Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Амрико ба Сурия: "Вориди амал мешавем"


Натиҷаи зарбаи мушакӣ дар яке аз гӯшаҳои наздик ба шаҳри Димишқ
Натиҷаи зарбаи мушакӣ дар яке аз гӯшаҳои наздик ба шаҳри Димишқ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, дар сурати такрори ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурия дигарбора ин кишварро зери ҳамлаҳои мушакӣ қарор медиҳад.

Пештар аз ин Амрико ва шариконаш Фаронсаву Бритониё, дар посух ба ҳамлаҳои кимиёвии эҳтимолӣ дар Сурия, ки ҳафтаи гузашта даҳҳо нафарро кушт, рӯзи 14-уми апрел чандин таъсисоти Сурияро мушакборон карданд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳам талошҳои Русия барои маҳкум кардани ҳамлаҳо ба Сурияро рад кард. Русия ҳомии аслии Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфт, ки ҳамлаҳо ба зидди як кишвари мустақил “ҳеҷ тавҷеҳ” надоранд.

Зарбаҳои мушакӣ ба Сурия аз тарафи қудратҳои ғарбӣ яке аз ҳамлаҳои чашмгирест, ки ҳукумати Башшор Асад дар 7 соли ҷанги дохилӣ шоҳид мешавад.

Баъди ин зарбаҳо бо даъвати Русия ҷаласаи Шӯрои Амният баргузор шуд ва баҳси шадиде миёни кишварҳои узв сурат гирифт. Маскав мехост, дар ин ҷаласа амалкарди қудратҳои ғарбиро маҳкум кунанд.

Ин аксро баъди мушакандозӣ хабаргузории "Тасним"-и Эрон нашр кард.
Ин аксро баъди мушакандозӣ хабаргузории "Тасним"-и Эрон нашр кард.

Василий Небензия, намояндаи Русия дар Созмони Милал, изҳороти раиси ҷумҳур Владимир Путинро овард, ки гуфтааст, амалкарди Амрикову Бритониёву Фаронса “таҳқири худхоҳона” аст. Ӯ гуфтааст, ки се кишвар ба анҷоми таҳқиқи қазияи ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Думо дар рӯзи 7-уми апрелро интизор нашуда ва ба чунин амал даст задаанд.

Қарор аст, нозирони Созмони Манъи Истифодаи Силоҳҳои Кимиёвӣ ҳамин рӯзҳо ба Димишқ ва сипас ба Думо бираванд, ки зери назорати шӯришиён аст.

Василий Небензия, Амрикову Бритониё ва Фаронсаро “авбошон” номид ва ба “нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ” муттаҳам кард.

Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, ки зарбаҳои мушакӣ, “бодалел, қонунӣ ва муносиб” буд.

Вай гуфт: “Ман субҳи имрӯз бо раиси ҷумҳур сӯҳбат кардам ва ӯ гуфт, “агар режими Сурия дигарбора гази заҳрогинро ба кор барад, Амрико комилан омода аст вориди амал шавад.”

Ба қавли Никки Ҳейли, вақте раиси ҷумҳур хати сурх гузошта аст ва он хат убур шавад, ӯ амал хоҳад кард.

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар Созмони Милал гуфт, ҳамла дар Думо, “риёкорие” буд, ки ошӯбгарон нишон доданд.

Башшор Ассад гуфтааст, ки зарбаҳои мушакӣ, иродаи Сурия барои “мубориза ва маҳви терроризм дар ҳар зарраи хоки кишварро” қавитар мекунад.

Айни замон артиши Сурия рӯзи 14-уми апрел эълон кард, ки вилояти Ғутаи шарқӣ дар наздикии Димишқро, ки Думо ҳам дар он ҷойгир аст, аз ҳузури ошӯбгарон пок карда ва зери назорати комили худ даровардааст.

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар Созмони Милал
Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар Созмони Милал

Ба гуфтаи Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, таркише пойгоҳи размандагони эронии тарафдори ҳукумати Сурия ва шиамазҳабони мусаллаҳро такон додааст. Ба гуфтаи созмон, сабаби таркиш дар рӯзи 14-уми апрел маълум нест, ки натиҷаи зарбаи ҳавоӣ буд, ё тасодуфе.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зарбаҳои ҳавоӣ ба Сурияро ситоиш карда гуфт, ин амалиёт, ки ҳадафаш хотима додан ба истифодаи аслиҳаи куштори дастаҷамъӣ буд, “олӣ анҷом дода шудааст.”

Ба гуфтаи Кохи Сафед, Доналд Трамп рӯзи 14-уми апрел бо Тереза Мей, нахуствазири Бритониё ва Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса телефонӣ сӯҳбат кардааст.

Ба қавли Кохи Сафед, дар сӯҳбат онҳо гуфтаанд, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба Сурия “муввафақ” ва барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои кимиёвӣ “зарур” буданд.

Кеннет Маккензи, генерали амрикоӣ рӯзи 14-уми апрел дар як нишасти хабарӣ дар вазорати дифои Амрико гуфт, ба се таъсисоти муҳимтарини тавлиди аслиҳаи кимиёвии режими Башшор Асад” зарба заданд.

Ба гуфтаи ӯ, маркази “Барзаҳ” барои таҳқиқу истеҳсоли аслиҳаи кимиёвӣ дар наздикии Димишқ 76 зарбаи мушакӣ хӯрда ва “нобуд” шудааст.

Ба анбори аслиҳаи кимиёвӣ бо номи Ҳим Шиншор дар наздикии шаҳри Ҳумс 22 мушак задаанд. Ба қавли афсари амрикоӣ, “амалиёт дақиқ, фарогир ва босамар буд” ва барномаҳои аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро “солҳо ба ақиб” андохт.

XS
SM
MD
LG