Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди як моҳ. Судобаро сағирахона ба оғӯш гирифт. ВИДЕО


Судоба Сафарова
Судоба Сафарова

Тамошои рақси Судоба Сафарова, сокини 12-солаи Ёвон, бо куртаи чакан ва чеҳраи боз онҳоеро, ки як моҳ қабл акси ӯро бо осори латту кӯб дида буданд, ҳайрон мекунад. Зоҳиран зиндагиву таҳсил дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон вазъи рӯҳии ин духтари 12-соларо хеле тағйир додааст. Судоба ва додараш Мударриси 8-сола рӯзи 23-юми октябр аз хонаи амма ба тарбияи мактаб-интернат бурда шудаанд.

Бештар ба фанҳои дақиқ шавқ дорад. Мо ҳам хушҳолем, ки ӯ ба муҳити инҷо одат кард ва зиндагии худро тағйир дод.

Ду навраси сокини ноҳияи Ёвон замоне ба ин муассиса интиқол ёфтанд, ки аксҳо бо осори латту кӯби шадиди Судоба дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва аммаи ӯ дар ин кор муттаҳам шуд. Баъди расонаӣ шудани қазияи Судоба, гурӯҳи корӣ, ки аз масъулони додситониву шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон ва Комиссиюни ҳуқуқи кӯдак иборат буд, тасмим гирифт, кӯдаконро ба тарбияи муассисаи давлатӣ фиристанд. Ҳоло кӯдакон аз зиндагӣ дар ин муассиса розиянд, тавре худашон мегӯянд, мушкиле надоранд. Аммо дидори волидон барои онҳо як орзуи дастнорас боқӣ мондааст. Волидони ин кӯдакон дар зиндон ҳастанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Судобаро сағирахона ба оғӯш гирифт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Худи Судоба Сафарова рӯзи 29-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи онҳо, мисли даҳҳо ҳамтақдиронашон нахуст аз машқи пагоҳирузӣ ва наҳорӣ оғоз шуда, баъдан бо дарс идома меёбад. Дар вақтҳои холӣ аз дарс ба маҳфилҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ҷалб мешаванд.

Мударрис Сафаров
Мударрис Сафаров

Замони ҳузури хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон, Судоба дар як маҳфили дохилимактабӣ ҳунарнамоӣ мекард. Судоба зоҳиран хеле тағйир кардааст ва мегӯяд, аз зиндагиву таҳсил дар ин муассиса хушҳол аст. Ӯ аллакай даҳҳо дӯстони нав пайдо карда, вақтҳои фориғ аз дарс бо онҳо бозӣ мекунад

Ин наврасон бо вуҷуди шароити хуби таҳсилу зиндагӣ дар мактаб-интернат ҳамоно ёди модар мекунанд ва умед доранд, рӯзе волидон омада, онҳоро ба хона мебаранд. Дар баробари модар, Судоба ва Мударрис аз аммаашон ҳам ёд мекунанд ва таъкид мекунанд, ки боре ҳам ба онҳо даст набардоштааст. Судоба мегӯяд, “модарамро бисёр ёд мекунам, баъд аммам – Зулфияро”.

Ҳоло равоншиносон ҳафтае то се дафъа бо ин ду наврас кор мекунанд. Ба гуфтаи раҳбарияти мактаб-интернат, хулосаи равоншиносон ин будааст, ки рӯзҳои аввал Судоба ҳамеша акси як духтари ғамгину чашмони пур аз ашкро мекашид, вале акнун ӯ худро як духтари чеҳракушодаву хандон ва ҳам ба ҳангоми рақс тасвир мекунад.

Судоба ҳамроҳи аммааш Зулфия Сафарова
Судоба ҳамроҳи аммааш Зулфия Сафарова

Омӯзгоронаш ҳам мегӯянд, Судоба ба оҳистагӣ ба муҳити мактаб-интернат одат мекунад. Зинаида Алиназарова, раҳбари синфи Судоба дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дигар парешонхотир нест, ҳамеша талош мекунад дар чорабиниҳои фарҳангиву адабии мактаб фаъол бошад. Ин буд, ки ба гуфтаи Алиназарова, Судоба чанд рӯзи пеш дар як чорабинии фарҳангии қасри фарҳанги ноҳия бо рақсаш даҳҳо бинандаро хушҳол кард.

"Бештар ба фанҳои дақиқ шавқ дорад. Мо ҳам хушҳолем, ки ӯ ба муҳити инҷо одат кард ва зиндагии худро тағйир дод. Ҳарчанд рӯзҳои аввали омаданашон аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 45-и ноҳия вазъи нохуб доштанд. Парешонхотир буд", – гуфт Зинаида Алиназарова.

Аммо ба фарқ аз Судоба додараш Мударрис хеле ором ба назар мерасад. Омӯзгорон мегӯянд, ӯ низ дар дарсҳо фаъол аст ва вақти холӣ ба бозии шоҳмот машғул мешавад. Мударрис аз рақсҳои хоҳараш Судоба ба шавқ меояд. Ӯ ҳам орзуҳои зиёд дорад: “Ман калон шавам, дар оянда мехоҳам, ки раиси Душанбе шавам, мисли Рустами Эмомалӣ”.

Судоба Сафарова
Судоба Сафарова

Ҳузури кӯдакон дар ин муассиса зери назорати махсуси додситониву равоншиносон ва идораи ҳуқуқи кӯдак қарор доранд. Сайлигул Шарифова, масъули ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Ёвон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ, ки аз масъулони додситониву шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон ва Комиссиюни ҳуқуқи кӯдак иборат буда, қазияи наврасонро таҳқиқ мекард, ба ин хулоса омад, ки аз ин пас кӯдакон дар тарбияи муассисаи давлатӣ хоҳанд монд. Шарифова гуфт, санҷиши гурӯҳи корӣ мушаххас кардааст, ки онҳо қурбонии ҷанҷоли баҳси манзил миёни амма ва писари ӯ шудаанд. Аммо ин масъули ҳуқуқи кӯдак гуфт, осори латту кӯб дар тани Судоба расман тасдиқи худро наёфт.

Судоба Сафарова мегӯяд, дар як моҳи зиндагӣ дар ин муассиса аммашон Зулфия Сафарова боре ҳам ба дидорбинии онҳо наомад. Бо ин ҳам, кӯдакон аз аммаашон шикояте надоранд ва мегӯянд, агар аз ҳоли онҳо дар ин муассиса хабар бигирад, хурсанд мешаванд, чун модару падари зиндонӣ доранд ва ягона умедашон ҳам аммаашон Зулфия Сафарова аст.

Падару модари кӯдакон се сол пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия маҳкум ба зиндон шуданд.

Дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон 231 нафар бачаҳои аз 7 то 17-солаи ятиму нимаятим таълиму тарбия мегиранд. 130 нафари онҳо аз субҳ то шом онҷо таълиму тарбия мегиранд, аммо 100 нафаре, ки ятими кул ҳастанд, зиндагии доимӣ доранд.

XS
SM
MD
LG