Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагии Шукрия ва се фарзандаш дар лифт ВИДЕО


Духтари 16-сола табиби модар шудааст.

Шукрия Шариповаи 49-сола бо се фарзандаш се сол инҷониб дар ҷойгоҳи лифти як баландошёнаи нотамом, дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, зиндагӣ мекунад.

24 соли пеш вазъи хонаводаи Шукрия Шарипова чандон бад набуд. Дар деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳамсари муаллиму фарзандонаш зиндагӣ мекард. Шавҳараш дар мактаби деҳ муаллим буд ва «хушҳолона» мезистанд.

Ба гуфтаи Шукрия Шарифова соли 1993 шавҳараш сактаи мағзӣ гирифт ва як тарафи танаш аз кор монд. Дар пайи бемории ҳамсар ва мушкилоти равобит бо хешовандони ӯ, зиндагии хонавода дар як муддати кӯтоҳ бесарусомон шуд. Шукрия Шарипова мегӯяд, ки хоҳари шавҳараш маслиҳат дод хонаро фурӯшанд ва ба ҳар қимат бояд шавҳарро наҷот диҳанд.

"Хоҳари шавҳарам моро фиреб кард, ки «хонаро фурӯшед, шавҳаратро табобат мекунем». Мо хонаро фурӯхтем, аммо баъд фаҳмидем, ки шавҳарам сиҳат намешавад",-мегӯяд Шукрия. Ӯ ки акнун бо кӯдаконаш бехона монда буд, маҷбур шуд ба шаҳри Кӯлоб бикӯчад.

Хоҳари шавҳарам моро фиреб кард, ки «хонаро фурӯшед, шавҳаратро табобат мекунем». Мо хонаро фурӯхтем, аммо баъд фаҳмидем, ки шавҳарам сиҳат намешавад.

"Вазъияти моро бисёр сокинон дида, ҳатто розӣ намешуданд мо дар хонаҳояшон иҷора нишинем. Чандсол ҳамин хел сипарӣ шуд ва дар охир ин бинои нотамомро дида, ба инҷо омада ва дар ошёнаи сеюм як хонаи нимсохтро гирифта, бо кумаки ҳамсояҳо обод карда, зиндагӣ кардам ва инро низ се моҳи пеш аз дастам гирифта ба дигар кас фурӯхтанд. Дар охир ҳамин утоқи номамоми лифтро барои худ хона кардам", - гуфт Шукрия Шарипова.

Се соли охир хонавода дар холигоҳи лифти нотамоми биное ҷойгир шуд, ки аз рӯи тарҳи шӯравӣ қарор буд, як бинои истиқоматии нӯҳошёна шавад. Дар холигоҳи лифти сохтанашуда, ки ҳаҷмаш тахминан се ба чор метр аст, барои худ «хона» карданд -- ин ҷо ҳам ҷои хоб аст, ҳам макони ғизопазӣ. Ҳатто қисмате аз онро ба ҳоҷатхонаву ҳаммом табдил дода, дар як шароити ғайрисанитарӣ ба сар мебаранд.

Табиби 16-солаи модар

Замоне вориди макони зисти ин хонавода шудем, духтари 16-солаш ба ӯ сӯзандору мегузаронд. Шукрия Шарипова мегӯяд, ин давои асма аст. Шукрия Шарипова дар қайди бемористон вилоятии бемориҳои сил ҳам аст -- моҳе барои доруву дармонаш то 400 сомонӣ маблағ лозим мешавад, ки онро низ бо кӯмаки фарзандон дарёфт мекунад.

Сарнавишти ин хонавода хеле мушкилу печида аст. Ҳар як узви ин оила саргузаштҳои худро дорад. Ҳамсари Шукрия Шарипова баъди ба Кӯлоб рафтани хонаводааш, соли 1997 ба назди онҳо омад. Вазъаш як андоза беҳтар шуд, вале соли 2012 вафот кард.

Шукрия бояд роҳи зиндагиро худаш пайдо мекард. Мегӯяд, худ ятим буд ва баъди аз даст рафтани хона, равобит бо хешовандони ҳамсар ҳам комилан қатъ шуд. Баъди дарбадариҳо дар хонаҳои иҷора дар Кӯлоб, дар як утоқи нимавайронаи ҳамин бинои нотамом ҷой гирифтанд, вале бо гузашти се сол соҳиби ин хона ҳам онҳоро аз ин хона берун кард. Баъди ин ҳама ба қисмати поёнии бино кӯчиданд.

Писари калонии хонавода Вафоҷон Назирмадзодаи 27-сола соли 2016 дар пайи хатми 5 соли зиндон барои дуздӣ, ба озодӣ баромад. Ҳоло ҳамроҳ бо додараш Меҳроҷи Назирмад дар мардикорбозори Кӯлоб ҳар рӯз дунболи кор мегарданд.

Кори кироя ба иловаи як миқдор пул, ба онҳо инчунин имкони хӯрдани ғизои гарм дар хонаи муштариро медиҳад. Вафоҷон орзу дорад бо духтари ҳамсоя, ки ӯ низ аз як хонаводаи бебизоат аст, издивоҷ кунад. Масъала танҳо дар ин аст, ки арӯсро намедонад ба куҷо биёрад.

Писаре, ки 5 бор зиндонӣ шудааст

Меҳроҷи Назирмад, писари дуюми Шукрия Шарипова 25 сол дорад ва дар ин муддат 5 дафъа доғи судӣ гирифтааст. Бори аввал соли 2010 барои фурӯши телефонҳои дуздӣ дар бозор ба ҳукми шартии зиндон маҳкум шуд, вале соли ояндааш бо ҷурми дуздӣ ба мӯҳлати 1,5 сол пушти панҷара рафт. Ҳамингуна қариб ҳар сол боздошт шуда, соли 2016 баъди ду соли ҳукми зиндон барои дуздӣ, бар асоси қонуни афв озод шуд.

Меҳроҷ мегӯяд:"Зиндагӣ душвор шуд ва модарам ба беморӣ гирифтор шуд. Ман бо бародари калонам мактабро патофта, роҳи бозорро интихоб кардам. Аз селлофонфурӯшӣ то мошиншӯӣ кардам. Дар охир ба телефонбизнес гузаштам. Аз пушти ин кор барои дарёфти як луқма нон, панҷ маротиб зиндонро дидам. Бародарам низ бо ҷурми дуздӣ як маротиба зиндонӣ шудааст."

Меҳроҷ мегӯяд: Манзиле,ки модар бо заҳмати зиёд сохтааст, шабеҳи камераҳои зиндон аст. Духтари калонии Шукрия баъди шавҳар кардан тез-тез аз ҳоли модар хабар мегирад. Писари якунимсолаи ӯ мояи дилхушии ин зани бемор аст.

Духтари 16-солааш ба мактаб меравад ва мегӯяд, ба ҳолати ҳақиру бенавоияш тан додааст. Як мушкили аслии хонавода ин аст, ки ба иддаои онҳо, ҳеҷ кӯмаке дарёфт намекунанд ва аксарият шиноснома надоранд. Писарҳо мегӯянд, санади озод шудан аз зиндонро дар даст доранд, вале шиноснома не.

"Ҳукумат огоҳ аст"

Мақомоти масъул дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз аз қазияи ин хонавода огаҳанд. Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд ин хонаводаро дар як ҷои хуб ҷо ба ҷо кунанд, аммо бо оғоз шудани мавсими артиш, онҳо ба ин кор банданд ва дар рӯзҳои наздик мумкин аст, ин хонаводаро дар масҷиде, ки ғайриқонунӣ фаъолият дорад, ҷой намоянд.

Соли 2016 мақомоти Кӯлоб 7 хонаводаи бесарпаноҳро дар масҷидҳои ба истилоҳ "ғайриқонунӣ", ҷой кардаанд. Мақомот мегӯянд, шумораи воқеии ниёзмандон хеле бештар аз ин аст ва ҳукумати маҳаллӣ тавони саривақт бо сарпаноҳ таъмин кардани ҳамаи ин қишри аҳолиро надорад.

Хонаводаи Шукрия Шарипова аз қишри бебизоати Тоҷикистон аст, ки шуморашон дар тамоми кишвар 30 дар садро ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, агар шахс рӯзе камтар аз 3 доллар даромад дошта бошад, ба ин қишр шомил мешавад. Зоҳиран, даромади аъзои ин хонавода аз ин ҳам камтар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG