Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД дар се кишвари Осиёи Миёна тамринҳои низомӣ доир мекунад


Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳафтаҳои наздик дар се кишвари Осиёи Марказӣ машқҳои низомӣ баргузор мекунад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Ба қавли Микаэл Агасандян, як масъули ин вазоратхона, ҳадаф аз тамринҳо ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ бо назардошти таҳдидҳо аз Афғонистон аст.

Дар назар аст, ки даври нави машқҳои муштараки СПАД дар Осиёи Марказӣ нахуст аз 3 то 15 сентябр дар Қирғизистон баргузор шавад.

Баъд аз ин гаштҳои низомӣ дар Тоҷикистон мегузаранд, ки санаи дақиқаш эълон нашудааст.

СПАД як созмони зери нуфузи Маскав аст, ки Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд.

Арманистон беш аз як сол аст, ки барои ин созмон пул намедиҳад ва сарбозонашро ҳам ба тамрин намефиристад.

Баъди ҷанги Қаробоғи Куҳӣ, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян борҳо аз кори СПАД норозигӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG