Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо маош хона харидан имконнопазир аст". Табибони ҷавон аз ҳукумат замин мехоҳанд


Табибони тоҷик дар давраи пандемия
Табибони тоҷик дар давраи пандемия

Гурӯҳе аз пизишкони ҷавон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз мақомоти маҳаллӣ талаб доранд, ки барояшон қитъаи замин бидиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар манзили иҷора зиндагӣ мекунанд ва бо маоше, ки ҳоло мегиранд, харидани хона имконнопазир аст. Масъулони ҳукумати ноҳияи Зафаробод гуфтанд, аз мушкили табибони ҷавон огоҳ ҳастанд, аммо ҳалли он аз ҳукумати ҷумҳурӣ вобастааст.

Саҳобуддин Собиров, яке аз пизишкони ҷавон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардааст, ки барояш замин диҳанд, вале ҳамеша ваъда шунидаасту бас.

“Моро аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба Зафаробод муҳоҷир кардаанд. Дар ин ҷо табибон намерасанд. Инак, ду сол мешавад, ки ба масъулони ҳукумати ноҳия муроҷиат мекунем, ки замин диҳед, худамон хона месозем, вале иҷро намекунанд”, -- гила кард ӯ.

Собиров мегӯяд, дар Маркази саломатии Зафаробод табиби бемориҳои гӯшу бинӣ аст ва баъзан шабона дар бахши Ёрии таъҷилӣ кор мекунад ва ҳар моҳ 750 сомонӣ (муодили тақрибан 75 доллар) мегирад. Ӯ афзуд, ин шабу рӯз барои муқобила бо бемории COVID-19 ҷалб шудааанд ва ба мардум кумак мерасонанд.

Сармад Бобоев, табиби дигар аз бемористони марказии ноҳияи Зафарободро бенатиҷа мондани кӯшишҳояш барои гирифтани қитъаи замин нигарон кардааст. Вай мегӯяд, ба монанди ӯ тақрибан даҳ пизишки дигар дар талоши гирифтани қитъаи замин ҳастанд.

Парвиз Дониёров, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод, чанде пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари заминҳои ноҳия кишоварзиянд ва барои сохтмони хонаҳо замин надоранд. Ӯ афзуд, танҳо ҳукумати Тоҷикистон метавонад тасмим гирад, ки заминҳои киштро барои сохтмон ба мардум бидиҳад ё надиҳад.

“Бино бар сабаби эҳтиёҷи сокинон мо ба ҳукумат пешниҳод намудем, ки дар 415 гектар замин ба сохтмон иҷоза диҳад. Ин масъала дар ҳоли ҳалшавӣ аст. Агар ҳал шавад, аввал табибонро пурра бо қитъаи замин таъмин мекунем”, -- илова кард Дониёров.

Шикояти табибон аз бетаваҷҷуҳии масъулон барои ҳалли мушкилашон, аз ҷумла дар таъмини онҳо бо қитъаи замин на танҳо дар Зафаробод, балки дар баъзе аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ садо медиҳад. Пизишкон мегӯянд, дар баробари мушкили манзил, масъалаҳои дигар низ доранд, ки на ҳамеша масъулон ба онҳо расидагӣ мекунанд

Нокофӣ будани музди маош, бархӯрдор нашудан аз баъзе кумаку имтиёзҳои пешбинишуда аз нигарониҳои табибон будааст. Мусоҳибони мо борҳо таъкид намудаанд, ки дар рӯзҳои аввали қабули беморон бо нишонаҳои COVID-19 аз лиҳози таъминот бо либосу дастпӯш ва маводи дигари зарурӣ мушкил доштанд ва аксаран ин ҳамаро бо пули худ мехариданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити пандемияи коронавирус кумакҳоеро барои ҳимоят аз табибон пешбинӣ намуд, аммо бархе аз пизишкон шикоят доранд, ки аз кумакпулиҳо пурра баҳравар нашудаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи май фармонеро ба имзо расонд, ки тибқи он беш аз 12 миллион сомонӣ иловапулӣ ба маоши табибон пешбинӣ гардид. Бар асоси ин фармон, табибоне, ки бевосита дар ташхису табобати сирояти COVID-19 ширкат мекунанд, се моҳ иловапулӣ мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки Сармад Бобоев, табиби тоҷик, мегӯяд, дар муқобила бо бемории коронавирус саҳм дорад, вале танҳо як дафъа аз чунин имтиёз бархурдор шудааст. “Лекин тибқи фармони президент бояд се моҳ, яъне се бор медоданд. Ду бори дигарашро надоданд”, -- афзуд ӯ.

Ин гуна нигарониҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, тақсими ёриҳо ба кормандони соҳаи тиб зери назорат аст. Баръакси ин, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо шаффофияти тақсими кумакҳои буҷавӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба табибону шифохонаҳо ва беморон зери суол гузошта, дар ин маврид назорати ҷиддиро талаб кардаанд.

Тайи солҳои ахир, бахше аз табибон барои кору маоши муносиб аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия кӯчидаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар беш аз 19 ҳазор табиб кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG