Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз таҳдидҳо номзади президентии Беларус кӯдаконашро ба хориҷа фиристод


Номзади интихоботи президентии Беларус Святлана Тихановская дар Минск, 20 июли соли 2020
Номзади интихоботи президентии Беларус Святлана Тихановская дар Минск, 20 июли соли 2020

Пас аз дарёфти чандин таҳдид номзади интихоботи президентии Беларус Святлана Тихановская фарзандони худро ба яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фиристод. Ҳамчун номзади ягонаи мухолифони ва рақиби асосии президенти деринаи Беларус Аляксандр Лукашенко дар интихоботи 9 август Тихановская замоне ба майдон омад, ки номзадҳои асосии мухолиф яке паси дигар дар як маъракаи шадиди саркӯбгарона аз ширкат дар сабқат маҳрум карда шуданд. Рӯзи 20 июл расонаҳои Беларус гузориш доданд, ки Тихановская ду фарзандашро бо кӯмаки Наталя Радзина, сардабири нашрияи Charter97, сомонаи хабарии мунтақиди режими худкомаи Беларус ба як кишвари номбарнашудаи ИА интиқол додааст. Кӯдакони 4 ва 10-сола ҳамроҳ бо бибияшон аз кишвар берун бурда шуданд. Тихановская қаблан гуфта буд, ки ба ӯ ва аҳли оилааш таҳдид мешавад, ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ даст кашад. Радзина ба сомонаи хабарии TUT.BY гуфт, номзади президентӣ аз он нигарон аст, ки ӯро метавонанд ҳабс кунанд ва фарзандонашро аз ӯ бигиранд. Тихановская вақте номзад шуд, зеро шавҳараш, видео-блоггери маъруф Сиарҳей Тихановский барои ошкоро изҳори омодагӣ карданаш ба ширкат дар интихоботи президент дубора ба ҳабс гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG