Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сисӣ: "Ихвонулмуслиминро пурра аз байн мебарам"


Абдулфаттоҳ Сисӣ, номзади асосӣ ба мақоми раисиҷумҳури Миср гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ Ихвонулмуслиминро комилан аз байн хоҳад бурд.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи пешини артиши Миср, ки барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳури он кишвар аз артиш хориҷ шудааст, рӯзи 5 май гуфтааст, агар ба ин мақом бирасад, «Ихвон –ул-муслимин» дар кишвар «ба поён мерасад» ва дигар бозгаште барои онҳо вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳудуди 1400 нафар аз аъзои гурӯҳи «Ихвон- ул-муслимин», гурӯҳе, ки фаъолияти он баъд аз канор рафтани Муҳаммад Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ дар Миср ғайриқонунӣ шуд, маҳкум ба қатл шудаанд.

Абдулфаттоҳ Сисӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ рӯзи душанбе, 5-уми май гуфтааст, «аз дохилу хориҷ ҳадаф қарор гирифтааст… Ҳар мисрӣ, ки худро дар мавқеияте мебинад, ки кишварро наҷот диҳад бояд дар интихобот ширкат кунад.»

Ба гузориши рӯзномаи «Эҳром» Сисӣ гуфтааст, ба ҷонаш ду маротиба сӯиқасд сурат гирифтааст. Генерали пешини артиши Миср мегӯяд, «мардуми Миср мусолиҳа бо ихвониҳоро намехоҳад».

Гурӯҳи «Ихвону-ул-мусилимин»-и Миср аз соли 2011 бо сарнагун шудани ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар интихобот аз Муҳаммад Мурсӣ ҷонибдорӣ кард ва ӯ ба мансаби раиси ҷумҳурӣ расид. Бо вуҷуди ин дар давраи як соли ҳукуматдории Мурсӣ эътирозҳо дар ин кишвар ба поён нарасид ва бо дахолати артиши Миср бо сардории Сисӣ Муҳаммад Мурсӣ дар тобистони соли 2013, ҳамагӣ баъди я ксоли раҳбарӣ, аз қудрат барканор ва ба маҳкама кашида шуд. Аммо бо барканории Мурсӣ фаъолияти ихвониҳо ҳам дар Миср мамнӯъ эълон шуда, садҳо нафар аз аъзояш равонаи зиндон шуданд.
Додгоҳи Миср дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки ба тозагӣ содир кард, садҳо нафар аз эътирозгарони «Ихвон-ул-мусилимин»-ро ба эъдом маҳкум кардааст. Ин ҳукми додгоҳ ба эътирози кишварҳои аврупоиву арабӣ ва ниҳодҳои байналмиллаӣ рӯ ба рӯ шуд. Аз тарафи додгоҳи Миср фаъолияти гурӯҳҳои дигар ҳам, ки алайҳи ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ба эътироз хеста буданд, ғайриқонунӣ эълон шудааст.

Ин буд, ки гурӯҳе аз фаъолони сиёсии Миср рухдодҳои тоза пас аз барканории Муҳаммад Мурсиро бозгашти он кишвар ба сӯи диктатураи замони Муборак меноманд. Аз ҷумлаи нафароне, ки амалкарди ҳукумати кунуни Мисрро роҳи нодуруст медонанд, яке Муҳаммади Сабоҳӣ, сиёсатмадори чапгарои мисрӣ ва танҳо рақиби Сисӣ дар интихоботи пешорӯи раёсати ҷумҳурӣ аст.

Мусоҳибаи телевизионии қаблан сабтшудаи генераи пешини артиши Миср Сисӣ, ки дар телевизион бо либоси ғайри низомӣ баромад кард, дар назар аст, дар нимаи дувуми рӯзи 6 май пахш шавад.

Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷуvҳурии Миср рӯзҳои 26 ва 27 май баргузор мешавад. Кумиссиюни марказии интихоботи Миср хабар дод, ки дар сурати пирӯз нашудани ягон номзад дар даври аввал, рӯзи 26 июн даври дуввуми интихобот доир карда хоҳад шуд.

Вазири дифоъ ва саноати низомии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба хотири ширкат дар ин маърака чанд рӯз пеш аз мақомаш истеъфо дода буд. Ширкати ӯ боиси эътирози ҷонибдорони созмони мамнӯъи "Ихвон-ул-муслимин" шуд, ки Ас-Сисиро аз афроди калидӣ дар барканории раисиҷумҳури пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ аз мақомаш дар моҳи июли соли гузашта мехонанд.
XS
SM
MD
LG