Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбулаҷали низомиён ба тарафҳои муқобили Миср


Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ-раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср ( аз чап) ва президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ (аз рост)

Раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср барои ҳалли ихтилоф миёни ҳукумати Миср ва мухолифинаш 48 соат вақт додааст.

Фармондеҳи нерӯҳои мусалаҳи Миср ба тарафдорон ва мухолифини ҳукумат барои ҳалли ихтилофҳояшон 48 солат додааст.

Ба қавли раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср генерал-полковник Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ агар дар ин муддат тарафдорони президент Муҳаммад Мурсӣ ва мухолифони ӯ ба мувофиқат нарасанд, амали зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ гуфтааст, ки низомиён ба сиёсат ворид нахоҳанд шуд, вале агар дар давоми 48 соат роҳи ҳал пайдо нашавад, низомиён барномаи беруншавӣ аз ин вазъро матраҳ хоҳанд кард.

Ба қавли Сисӣ барбод додани вақт фақат ба амиқрафти бӯҳрон кумак хоҳад кард.

Асосгузори ҷунбиши мухолифини мисрӣ, ки дар сафҳояш миллионҳо нафарро бо тақозои истеъфои президенти ин кишвар дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ кардааст, зарбулаҷали низомиёнро ба хушӣ қабул кард, вале аз мардум даъват намуд, то замони барканоршавии Мурсӣ гирдиҳамоиҳоро хотима набахшанд.

Маҳмуд Бадр раҳбари ҷунбиши Тамаррруд дар сӯҳбати телевизионӣ гуфт, изҳороти низомиён як фикри ҷолиб дорад: онҳо орзуи мардуми Мисрро пуштибонӣ мекунанд ва ин паём маънои онро дорад, ки интихоботи пешакии президентӣ доир хоҳад шуд.

Қабл аз изҳороти Сисӣ панҷ узви ҳукумати зери раҳбарии президент Мурсӣ иброз доштанд, ки аз вазифаҳояшон истеъфо дода, ба ҷунбиши мухолифин мепайванданд.

Рӯзи душанбе эътирозгарон қароргоҳи ҷунбиши исломии Ихвонулмуслиминро, ки аз пуштибонҳои асосии президенти Миср ба шумор меравад, оташ заданд.

Рӯзи якшанбе дар бархӯрдҳои саросари Миср 16 кас ҳалок шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG