Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷабмоҳ ва се фарзандашро паҳлӯи ҳам ба хок супурданд.ВИДЕО/АКС


Маросими ҷанозаи Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакаш -- Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад субҳи 7-уми январ дар деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар), баргузор шуд. Ин модар ва се фарзандашро паҳлӯи ҳам дар оромгоҳи ин деҳа ба хок супурданд.

Онҳо рӯзи 31-уми декабри соли 2018 дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорски Русия ҳалок шуданд. Тобути Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзандаш шаби 6-уми январ аз Екатеринбурги Русия ба Душанбе оварда шуд.

Падари хонавода Шӯҳрат Улфатов дар ҳодисаи Магнитогорск шадидан маҷруҳ шуда, дар бемористони вилоятии Челябинск аст ва ба қавли наздикон аз фавти зану кӯдаконаш хабар надорад.

Аз ҳодисаи фавти Раҷабмоҳ ва се фарзандаш ҳама аҳли деҳа гирист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

​Маросими ҷанозаи чор узви ин хонавода бо ҳузури хешу наздикон ва мардуми маҳал баргузор шудааст. Дар ин маросими ҷаноза Искандар Солеҳзода, сардори раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Хатлон, Маҳмудҷон Хоркашов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ин вилоят ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Кӯшониён низ ширкат доштанд.

Тобути Раҷабмоҳ Исоeва бо се кӯдакаш ба Душанбе оварда шуд

Қабл аз интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон, маросими видоъ бо Раҷабмоҳ Исова ва фарзандонаш рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Магнитогорск низ баргузор шуда буд ва дар он даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ва хешовандони оилаи Улфатовҳо ширкат доштанд.

Маросими видоъ дар Магнитогорск дар наздикии масҷид сурат гирифт ва бо вуҷуди барфу ҳавои сард даҳҳо нафар барои видоъ гуфтан бо Раҷаббӣ Исоева се тифли хурдсоли ӯ ба маросим омаданд ва барои онҳо дуо карданд.

Фоҷеа дар Магнитогорск

Як қисми бинои даҳошёна дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳодиса бар асари таркиши гази табиӣ рух додааст. Дар натиҷа 39 хона пурра ва даҳ манзил қисман хароб шудааст ва 39 нафар ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, биноеро, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз он 39 нафар ба ҳалокат расиданд, комилан вайрон мекунанд. Намояндагони ҳукумати шаҳри Магнитогорск рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки 9 бинои дигар барои зиндагӣ муносиб аст ва дар ҷояшон мемонанд.​

Дар Русия, ки тақрибан 1 миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд, дар садамаву фалокатҳои бузург, муҳоҷирони тоҷик ҳам ё осеб мебинанд ва ё ба ҳалокат мерасанд.

Видоъ бо оилаи ҳалокшудаи тоҷик дар Магнитогорск:

Видоъ бо оилаи ҳалокшудаи тоҷик дар Магнитогорск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

XS
SM
MD
LG