Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири назорати дарсҳо ва иштироки донишҷӯёну муаллимон дар синфхонаҳои худ бори нахуст камераҳои назоратӣ насб кардаанд. Онҳо бовар доранд, ки бо насби камераҳо метавонанд сифати таълимро беҳтар намоянд. Чунин дурбинҳо дар аксар синфхонаҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ насб шудааст.

Бобоҷон Самиев, сардори раёсати таълими Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, гуфт, ҳадафи дигар аз насби камераҳо мушоҳида аз тамоми ҳолатҳо дар синф, аз ҷумла пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аст.

Мухбилҷон Турсунов давоми се соли таҳсил дар донишгоҳ бидуни назорати камера дарс мехонд. Дар соли чаҳоруми таҳсил нахустин чизе, ки баробари ба синфхона ворид шудан таваҷҷуҳашро ба худ кашид, камераҳои назоратӣ буд. Мухбилҷон дар факултаи психологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад ва мегӯяд, ки насби камераҳо ҳамсабақони дарсшикани ӯро то ҷое ислоҳ кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ин равоншиноси оянда аз мушоҳидаҳояш гуфт, қаблан баъзе ҳамсабақонаш дар ҷараёни дарс хоб мерафтанд. “Вақте дар синф камера мегузоранд, донишҷӯ масъулиятро ҳис мекунад. Пеш аз камера донишҷуёне буданд, ки хоб мекарданд, ҳоло ин кор дигар намешавад. Яъне, дигар хоб карда наметавонанд, ҳушу ёди ҳама ба дарс мешавад. Вақте як кас шуморо назорат мекунад, онро ҷиддӣ мегиред”, - гуфт Мухбилҷон.

Ин ҳамсӯҳбати ҷавони мо ҳамчунин аз мушоҳидаҳояш давоми як ҳафтаи насби камераҳо гуфт, ҳоло аксари ҳамсабақони ӯ то соати 8 вориди синфхона мешаванд, чун медонанд, ки роҳбарияти факулта онҳоро назорат доранд.

“Деканҳо дигар синф ба синф намегарданд”

Соли равон ҳадди ақал дар синфхонаҳои се донишгоҳи калонтарини Тоҷикистон - Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи тиббӣ камераҳо насб шудаанд. Қаблан танҳо дар даромадгоҳ ва роҳравҳои донишгоҳҳо камераҳои назоратӣ насб шуда буд.

Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, рӯзи 11-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосӣ аз насби камераҳои назоратӣ ин аст, ки устодон дарсҳоро чигуна мегузаронанд. Ба қавли Салимӣ, минбаъд ҷараёни дарсҳо сабт шуда, дар сомонаи донишгоҳ гузошта мешавад, то муҳассилини дигар аз ҳар макон тавонанд дарсҳоро аз худ кунанд.

Носирҷон Салимӣ
Носирҷон Салимӣ

Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, “ҳам барои амният ва ҳам барои онки деканҳо тавонанд назорат кунанд, дарсҳо дар вақташ сар шуд ва дар вақташ тамом мешавад. Яъне ба хотири назорати раванди таълим. Ин дар муқоиса ба гузашта осонтар аст, ки деканҳо ҳар соат синф ба синф гашта, раванди дарсҳоро назорат мекарданд”.

Носирҷон Салимӣ афзуд, камераҳо аз ҷониби деканони факултет ва ҳам як маркази муттаҳида назорат мешаванд ва роҳбарияти донишгоҳ ҳам имкон доранд, раванди дарсҳоро назорат кунанд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ҳадафи дигар онҳо аз насби камераҳо муйян ва муаррифии дарсҳои беҳтарин аст.

Масъулини донишгоҳҳо бовар доранд, ки бо насби камераҳо метавонанд сифати таълимро беҳтар намоянд.

“Даъвои устоду шогирд боис ба насби камераҳо шуд”

Ҳарчанд масъулини Донишгоҳи омӯзгорӣ назорати раванди таълимро аз омилҳои аслии насби камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳои таълимӣ унвон мекунанд, огоҳон мегӯянд, баҳсҳои зиёди устоду донишҷӯ маъмурияти ин муассисаи олии таълимиро маҷбур кард, ки ин иқдомро рӯи даст гирад.

Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Самиев, сардори Раёсати таълими Донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, ҳадафи дигар аз насби камераҳо мушоҳида аз тамоми ҳолатҳо дар синф ва пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аст.

“Камера оромии устоду донишҷӯйро аз байн мебарад”

Дар ҳоле масъулини донишгоҳҳо насби камера дар синфхонаҳоро роҳи баланд бардоштани сифати таълим медонанд, коршиносон мегӯянд, ин кор мушкили тадрис дар донишгоҳҳоро ҳал намекунад, баръакс оромии устод ва донишҷӯ ҳангоми дарсро аз байн мебарад.

Ба назари Одили Нозир, як рӯзноманигори тоҷик, ки мавзуъҳои мактабу маорифро пайгирӣ мекунад, насби камера ба он оварда мерасонад, ки донишҷӯ ва устод дар дарс бо ҳарос нишинанд, ки касе онҳоро назорат дорад.

Одили Нозир
Одили Нозир

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, “насби камера дар синфхонаҳо ягон мушкили таълимро ҳал намекунад ва барои баланд бардоштани сатҳи таълим ҳам гумон намекунам, ки хизмат кунад. Аввал инки гузоштани камера ҳароси донишҷӯ ва устодро бештар мекунад, ки наметавонад онҷо худаш озод бошад ва озод дарс диҳад ва донишҷӯ ҳам наметавонад дар вақти дарс озод бошад. Донишҷӯ онҷо ба мисли як хӯса мешинад ва бо тарси онки аз камера ӯро назорат доранд.”

Одили Нозир мегӯяд, ба ин ақида розӣ нест, ки насби камера дар синфхонаҳо метавонад фасод дар донишгоҳҳоро аз байн барад чун ба гуфтаи ӯ, устодони порагир ҳеҷ гоҳ дар синфхона аз донишҷӯ маблағ намегиранд. Ба қавли Одили Нозир, мушкили тадрису таълим дар Тоҷикистон танҳо бо ташкили як низоми ҷиддӣ ҳал мешавад, на бо насби камера дар болои сари устоду донишҷӯ.

Аз соли 2018 ҳамаи мактабҳои олии кишвар ба низоми нави фосилавӣ гузашта низоми ғоибона аз байн меравад. Дар низоми фосилавӣ насби камераҳо дар синфхона имкон медиҳад донишҷӯ ба дарс наомада тавасути интернет дарси устодро аз худ кунад. Харҷи насби камераҳои назоратӣ дар донишгоҳҳо аз ҳисоби донишгоҳҳо пардохт мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG