Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони қирғиз аз камбуди ниқоб ва хилъатҳои муҳофизатӣ шикоят доранд


Бодканд, Қирғизистон.
Бодканд, Қирғизистон.

Сокинони Қирғизистон маблағ ҷамъ меоранд ва барои табибон ниқоб, моеи назофатӣ ва хилъатҳои муҳофизатӣ харидорӣ мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ айни ҳол муроҷиати табибони қирғизро дидан мумкин аст, ки аз камбуди василаҳои тиббӣ шикоят мекунанд.

"Дар нахустин ҳафта садои кумакхоҳии табибон баланд шуд. Онҳо аз норасоии васоили муҳофизатӣ шикоят доранд. Табибоне, ки дар минтақаҳои карантин кор мекунанд, мегӯянд, васоили муҳофизатӣ надоранд", - гуфт Елена Баялинова, коршиноси соҳаи тиб.

Ба Бермет Бариктабасова, коршиноси соҳаи тиб аз саросари Қирғизистон нома менависанд. Ниқоб, дастпӯш ва хилъатҳои тиббӣ дархост мекунанд. "Бояд таъмини доимӣ роҳандозӣ шавад. Аммо мо имрӯз мебинем, ки табибон муҳофизат нашудаанд", - гуфт вай.

Бермет Бариктабасова мегӯяд, табибон дар Қирғизистон пештар ҳам аз ҳисоби худ хилъат ва дигар васоилро харидорӣ мекарданд. Хилъатҳоро мешустанд ва дубора истифода мекарданд.

Жилдиз Айгерчинова, сухангӯи вазорати тандурустии Қирғизистон камбуди васоили тиббиро тасдиқ кард. Вай гуфт, айни ҳол бештар таваҷҷуҳ ба ҷануби Қирғизистон равона шудааст. "Зарбаи асосӣ дар ҷануб дида мешавад. Ба ҳамин хотир мо талош дорем, ки сараввал он ҷоро бо васоили тиббӣ таъмин кунем. Дар ҳар сурат, норасоӣ дида мешавад", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG