Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ доранд? Эҳтиёҷ ба 1 миллион дасткаш ҳаст. ВИДЕО


Дар тамоми ҷаҳон бисёре аз табибон аз норасоии васоили муҳофизатӣ шикоят мекарданд.

"Маҳлулҳои беҳдоштӣ намерасад, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ кам аст." Бархе аз пизишкону сокинон вазъи бемористонҳоро дар минтақаҳои Тоҷикистон дар шароити муқобила бо коронавирус чунин тасвир карданд. Мақомот мегӯянд, барои муқобила бо бемории ҳамагир дастикам се моҳ омодагӣ гирифтаанд ва дар шифохонаҳои кишвар ба қадри кофӣ дастгоҳу васоили тиббӣ доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел вуҷуди коронавирусро дар кишвар тасдиқ кард. То ин дам фавти ду нафар аз коронавирус ва сирояти 76 нафар ба он ошкор шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳамчунин тақрибан се ҳазор кас дар бемористонҳо зери назорати пизишкон ҳастанд, вале намегӯянд, онҳо аз чӣ ранҷ мекашанд.

Бо эълони вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон суоле пеш омадааст, ки мақомоти беҳдоштӣ барои муқобила бо он чӣ омодагӣ доранд вазъ дар шифохонаҳои навоҳии дурдаст ва наздимарзӣ чӣ гуна аст?

Бисёриҳо ба хотири халал ворид нашудан ба кору зиндагиашон дар ин бора ошкор суҳбат кардан нахостанд. Вале бархе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки бемористонҳои ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои наздимарзӣ омодагии чандон ҷиддӣ надоранд ва захираи маводи тиббӣ низ дар онҷо кофӣ нест.

Вале вазорати тандурустӣ рӯзи 3-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Тоҷикистон дар муқобила бо вируси нав "дар вазъияти беҳтар қарор дорад, зеро дар ин муддат кишварҳое ба монанди Россия, Чин, Ӯзбекистон, Беларус ва дигарон аллакай стратегия, алгоритми рафтор дар ҳолати эпидемия ва пандемияро таҳия кардаанд. Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин беморӣ таҷрибаи амалии ин кишварҳоро истифода мебарад, ки дар баъзе аз онҳо шумораи сироятшудагон, беморону фавтидагон коҳиш ёфтааст. Ҳамчун кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташхисҳои тиббӣ ва маҷмӯи либосҳои зарурии муҳофизатӣ дода шуданд."

Ҷанг бо коронавирус, вале бе сипару ҷавшан ва аслиҳаи дуруст
Ҷанг бо коронавирус, вале бе сипару ҷавшан ва аслиҳаи дуруст

Аммо дар шаҳри Панҷакент фавти як сокини деҳаи Моғиён бар асари илтиҳоби шуш нишон додааст, ки бемористон барои ташхис ва табобати маризон омодагии пурра надорад. Саломиддин Дӯстови 49-сола ду моҳ пеш аз Русия баргашт ва пас аз хуруҷи беморӣ дар шифохона даргузашт. Муҳаммадмурод Сафаров, сардухтури бемористони Панҷакент, бо тасдиқи ҳодиса гуфт, то замони муроҷиати Дӯстов "кор аз кор гузашта буд".

Сартабиб афзуд, омодагиҳо дар Панҷакент барои табобати беморон ҷиддӣ аст ва бо кумаки мақомот либосҳои махсус ва хлору даҳонбандро ба андозаи кофӣ захира кардаанд. Аммо Нусратулло Юсуфбеков, пизишки ботаҷриба ва сардори шуъбаи ҷарроҳии асаби бемористон, гуфт, омодагӣ дар сатҳи миёна ба назар мерасад. Вай афзуд, "хлор намерасад ва либосҳои муҳофизатӣ кам аст. Агар омодагии бемористонҳо ҷиддӣ мебуд, шояд ҷони бархе аз сокинони наҷот меёфт".

Шикоят аз набуди шароити оддӣ дар минтақаҳо

Сокиноне, ки пайвандонашон бо ин беморӣ фавтидаанд, мегӯянд, шароити оддитарин барои табобат ва нигоҳубини бемор дар шифохонаҳои минтақаҳо вуҷуд надорад. Ҳамсуҳбатони мо дар Истаравшан, Ваҳдат, Шаҳристону Турсунзода, Қабодиёну Шаҳритус ва Восеъву Ҳамадонӣ айни ҳамин шикоятро карданд.

Раҳмон Бобоҷониён, сардухтури бемористони рақами дуи Истаравшан, дар суҳбати телефонӣ гуфт, "омодагӣ ҳаст" ва илова намуд, ки "худам халати махсус дорам, даҳонбанду кулоҳ дорам, дигаронро намедонам" ва гӯширо гузошт. Дар бархе аз марказҳои тиббӣ дар вилояти Суғд аз норасоии дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ шикоят карданд.

Дар минтақаи дигари сернуфуси кишвар, вилояти Хатлон, масъулон аз омодагии ҷиддӣ гап мезананд, вале кормандони масъуле, ки дар навоҳӣ бо мардум сари кор доранд, аз вазъи ногувори бемористонҳо лаб мекушоянд. Онҳо ба унвони мисол гуфтанд, дар бемористони марказии ноҳияи Муъминобод ҳамагӣ як дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дораду бас.

Раҷабалӣ Ҳайдаров, сардори Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии Муъминобод, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дастпӯшу даҳонбанд дорем, лекин ҳамагӣ 8 халати махсуси куҳна дорем, ки қобили истифода нестанд. Дар беморхона ду дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад, ки якеаш пурра хароб аст, дигар истифода намекунем. То ҳол ҳеч кумак нарасидааст".

Як масъули бемористони ноҳияи Вахш гуфт, "дар беморхонаи мо ҳамагӣ ду дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) вуҷуд дорад ва ин хеле кам аст. Либоси махсуси тиббӣ надорем ва ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намудем. Барои карантин 145 кат омода карда шудааст."

Вай гуфт, феълан чаҳор сокини солхӯрда бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар карантин ҳастанд. Сокинони Бадахшон мегӯянд, вазъ дар ноҳияҳои вилоят аз минтақаҳои дигари кишвар чандон фарқ надорад. Як сокини ноҳияи Ишкошим гуфт, "дар дорухонаҳо ҳатто спирт нест, ҷойи карантин ҳам нест".

Вале Фарид Музаффаров, сардори Раёсати тандурустии Бадахшон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "омодагии беморхонаҳо қобили таваҷҷуҳ аст, пизишкҳо бо халату дастпӯшаку ниқоб таъмин ҳастанд." Вақте пурсидем, ки дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ доранд ва маҳлулҳои беҳдоштӣ кофӣ ҳаст, Музаффаров гуфт, "ҳамаи маълумотро ба Вазорати тандурустӣ додаем, ба онҷо муроҷиат кунед".

"Аз бурдани беморон метарсанд"

Як сокини Рашт дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, "духтурон аз бурдани беморон ба бемористон метарсанд. Либоси махсус надоранд. Беморонро ба шифохона роҳ намедиҳанд. Дар беморхонаи марказӣ як дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ будааст. Духтурҳо мегӯянд, дар хона табобат кунед".

Таҳлилгарони масоили беҳдоштӣ мегӯянд, бетаваҷҷуҳии мақомот ва камбуди дастгоҳҳову либосҳои муҳофизатӣ ва маводи дигари беҳдоштӣ метавонад, шумори гирифторони коронавирусро бештар кунад. Аммо мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, тасвир вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинон мегӯянд.

Пештар вазири тандурустӣ Насим Олимзода дар порлумон гуфта буд, дар кишвар беш аз 500 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад ва ният доранд боз 100 дастгоҳи дигар бигиранд. Ахиран кишвар аз Олмон 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ харид. Ҳамчунин рӯзи 2-юми май аз Олмон ба кишвар беш аз севуним тонна маҳлулҳои беҳдоштӣ оварда шуд. Кишвару созмонҳои байнулмилалӣ моҳҳо боз барои муқобила бо коронавирус ва пешгирӣ аз густариши он ба Тоҷикистон кумаки молӣ мекунанд ва васоили ҳифозатии тиббӣ медиҳанд.

Як феҳрасти эҳтиёҷоти шифохонаву табибони Тоҷикистон, ки барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона ва бо кӯмаки муассисаҳои Созмони Милал таҳия шудааст, нишон медиҳад, ки кишвар то рӯзи 7-уми апрел ба 1 миллион донна дастпуши оддии тиббӣ, 1 миллион ҷуфт дастпӯшҳои ҷарроҳӣ, 50 ҳазор хӯди муҳофизатӣ, 50 ҳазор респиратор, 5 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 50 ҳазор либоси муҳофизатӣ, ки аз сар то пойи табибу парастонро мепӯшонад ниёз доранд. Барои бемороне, ки ба нафасгирии сунъӣ эҳтиёҷманд мешаванд, 500 дастгоҳи махсуси нафасдиҳӣ зарур будааст.

Вазорати тандурустӣ дар баёнияааш аз рӯзи 3-уми май ба навъе эҳтиёҷоти фаврӣ ба лавозимоти тиббиро эътироф карда ва гуфтааст: "...албатта, метавонад норасоии ягон лавозимот ё таҷҳизоти тиббӣ вуҷуд дошта бошад, зеро он ҳатто дар кишварҳои абарқудрат низ мушоҳида мешавад. Аммо барои ин ба таҳлука ва васваса андохтан нашояд."

Айни замон гуруҳҳои алоҳида барои таъмини пизишкон бо либоси ҳифозатӣ маблағ ҷамъ меоранд. Ин аст, ки бархе аз коршиносон ба назорати ҷиддӣ ва мустақилонаи истифода аз кумакҳои байнулмилалӣ низ даъват доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG