Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Улфатов: "Ба тақдир тан додам". ВИДЕО


Шӯҳрат Улфатов дар нахустин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ баъди шунидани хабари даргузашти ҳамсар ва се фарзандаш дар фоҷеаи Магнитогорск гуфт, "ҳамаро аз худо ва сарнавишт мебинад" ва ба тақдир тан додааст.

Ба қавли хешовандони Улфатов, хабари марги оилаи Шӯҳратро рӯзи 29 январ баъди бозгашти ӯ аз муолиҷа дар бемористони Челябинск расонданд. Падари Шӯҳрат гуфт, вақте дар ҳалқаи наздикон ба Шӯҳрат гуфтанд, ки дар фоҷеаи моҳе пеш ҳамсар ва фарзандонаш ҷони худро аз даст доданд, ӯ аз ҳуш рафт. Баъдан табибони ёрии таъҷилиро даъват карда, инчунин бо кӯмаки ёру рафиқон ва наздикон ӯро ба худ оварданд.

Шӯҳрат Улфатов чанд соат баъди ин дар посух ба саволҳои Радиои Озодӣ гуфт, ба тақдираш тан додааст. Улфатов гуфт: "Худованд дод, худованд гирифт.... Чӣ ҳам бигӯям, чӣ кор кунам... Шукронаи парвардигор, умри дубораам дод".

Сӯҳбати видеоӣ бо Шӯҳрат Улфатов инҷост:

Нахустин мусоҳибаи Шӯҳрат Улфатов баъди шунидани хабари марги оилааш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Улфатов гуфт, ки аз бемористон рухсатӣ шудааст ва табибон ба ӯ гуфтанд, ки боз ним соли дигар лозим аст, ки саломатиаш пурра барқарор шавад. Ӯ гуфт, ҳоло худро беҳтар эҳсос мекунад. Ба гуфтааш, дар ин ҳодиса се қабурға ва як пояш шикаста буд.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи барномаҳои баъдии зиндагиаш Улфатов гуфт, ки шояд дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон бармегардад ва муддате баъд дубора дунболи кор ба Русия меояд.

Дар ҳодисаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск, ки субҳи 31-уми декабри соли 2018 иттифоқ афтод, ҳамсар ва се кӯдаки Шӯҳрат Улфатов ҷон бохтанд. Худи Улфатов рӯзи 29 январ баъди муолиҷаи якмоҳа аз бемористон рухсат шуду ба хона баргашт. Барои кӯмак ва дастгирии писар ба шаҳри Челябинск аз Тоҷикистон падар ва модараш чаҳор рӯзи пеш парвоз карданд.

Раҷабмоҳ Исоева бо се кӯдакаш
Раҷабмоҳ Исоева бо се кӯдакаш

Субҳи барвақти рӯзи 31-уми декабри соли 2018, лаҳзаҳое, ки бисёриҳо дар Русия ба пешвози Соли нав омода мешуданд, эҳтимолан бар асари таркиши газ як бинои истиқоматии даҳошёна дар шаҳри Магнитогорски Русия сарозер шуд. Дар натиҷа, ҳудуди 40 нафар ҷон бохта даҳҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Чаҳор қурбонии ин ҳодиса - шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ки ҳама узви як оила -- ҳамсар ва се фарзанди Шӯҳрат Улфатов буданд.

Ҷасади ин шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз зери харобаҳои ин бино берун овард шуда, рӯзи шаби 6-уми январ ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва рӯзи 7-уми январ дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дафн карда шуданд.

Ин ҳодиса бисёриҳоро дар Тоҷикистон ва Русия таконзада кард. Сарнавишти Шӯҳрат Улфатов, ки рӯзҳои аввал дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон қарор дошт, бисёриҳоро бетараф нагузошт. Матбуот дар Тоҷикистон ва Русия дар бораи омодагии хонаводаи Улфатовҳо барои расонидани хабари фоҷеа ба Шӯҳрат пайваста хабарҳо нашр карданд.

Рӯзи 29 январ падари Шӯҳрат гуфт, ки дар хонаи иҷораи онҳо дар Челябинск меҳмони зиёд ва ёру дӯстон ҷамъ шуда, дар лаҳзаҳои ҳассоси хабари марги оилааш дар канораш буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG