Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сумкаро боз кунед". Дохили сумкаҳои мактаббачаҳо санҷида мешавад. АКС, ВИДЕО


Шогирдони мактаби рақами 20-и Душанбе ҳар субҳ аз санҷиши бехатарӣ мегузаранд
Шогирдони мактаби рақами 20-и Душанбе ҳар субҳ аз санҷиши бехатарӣ мегузаранд

Минбаъд муҳассилин дар шаҳри Душанбе танҳо баъди тафтиши дохили сумкаҳояшон ба мактаб ё донишгоҳ роҳ меёбанд. Таҷрибаи мазкур аллакай дар чанд мактаб ва донишгоҳи пойтахт роҳандозӣ шуда, шогирдон пеш аз вуруд ба муассиса аз тафтиши сканер ё дастгоҳи махсуси пайдокунандаи оҳан мегузаранд.

Масъулин ин тасмимро ба хотири таъмини амнияти муҳассилин муҳим мешуморанд, аммо бархе волидон тафтиши сахт дар лаҳзаҳои пеш аз шурӯи дарсро як андоза мушкилзо меноманд. Масъулин мегӯянд, тадбирҳои эҳтиётӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди телефонҳои мобил ва ҳам эҳтимоли ворид шудани корду васоили дигари хатарзо ба ҷони инсонҳо гирифта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли нави хониш дар бисёр синфхонаҳои донишгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон камераҳои наворбардорӣ ба кор андохта шуда, ҷараёни дарс ҳам таҳти назари дастгоҳҳои назоратӣ мегузаранд.

“Тафтиши зиёд чӣ маънӣ дорад?”

Евгения Якубова, як сокини шаҳри Душанбе субҳи 13-уми сентябр вақте духтарашро ба мактаби №20-и пойтахт овард, посбонон ба фарзанди ӯ амр карданд, ки сумкаашро кушояд. Евгения мегӯяд, аз ин рафтори посбонон ҳайрон шуд, чун ҳам сумкаи духтарашро тафтиш карда ва ҳам бо дастгоҳи пайдокунандаи оҳан ӯро аз назорат гузарониданд.

“Ман духтарамро то назди дари мактаб гусел кардам. Аз ӯ дархост кардам, ки баъди тафтиши посбон якум дар назди посбони дуюм наистад. Ҳамаи хонандагонро ҳамингуна тафтиш мекарданд,”-афзуд ӯ. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар умум ба тафтиши хонандагон зид нест, аммо ду-се маротиба тафтиши як муҳассили хурдсол зарурат надорад.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ дар сумкаи духтараш ба ҷуз аз дафтару қалам чизе нест.

Тафтиши ҷиддӣ қабл аз вуруд ба мактабҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

“Хирси нигаҳбон” хонандагонро тафтиш мекунад

Евгения аз ҷумлаи даҳҳо волидайнест, ки аз тафтишҳои зиёди посбонони мактабҳо дар ҳайрат мондаанд. Аз оғози ҳафтаи равон ҳадди аққал дар чанд мактаб ва донишгоҳи ҳудуди Душанбе вуруди муҳассилин зери заррабин қарор гирифт. Ҳамакнун волидайни муҳассилин низ ҳақ надоранд бидуни даъват вориди мактаб шаванд.

Малоҳат Аҳмедова
Малоҳат Аҳмедова

Масъулин шадид шудани чораҳои вуруд ба макотиб ва донишгоҳҳоро ба хотири таъмини амнияти муҳассилин кори зарурӣ мешуморанд. Малоҳат Ахмедова, муовини директори мактаби №20-и шаҳри Душанбе мегӯяд, муноқишаҳои ахир дар миёни хонандагон ва ҳам истифодаи зиёди телефон онҳоро водор кард, ки чунин тасмимро рӯи даст бигиранд. Ин дар ҳолест, ки бо як қарори мақомоти маориф, ба шогирдони мактабу донишгоҳҳо бо телефон ҳозир шудан дар мактаб манъ аст.

Ба қавли хонум Ахмедова, ҳадафи аслии онҳо аст, ки хонандагон дар мактаб дар амн бошанд ва телефону дигар ашё диққати онҳоро аз таҳсил дур накунад. Малоҳат Аҳмедова афзуд, “мутаассифона солҳои ахир истифодаи телефонҳои мобил аз сӯи хонандагон зиёд шуда, таваҷҷуҳи онҳо ба хонданро коҳиш дод. Инчунин қаблан дар баъзе аз муассисаҳои таълимии пойтахт ҳодисаҳои нохуши кордзанӣ миёни хонандагон сар зад ва ҳадафи мо ин аст, ки аз сар задани чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ шавад.”

Хонандагони ин мактаб мегӯянд, солҳои қаблӣ низ дар даромадгоҳ посбонон меистоданд, аммо ба тафтиши хонандагон сарукор намегирифтанд. Ҳамакнун масъулини мактаби №20-и пойтахт барои тафтиши хонандагон на кормандони милиса, балки ширкати муҳофизатии “Хирси нигаҳбон”-ро ҷалб кардаанд.

Яке аз посбонони ин ширкат, ки ҳаққи бурдани номашро надорад гуфт, ҳамарӯза аз хонандагони мактаб то ҳашт телефони мобилӣ пайдо мекунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ то ҳол талоши ворид кардани асбобҳои зараррасон ба қайд гирифта нашудааст. Ин посбон афзуд, “мо асосан тафтиш менамоем, ки дар ҷайб ё сумкаи хонандагон телефон, корд, қайчӣ набошад. Ҳам худамон мекобем ва боз бо дастгоҳи пайдокунандаи метал (металлоискател) тафтиш мекунем. Ҳам сумка, ҷайб ва боз танашонро низ хабар мегирем, то чизе надошта бошанд. Ҳамаи хонандагон тафтиш мешаванд.”

Аммо ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, хонандагоне низ ҳастанд, ки баъд аз тафтиши онҳо низ бо роҳҳое ба мактаб телефон ворид мекунанд. Азҷумла ба гуфтаи ин посбон, баъд аз тафтиш онҳо аз тариқи деворҳои панҷарагии мактаб аз дигар дӯстонашон телефонро гирифта, баъдан вориди дарс мешаванд. Ба ин хотир ин посбон мегӯяд, онҳо ахиран маҷбур шуданд, як нафарро вобаста кунад, то хонандагонро то ворид шудан ба бинои асосии мактаб назорат намоянд.

“Маҳдудият роҳи ҳал аст?”

Мақомоти тоҷик дар чанд соли ахир талош доранд, аз задухурд дар миёни хонандагон ва ҳам истифодаи телефонҳои мобилӣ аз сӯи онҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ба ин хотир дар соли равон барои ҷавонон чандин маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд. Бахусус баъд аз муноқишаи гурӯҳии ҷавонон дар оғози соли ҷорӣ дар Душанбе, ки бо куштори ду нафар анҷом ёфт, маконҳои фароғати ҷавонону наврасон, аз ҷумла интернет-кафеҳо зери назорат гирифта шудааст. Моҳи феврал мақомот дари баъзе аз марказҳои букмекериро низ бо ҳадафи санҷиши фаннии шароити кори онҳо бастанд.

Иқдоми ахири зери заррабин қарор гирифтани муҳассилин пеш аз вуруд ба маконҳои таълимӣ низ аз ин гуна иқдомҳои мақомот ном бурда мешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, агар ҳадафи мақомот аз тафтиши муҳассилин пеш аз вуруд ба муассисаҳои таълимӣ ҷилавгирӣ аз занозанӣ миёни онҳо аст, пас вазъ бетағйир боқӣ мемонад. Ба гуфтаи коршиносон, занозанӣ миёни хонандагон ба ҳеҷ ваҷҳ дар дохили мактаб сурат намегирад ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ кунанд. Аз сӯи дигар, бо нигоҳ ба ҳодисаҳое, ки дар нуқоти дигари ҷаҳон мегузарад, бархе волидон зид нестанд, ки чунин чораҳои амниятӣ пиёда шаванд.

Ҳодисаи дар ҷарёни дарс ба сари омӯзгор тир холӣ кардани шогирди мактабе дар Русия, ки ду ҳафта пеш иттифоқ уфтод, бисёриҳоро дар Тоҷикистон ҳам таконзада кард. Бархе волидон мегӯянд, бисёр вақт тадбирҳои амниятиро баъди вуқӯи ҳодиса меандешанд ва ҳоло онҳо метавонанд хотирҷамъ бошанд, ки фарзандашон дар мактаб дар шароити амн таҳсил мекунад .

XS
SM
MD
LG