Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалокат дар Магнитогорск. Сарнавишти се кудаки тоҷик маълум нест. ВИДЕО


Таркиш соати 6 субҳ рух додааст

Дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорски Русия дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расидаанд ва сарнавишти 79 нафари дигар маълум нест.

Се нафар аз ҷумла як кӯдаки захмиро барои муолиҷа ба бемористон бурдаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфт, ки зоҳиран сабаби фалокат таркиши газ будааст.

Абдулмаҷид Шарипов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Магнитогорск рӯзи 31-уми декабр аз маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бино як хонаводаи тоҷик истиқомат мекардаанд. Шуҳрат Улфатови 26-сола, аз ноҳияи Кушониёнро аз зери харобаҳо зинда пайдо кардаанд ва ба бемористон интиқол додаанд. "Пойҳояш осеб дидаанд, чун 7 соат дар сармо зери харобаҳо мондааст. Инҷо 21 дараҷа сард аст." -гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ корҳои наҷот ва ҷустуҷӯ идома дорад ва ҳоло сарнавишти дигар сокинон аз ҷумла 3 кӯдаку ҳамсари Шуҳрат Улфатов маълум нест.

Амалиёт барои наҷоти бозмондагон идома дорад.
Амалиёт барои наҷоти бозмондагон идома дорад.

Исматулло Афғонов, тағои Шуҳрат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран пой ва қабурғаҳои ҷиянаш шикастаанд. Вай афзуд, ки мунтазири хабаре дар бораи Раҷабмо Исоева, ҳамсари 24-солаи Шуҳрат ва се фарзанди 6, 4 ва 2-солаи ӯ ҳастанд.

Ба қавли Исматулло Афғонов, Шуҳрату ҳамсараш ҳаққи иқомати Русияро доштаанд, вале фарзандонашон шаҳрвандии Русияро доранд.

Биное, ки фурӯ рафт дар маркази Магниторск воқеъ аст. Яке аз муҳоҷирони дигари тоҷик аз ин шаҳр ба Радиои Озодӣ навишт, ки дар ин бино як хонаводаи тоҷик ҳам истиқомат мекард.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам ба маҳалли фалокат рафтааст. Аз ӯ пештар Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқуллода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафтаанд. Мақомот мегӯянд, дар умум 48 хона ин бино осеб дидааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 31 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шуҳрат Улфатов беҳуш аст ва аз наздиконаш, ки ҳамроҳаш будаанд, дараке нест.

Вай афзуд кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳар лаҳза бо мақомоти шаҳри Магнитогорск дар иртибот ҳастанд.

Амалиёт барои наҷот, аз ҷумла се кӯдаки тоҷику модарашон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Ҳукумати вилоят гуфт, ки ҳодиса соати шашу даҳ ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Бинои баландошёна дар маркази шаҳр соли 1973 сохта шудааст ва дар маҷмуъ 1100 нафар дар он зиндагӣ мекардаанд.

Шонздаҳ сокини биноро зиндаву саломат аз қисматҳои осебнадидаи бино берун овардаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфт, ки дар умум 48 хона аз табақаи севвум то табақаи даҳуми бино дар натиҷаи таркиш осеб дидаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар робита ба таркиш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва муфаттишон барои таҳқиқ аз Маскав ба Магнитогорск рафтаанд. Магнитогорск дар 1700 километрии шимолушарқи Маскав ҷойгир аст.

ИН ХАБАР ДАР ҲОЛИ ТАҲАВВУЛ АСТ ВА НАВ МЕШАВАД. АГАР ДАР ҶОЙИ ҲОДИСА ҲАСТЕД ВА Ё ШОҲИД БУДЕД, ЛУТФАН БА МО НАВИСЕД ВА БА ИН РАҚАМ +420 724 053 959 ИМО, ВАЙБЕР, ВОТСАПП ТЕЛЕГРАМ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG