Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: "Алайҳи сил мубориза мебарам". ВИДЕО


Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, ба ҳаракати байналмилалии "Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил" (Stop Tuberculoses B Partnership, Tajikistan) пайвастааст.

  • Ӯ рӯзи 27-уми сентябр дар як посухи кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тарафи ин ҳаракат, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид сарпарастӣ мешавад, ба Ню-Йорк даъват шуд ва дар нишасти сатҳи баланд доир ба бемории сил дар Маҷмаи умумии СММ иштирок кард. Нишаст рӯзи 26-уми сентябр бо ҳузури сарони давлатҳо, шахсони расмӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву ҳунармандон баргузор шуд.
Шабнами Сурайё пас аз иҷрои тарона дар маҳфили "Шабе бо ситораҳо" маҳбубтарин овозхони натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Миёна эътироф шуд.

Шабнами Сурайё гуфт, барои мубориза бо бемории сил ҳамеша кӯшиш мекунад, "чунки ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии миллат гуфтаанд".

Тарҳи байналмилалии "Ҳамкорӣ барои пешгирӣ аз сил" дар ҳошияи конфронси сатҳи баланд ҳамчунон чанд маъракаи дигареро бо ширкати овозхонон ва ҳунармандони машҳур аз давлатҳои гуногуни дунё доир кард.

Шоми 26-уми сентябр Шабнами Сурайё дар маҳфили "Шаби мо бо ситораҳо", ки дар меҳмонхонаи Crown Plaza дар Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок кард ва таронаи "Ту аҷаб хушрӯӣ"-ро иҷро намуд. Дар ин ҳамоиш, ки Шабнам таронаашро суруд, овозхонҳои маъруф, репсароён, ҳунармандон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла зебосанами Африқо ва завҷаи президенти Нигерия ширкат варзидаанд.

Сафар Наимов
Сафар Наимов

Ҷалби ҳунармандон ва овозхонҳои маъруф аз кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи мубориза бо бемории сил, ба гуфтаи масъулони ин тарҳ, ба хотири коҳиш додани стигма ваё табъизи гирифторони ин беморӣ аст. Сафар Наимов, ҳамоҳангсози тарҳи “Ҳамкорӣ барои пешгирӣ аз сил дар Тоҷикистон" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як мушкили асосии ҷилавгирӣ ва табобати касалии сил ҷой доштани табъиз ва ё стигма нисбат ба гирифторони ин беморист.

“Бинобар ин, дар аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон одамон ин бемории худро пинҳон карда, сари вақт ба духтур муроҷиат намекунанд, ки боис ба оқибатҳои вазнин мегардад”, - мегӯяд Наимов.

Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: "Алайҳи сил мубориза мебарам"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:16 0:00

Барои тағйир додани муносибати ҷомеа бо беморони сил дастандаркорони тарҳ тасмим гирифтаанд, ки афроди маъруф ва пурнуфузи ҷомеаро ба маъракаи мубориза бо сил ҷалб кунанд.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Наимов гуфт, "дар Тоҷикистон тасмим гирифтем, ки Шабнами Сурайё ва Нурулло Абдуллоевро ба ин маърака ҷалб кунем. Хушбахтона, Шабнами Сурайё даъвати моро пазируфт. Ҳоло бо даъвати UNOPS (як барномаи СММ) ба Ню-Йорк даъват шудааст. Даъватнома мустақим аз UNOPS ба Шабнами Сурайё ҳамчун шахси маъруф барои иштирок ба ин чорабинӣ дастрас шуда буд".

Наимов гуфт, Шабнами Сурайё пас аз иҷрои тарона дар ҳамоиши “Шабе бо ситораҳо” маҳбубтарин овозхони натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Миёна эътироф шуд. Қарор аст, Шабнам пас аз анҷоми ин сафар дар маъракаҳои таблиғотӣ ба хотири нест кардани бемории сил, бештар кардани огоҳии сокинон аз ин беморӣ ширкат варзад.

Бемории сил: як аз 10 омилии асосии маргу мир дар ҷаҳон

Дар конфронси сатҳи баланд дар Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк доир ба бемории сил гуфта шуд, ки шумори маргу мири одамон аз ин беморӣ аз ҷамъи фавтидагони гирифтори СПИД ва вараҷа бештар аст.

Дар баёнияи Эътилофи аврупоии “Ҳамкории боздоштани сил”, ки пас аз анҷоми конфронс нашр шуд гуфта мешавад, танҳо дар соли 2017 беш аз 1,6 миллион нафар дар ҷаҳон бинобар бемории сил фавтиданд.

Дар конфронси сатҳи баланд дар СММ аз Тоҷикистон Насим Олимзода, вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ иштирок кардааст. Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз 30 кишварест, ки дорои шумораи зиёдтарини гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар маҳсуб мешавад. Ҳар сол тақрибан 800 шаҳрванди Тоҷикистон бо бемории сили ба доруҳои гуногун устувор ташхис мешаванд.

Тибқи омори охир дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор гирифтори бемории сил расман сабт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG