Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихвонулмуслимин: "Таҳдидҳои Сисӣ эълони ҷанги дохилӣ аст"


Эътилофи исломгароҳои «ҳимоят аз машруият ва мухолифат бо кудато» дар Миср, даъвати Абдулфаттоҳ Сисӣ барои тазоҳурот дар рӯзи ҷумъаро чун «эълони ҷанги дохилӣ» донист.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне, ки ба назар меояд алайҳи "Ихвонулмуслимин" баён шуд, хостори баргузории тазоҳуроти саросарӣ дар рӯзи ҷумъа шуд, то ба гуфтаи ӯ ба артиши ин кишвар ин «ихтиёр ва фармон»-ро бидиҳанд то бо хушунатҳои пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ муқобила кунад.

Артиши Миср ҳудуди се ҳафта пеш Муҳаммад Мурсиро, ки бо интихоботи озод ва мардумӣ ба мақоми раёсати ҷумҳури расида буд, аз қудрат барканор кард. Ин иқдоми артишро ҳаводорони Мурсӣ «кудато» медонанд ва ба тазоҳуроти худ барои бозгашти раиси ҷумҳури барканоршуда ба қудрат, таъкид мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар баёнияи Эътилофи миллии ҳимоят аз машруият ва мухолифат бо кудато» омадааст: «Таҳдидҳои Сисӣ фармондеҳи кудатои хунини низомӣ, эъломи ҷанги дохилӣ аст, ки эҳтимоли анҷоми кушторҳои васеъ бо пӯшиши дурӯғини мардумиро ба вуҷуд овардааст. Ин таҳдид мардуми Мисрро наметарсонад ва танҳо азму иродаи онҳоро мустаҳкамтар менамояд.»

Ин эътилоф дар баёнияи худ бо эъломи баргузории тазоҳуроти "пуршӯр" пас аз намози ҷумъа дар Қоҳира, афзудааст: «Он чи бар забони Сисӣ ронда шуд, муҳри таъйиде аст бар суханони собиқи мо дар ин бора, ки Сисӣ мағзи муфаккири кудато аст ва ӯст, ки ҳукумат мекунад ва ҷанги ваҳшиёнаро алайҳи мардум ва миллати худро идора мекунад."

Вазири дифои Миср рӯзи чаҳоршанбе аз мардуми кишвар хост, ки рӯзи ҷумъа "алайҳи хушунату терроризм" раҳпаймоии сартосарӣ анҷом диҳанд. Генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ, ки масъули барканории раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ ба думболи тазоҳуроти густурдаи мардумӣ маҳсуб мешавад, рӯзи чаҳоршанбе дар суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, "ман хоҳиш мекунам, ки рӯзи ҷумъа ҳама мисриҳои софдил ва қобили эътимод ба майдон биёянд то ба ман мандат диҳанд ва ба ман амр кунанд, ки бо ин хушунат ва терроризм муқовимат намоям”

Генерал Сисӣ ваъда дод, ки бар пояи тарҳи сиёсии пазируфташуда тайи 6 моҳ интихоботи нав баргузор ва роҳро барои ворид кардани тағйиру ислоҳот ба Қонуни Асосӣ ҳамвор мекунад. Дар суханронии ахири худ ӯ ҳамчунин гуфт, “ман эҳсос мекунам, ки баъзеҳо мехоҳанд кишварро вориди нақби торику пурхатар кунанд. Вақте, ки миллионҳо мисриҳо ба майдон рехтанд, артиш ба онҳо итоат кард ва хоҳишашонро иҷро намуд. Ягон кас набояд дар ин андеша бошад, ки мо аз тарҳи сиёсӣ ва ваъдаи додаи худ рӯ метобем”


Айни ҳол макони буду боши Муҳаммад Мурсӣ, ки рӯзи 3 июл аз сӯи низомиён боздошт шудааст, маълум нест. Баъд аз барканории ӯ неруҳои амниятии Миср бо ҷонибдорони Мурсӣ вориди даргирӣ шудаанд. Тақрибан 200 нафар ҷон бохтанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати дифои ИМА изҳор намуд, ки ҳукумат фурӯши чаҳор ҳавопаймои ҷангии F-16 ба Мисрро бино бар авзои ноороми кишвар мутаваққиф кард. Сухангӯи Пентагон Ҷорҷ Литл гуфт, ки дар ин бора раисиҷумҳур Барак Обама тасмим гирифтааст. Ӯ афзуд, ки ҳукумат ҳамчунин хостори эҳёи машқҳои низомии Амрикову Миср мавсум ба “Ситораи дурахшон” шудааст.

Дар нимҷазираи Синай рӯзи чаҳоршанбе се низомии мисрӣ кушта шуданд. Ба иттилои мақомоти Миср, ду сарбоз бар асари ҳамлаи афроди ношиноси мусаллаҳ ба постгоҳи низомӣ дар канори шаҳри Ал-Ариш ба ҳалокат расиданд. Чанд соат баъд як сарбози дигар ҳамгоми ҳамла ба мошини ҳарбӣ дар худи Ал-Ариш ҷон бохт. Ҳамлаҳои афроди мусаллаҳ дар нимҷазираи Синай баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ афзоиш ёфтанд.
XS
SM
MD
LG