикистон ҳудудан 8000 фарди нобино ва хирабин ба сар мебарад. Ҷамъияти нобиноён танҳо имкони бо кор таъмин кардани 300 нафари онҳоро дорад. Наздики 300 нафари дигар бо роҳҳои худ соҳиби кору даромад шудаанд, вале боқимондаҳо бекор ва аксар вақт дастнигаран. Жинтомир Нормуродов, муовини раиси ҷамъияти нобиноён гуфт: “То соли 1992 ҳудуди се ҳазор нафар бо кор таъмин буданд.

Дар маҷмӯъ шумораи маълулони нуқси чашмдошта наздики 4500 нафарро ташкил мекарданд. Ҳоло, тавре мебинем, шумораи онҳо ду баробар бештар, вале ҷой кор камтар шудааст“. Набуди кор ва имконони нобаробар барои гирифтани маълумоти олӣ, натанҳо ба зиндагии шахсони нобинову сустбин балки оилаҳои онҳо низ таъсир мерасонад. Чунин хонаводаҳо нисбат ба оилаҳои дигар зиндагии фақирона доранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG