Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Раҷабмоҳ Исоeва бо се кӯдакаш ба Душанбе оварда шуд. ВИДЕО


Тобути Раҷабмоҳ Исоева бо се кӯдакаш дар фурудгоҳи Душанбе. Шаби 6-уми январи 2019

Тобути Раҷабмоҳ Исоева, сокини 24-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, бо се кӯдакаш - Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад - шаби 6-уми январ аз Екатеринбурги Русия ба Душанбе оварда шуд. Онҳо рӯзи 31-уми декабри соли 2018 дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуданд. Маросими дафни модару кӯдаконаш рӯзи ҳафтуми январ дар ноҳияи Кушониён баргузор хоҳад шуд.

  • Падари хонавода Шӯҳрат Улфатов дар ҳодисаи Магнитогорск шадидан маҷруҳ шуда, дар бемористони вилоятии Челябинск аст ва ба қавли наздикон аз фавти зану кӯдаконаш хабар надорад.

Видоъ бо оилаи Улфатовҳо дар Русия

Маросими видоъ дар Магнитогорск
Маросими видоъ дар Магнитогорск

Маросими видоъ бо Раҷабмоҳ Исова ва фарзандонаш рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Магнитогорск баргузор шуд ва дар он даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ва хешовандони оилаи Улфатовҳо ширкат доштанд. Баъдан тобути онҳо аз Магнитогорск ба Екатеринбург ва аз онҷо ба Душанбе интиқол ёфт.

Маросими видоъ дар наздикии масҷид сурат гирифт ва бо вуҷуди барфу ҳавои сард даҳҳо нафар барои видоъ гуфтан бо Раҷаббӣ Исоева се тифли хурдсоли ӯ ба маросим омаданд ва барои онҳо дуо карданд.

Қабри модару фарзандонашро дар паҳлӯи якдигар кандаанд
Қабри модару фарзандонашро дар паҳлӯи якдигар кандаанд

Дар деҳаи Малик Гиёев, дар ноҳияи Кушониён, ба маросими дафни Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ӯ омодагӣ гирифтаанд. Мардуми деҳа рӯзи 6-уми январ гӯри модар ва се тифлашро канда омода карданд ва қарор аст, маросими ҷаноза рӯзи 7 январ соати 10-и субҳ баргузор шавад.

Омодагӣ ба дафн дар Хатлон

Абдуҷаббор Улфатов, як амаки Шӯҳрат Улфатов, ба Радиои Озодӣ, гуфт, хешовандон барои гирифтани ҷасади Раҷабмоҳ ва се кӯдакаш ба Душанбе рафтаанд. Қарор буд, онҳоро шом ба Душанбе биёранд, аммо ҳавопаймо дертар расидааст.

Видоъ бо оилаи ҳалокшудаи тоҷик дар Магнитогорск
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:01 0:00

​Як қисми бинои даҳошёна дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳодиса бар асари таркиши гази табиӣ рух додааст. Дар натиҷа 39 хона пурра ва даҳ манзил қисман хароб шудааст ва 39 нафар ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Ҷасади Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакашро баъди се рӯзи ҳодиса пайдо карданд.

Кӯмаки Русия ба осебдидагон

Мақомоти Русия мегӯянд, биноеро, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз он 39 нафар ба ҳалокат расиданд, комилан вайрон мекунанд. Намояндагони ҳукумати шаҳри Магнитогорск рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки 9 бинои дигар барои зиндагӣ муносиб аст ва дар ҷояшон мемонанд.

Рӯзи 31-уми декабр дар натиҷаи таркиши газ даромадгоҳи 7-уми бинои 10 табақа дар маркази шаҳр вайрон шуд ва қисме аз вурудгоҳи 8-ум низ осеб дид. Ҳарду ин бино комилан хароб мешаванд. Лифтҳои биноҳои ҳамсояро ба зудӣ ба кор меандозанд.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо судури як дастур барои осебдидагони ҳодиса 65 миллион рубл ва ё 967 ҳазор доллар ихтисос дод.

Мақомоти вилояти Челябинск барои онҳо 93 миллион рубл ҷудо кардааст. Барои онҳое, ки дар ин фалокат сахт осеб дидаанд, 400 ҳазор рубл пардохт мекунанд. Хароҷоти дафни қурбониёнро ҳам давлат мепардохтааст.

Дар Русия, ки тақрибан 1 миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд, дар садамаву фалокатҳои бузург, муҳоҷирони тоҷик ҳам ё осеб мебинанд ва ё ба ҳалокат мерасанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG