Пайвандҳои дастрасӣ

Магнитогорск. "Раҷабмоҳ, Аҳмаду Фотима ва Саймуҳсин зери хароба ҳастанд"


Ин аксҳоро Исматулло Афғонов дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Бо гузашти тақрибан ду рӯз аз фурӯ рафтани қисме аз бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорски Русия то ҳол тақдири як зани тоҷик бо се кӯдакаш норӯшан аст. Пайвандон аз ҷараёни, ба гуфтаи онҳо, кунди амалиёти ҷустуҷӯ розӣ нестанд.

Аламшо мехоҳад, ки Шуҳратро наҷот диҳад, Шуҳрат ба ӯ мегӯяд, ки кӯдаконам дар роҳрави бино ҳастанд, аввал онҳоро наҷот деҳ

Фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух дод. Бино ба фарзияи ибтидоии мақомоти Русия, ҳодиса дар пайи таркиши газ сурат гирифтааст. Дар вақти сар задани ҳодиса Шуҳрат Улфатови 28-сола бо ҳамсар ва се тифлаш дар ҳамин бино буданд. Маъмурони наҷот Шуҳратро аз зери вайронаҳо зинда берун овардаанд, аммо тақдири ҳамсар ва се тифлаш номаълум аст.

Наҷоти кӯдаки 11-моҳа аз зери вайрона:

Магнитогорск: Кӯдаки 11-моҳаро аз зери вайрона берун оварданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:36 0:00

"Аз зери вайронаҳо садое шунида намешавад"

Исматулло Афғонов, тағои Шуҳрат Улфатов, рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то нимрӯзи 31-уми декабр аз зери вайронаҳо садои одамон ба гӯш мерасид, вале ҳоло "гум шудаанд". Афғонов, ки аз ҷойи ҳодиса бо мо суҳбат мекард, гуфт, имдодгарон феълан бетони айвонҳои овезонро мебуранд.

Ба қавли Исматулло Афғонов, феълан вазъи саломати хоҳарзодааш Шуҳрат Улфатов вахим аст ва барои табобат бояд фаврӣ ба шаҳри дигар бурда шавад. "Дишаб аз бемористон занг зада ва гуфтанд, ки Шуҳратро бояд ба шаҳри дигар барем. Аммо ягон ҳуҷҷаташ нест, ҳамааш дар зери хок аст. Ягон корхона ҳам кор намекунад, ки ҳуҷҷатҳоро барқарор кунем. Зану кӯдаконаш ҳоло ҳам дар зери хоканд. Дар ин сардӣ, Худо медонад, ки онҳоро зинда биёбанд", - гуфт Афғонов.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, то ҳол тақдири Раҷабмоҳ Улфатоваи 24-сола, Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола норӯшан аст. Онҳо қариб ду рӯз боз дар зери хароба ҳастанд ва хешовандон эҳтимоли зинда буданашонро аз эҳтимол дур медонанд. Шуҳрат Улфатов ҳамроҳ бо оилааш дар ошёнаи 6-уми ин бино зиндагӣ мекард. Шуҳрату ҳамсараш ҳаққи иқомати Русияро доштаанд, вале фарзандонашон шаҳрвандии Русияро доранд.

"Гуфт, ки аввал кӯдаконамро наҷот деҳ”

Тибқи хабарҳои охирин, шумораи қурбониёни фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск ба ҳашт нафар расидааст. Сарнавишти даҳҳо тани дигар ҳанӯз маълум нест.

Абдулмаҷид Шарипов, раиси ҷамъияти тоҷикони Магнитогорск, рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеренбург низ ба ҷойи ҳодиса расидааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар ҳодисаи фурӯ рафтани бино дар Магнитогорск як ҷавони дигари тоҷик ҳам осеб дидааст. Ин ҷавон, ки аз ӯ Аламшо ном бурда мешавад, дар вақти рух додани ҳодиса аз бинои ҳамсоя омада ва чаҳор нафарро наҷот додааст.

Исматулло Афғонов, тағои Шуҳрат, мегӯяд, Аламшо талош кардааст, ҷияни ӯро наҷот диҳад, аммо дар ин ҳолат худаш ҳам дар дохили бино дармемонанд. "Аламшо вақте мехоҳад Шуҳратро наҷот диҳад, Шуҳрат ба ӯ мегӯяд, ки кӯдаконам дар роҳрави бино ҳастанд, аввал онҳоро наҷот деҳ. Аламшо мехоҳад ба ошёнаи 6-ум барояд, ки нохост бино пурра фурӯ меравад ва худаш ҳам дармемонад”, - гуфт Афғонов.

Рӯзи мотами миллӣ

Биное, ки фурӯ рафт, дар маркази Магнитогорск воқеъ аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Аз ӯ пештар Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафта буданд.

Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия, рӯзи якуми январи соли 2019 гуфт, ки амалиёти наҷот муваққатан боздошта шудааст. Ӯ гуфт, имдодгарон девори даромадгоҳеро ҷудо мекунанд, ки имкони вуруд ба бахши дигари биноро фароҳам мекунад ва барои он як шабонарӯз лозим аст. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, идомаи амалиёти наҷот метавонад боис ба фурӯ рафтани бахшҳои дигари бино шавад.

Раиси Магнитогорск дар як паёми телевизионӣ гуфт, баъди ҷудо кардани девори даромадгоҳ ва аз байн рафтани хавфи фурӯрезии қисми дигари бино, сокинон метавонанд ба хонаҳои худ даромада, санадҳояшонро бигиранд.

Дар вилояти Челябинск 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст. Мақомот машварат додаанд, ки ҳамагуна барномаҳои тафреҳӣ бекор карда шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG