Пайвандҳои дастрасӣ

Судоба ва Мударрис Сафаровҳо – наврасҳои 12 ва 8-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки қазияи латукӯби шадиди хоҳари калонӣ ахиран хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт, ба тарбияи хона-интернати ноҳия фиристода шуданд.

Аъзои гурӯҳи корӣ, ки аз масъулони додситониву шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон ва Комиссиюни ҳуқуқи кӯдак иборатанд, рӯзи 23 октябр аз ҳоли наврасон дар хонаи парастор - аммаашон хабар гирифта, зоҳиран аз вазъи ин наврасон нигарон шудаанд ва тасмим гирифтан кӯдаконро ба тарбияи муассисаи давлатӣ фиристанд. Дар ду рӯзи гузашта акси Судоба Сафарова бо осори шадиди латукӯб дар тан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва аммаи ин навраси 12-сола дар латукӯби шадиди духтарак муттаҳам шуд.

Аммо Темур Қаландаров - писари Зулфия Сафарова дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, худи ӯ аз пахши аксҳо субҳи 23-юми октябр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ ёфт. Аммо таъйид кард, ки дар ҳақиқат модараш “бо духтари аммааш Судоба ҳамеша бадрафторӣ мекард”.

Аксҳо бо сару руйи сиёҳу кабудшудаи Судоба дили садҳо нафарро реш карда аксарият дар ин кор аммаи ӯро, ки як соли ахир парастории Судоба ва Мударрисро ба уҳда дорад, гунаҳкор мекарданд.

Санҷиши гурӯҳи корӣ мушаххас кард, ки ҳодиса на дар рӯзҳои наздик, балки дар як соли пеш – 21 ноябри соли 2016 рух дода, аксҳоро ҳам зоҳиран ҳамон замон бардоштааанд.

Аммо Зулфия Сафарова, аммаи Судоба, рӯзи 23-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳама интиқодҳоро рад кард ва гуфт, ки ин ҳама сару садоҳо ба баҳси ӯ ва писараш сари манзил рабт мегирад ва писари ӯ ҳам барои сиёҳ кардани модар ва азхуд кардани хона даст ба ин кор задааст.

Амма: Судобаро ҳеҷ гоҳ назадаам

Зулфия Сафарова мегӯяд, ӯ Судобаро ҳеҷ гоҳ назадааст ва доғҳои сиёҳу кабудшуда дар рӯю танаш “натиҷа аз зинапояи таҳхона афтида осеб дидани ӯ мебошад”. Сафарова мегӯяд, бародарзодаҳояш дар оилаи носолим тарбия гирифтаанд: падару модари кӯдакон ду сол пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия маҳкум ба зиндон шуданд. Як сол баъди маҳкумияти волидон кӯдакон дар хонаи хола ва як соли охир дар хонаи амма нигаҳдорӣ мешуданд.

Судоба бо аммаш Зулфия
Судоба бо аммаш Зулфия

Зулфия Сафарова иддао кард, ки он рӯз Судоба бо додараш гӯё “барои дуздидани мураббо ба таҳхона фаромада аз саросемагӣ ба замин афтидааст”. Аммаи кӯдакон зимни наворбардорӣ дар манзилаш хабарнигорони Радиои Озодиро ба таҳхона даъват кард ва чун далел шишапораҳои зарфи шикастаи "як сол пеш"-ро нишон дод. Ба назар мерасид, ки ин зан ба омадани хабарнигорон ё нозироне ба манзилаш омода буд ва худаш ҳам эътироф кард, ки рӯзе чунин баҳс сар мезанад ва таҳхона ҳатман таҳқиқ мешавад.

Судоба Сафарова рӯзи 23 октябр дар мулоқоти рӯбарӯ бо гурӯҳи корие, ки ба таври фаврӣ баъди пахши аксҳо дар Фейсбук дар Ёвон ҳозир шуданд, латукуб шуданашро аз ҷониби аммааш рад кардааст. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23 октябр, Судоба ҳамон ҳарфҳоеро такрор кард, ки аммааш чанд лаҳза пеш аб мо гуфта буд.

Санҷидани дурустии ҳарфи аммаву кӯдак баъди як сол осон нест

Дар зимн гурӯҳи корӣ рӯзи душанбе танҳо бо сӯҳбати Судоба иктифо накард ва ӯро ҳамчунин аз ташхиси тиббӣ ҳам гузаронид. Ин духтарак ба намояндагони ҳукумат гуфтааст, ки аз зиндагӣ дар хонаи амма розӣ аст ва намехоҳад, ки ӯву Мударрисро аз аммааш ҷудо кунанд.

Зоҳиран, дурустии ҳарфи аммаву кӯдак ва дигар атрофиёнро аз рӯи ҳодисаи як соли пеш санҷидан душвор аст. Феълан натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян нест ва дар ин замина бояд намояндагони гурӯҳи корӣ натиҷагирӣ кунанд.

Баҳси манзил бо писар боиси интиқомгирӣ аз модар шуд?

Ин суолҳо, ки чаро аксҳои як соли қабл акнун ба интернет роҳ ёфтанд ва чаро мақомоте, ки ин аксҳоро як сол пеш бардоштанд, акнун мегӯянд, он замон дар бадани кӯдак осори латукубро ошкор нашуд, то ҳол ҷавоб надорад. Аммо аз рӯи аксҳое, ки дар интернет пайдо шуд, маълум буд, ки онро пизишкони додгоҳӣ бардоштаанд.

Ба ин саволҳо Зулфия Сафарова шарҳи худро дорад. Ӯ мегӯяд, ин аксҳо натиҷаи "як интиқомгирӣ аст". Сафарова мегӯяд, ӯ бо писараш Темур Қаландаров вориди баҳси манзил шудааст. Ба гуфтаи Сафарова, хонае, ки ӯ зиндагӣ дорад, аз модараш ва бар пояи қонун ба ӯ мерос мондааст. Писараш Темур низ бар сари ин хона даъвои соҳибмулкӣ дорад. Сафарова иддао дорад ки писараш аксҳои як соли пешро ба хотири бадном кардани модараш дар интернет пахш кардааст.

Аммо Темур Қаландаров - писари Зулфия Сафарова дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, худи ӯ аз пахши аксҳо субҳи 23-юми октябр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ ёфт. Аммо таъйид кард, ки дар ҳақиқат модараш “бо духтари аммааш Судоба ҳамеша бадрафторӣ мекард”.

Санҷиши эҳтимоли таҷовуз ва мавқеи омбудсмен

Дар ҳоле, ки писар модарро дар азияти Судоба муттаҳам мекунад, Зулфия Сафарова иддао дорад, ки як соли пеш вақте аз кораш дар бунгоҳи тиббӣ баргашт, сару рӯйи Судобаро сиёҳу кабуд дарёфт. Вай гуфт, ба ҳарфи духтар бовар накарда, ба қавлаш “аз тарси он ки мабодо таҷовуз нашуда бошад” ӯро барои ташхис ба пулиси ноҳия бурд.

“Моҳи ноябри соли гузашта буд. Вақте ман аз кор омадам, Судобаро бо ин ҳол дида пурсидам, ки чӣ шуд? Ҳеҷ чиз нагуфт, ман аз тарси он ки мабодо бо кудак кори баде нашуда бошад, бурда аз ташхис гузаронидам. Дар аввал фикр кардам, ки шояд касе ӯро таҷовуз кардааст. Замоне, ки аз пулис омада, инро акс бардоштанд ва ӯро ташхис карданд, ягон осори шиканҷа исбот нашуд”. Ба гуфтаи Сафарова, кӯдак аз озмоиши тиббӣ комилан солим баромад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сайлигул Шарипова, масъули ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Ёвон гуфт, ӯ ин қазияро хуб ёд дорад ва аз рӯи аксҳои ҳоло нашршуда метавонад бигӯяд, ки “Соли гузашта вақте мо ин кудакро ташхис кардем, зарбу латукуб сабук буд, то ин дараҷа набуд. Ман фикр мекунам, ки ин аксҳо фотошоп шудаанд. Чун ман соли гузашта худам шоҳиди ин ҳодиса будам”.

Феълан маълум нест, ки идомаи кори гурӯҳи корӣ чӣ мешавад, то куҷо ин қазия мавриди таҳқиқи баъдӣ қарор мегирад. Рӯзи 23 октябр дар хонаи Сафаровҳо инчунин як намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ низ ҳузур дошт, ки барои санҷидани вазъи кӯдак омада буд.

Марҳилаи нави зиндагӣ... дар хона-интернат

Бархе коршиносон мегӯянд, санҷидани дурустии иттиҳоми латукӯб шудани кӯдак баъди як сол кори осон нест, чунки дар бадани ноболиғ осори захму латукӯб намондааст. Тавре ба назар мерасад, нахустин иқдоме, ки мақомот дар ин самт пиёда карданд, бурдани кудакон аз хонаи амма буд. Инро метавон аломате қабул кард, ки мақомот низ ба безарар будани зиндагии кӯдакон дар хонаи амма шубҳа доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG