Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифторони бемории сил аз вазъи худ хиҷолат мекашанд


Истифодаи гӯшти саг ва ё равғанҳои хирсу ҷайра як роҳи табобати мардумӣ ва пинҳонкорона дар шароити хона барои ҷавонони гирифтори сил ва бидуни огаҳии духтурон, ба қавли мутахассисон, беморонро дар шароити бад қарор медиҳад.

Табобат дар шароити хона ва пинҳон доштани бемории сил аз атрофиён ба хотири ангуштнамо нашудани беморон, бахусус духтарон, мавриди нигаронии табибон мешавад. Дар бархе ҳолатҳо, баъди муолиҷаи номуваффақ беморон билохира ба бемористон интиқол меёбанд ва дар бархе ҳолатҳо табибон мегӯянд, "кор аз кор гузаштааст."

Табибони силшинос мегӯяд, омори онҳое, ки дар оғоз ин бемориро пинҳон медоранд, дар даст нест, вале тибқи ҳисобҳо, дар миёни онҳо аксар ҷавондухтарон мебошанд.

Шоҳсанами 22-сола аз водии Вахш мегӯяд, ки панҷ моҳ дар хона бо гӯшти сагу равғани хирс бар зидди бемории сил мубориза бурд. Ӯву модараш бемориашро ба хотири ояндаи духтар, пинҳон доштанд. Вале худмуолиҷа дар шароити хона ҳолашро сангинтар кард ва модар маҷбур шуд Шоҳсанамро дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол диҳад.

Шоҳсанам мегӯяд, ки барои як духтари ҷавон, ки чашм ба роҳи хостгорҳо аст, бо як диагнози бад бистарӣ шудан дар бемористон метавонад паёмадҳои бад дошта бошад: "Агар овоза шавад, ки бемории сил ҳастам, касе ба хостгорӣ намеояд. Модарам нахост, ки ба бемористон равам, худам ҳам намехостам, ки дар беморхона табоат гирам. Дар хона бо гӯшти саг, ҳатто равғани хирс табобат мегирифтам, вале нашуд. Ман 5 моҳ дар хона бистарӣ шудам, вале нашуд, маҷбур духтур рафтам. Ҳоло хубам, як моҳ шуд ба хона баргаштаам."

Шоҳсанам мегӯяд, ки 6 моҳ дар яке аз бемористонҳои зидди сил бистарӣ шуд ва зери назари табибон қарор гирифт. Мегӯяд, тадриҷан ба ҳолати пешинааш бармегардад, вале бемории сил рӯи зиндагияш таъсир гузошт. Вай мегӯяд, ҳама духтарони ҳамсолаш оиладор шудаанд, вале хостгорҳо дигар дари хонаи онҳоро намекӯбанд. Ба Шоҳсанам духтурҳо гуфтаанд, ки танҳо баъди як сол ва дар пайи пурра барқарор шудани саломатиаш метавонад дар фикри барпо кардани оила шавад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шоҳсанам танҳо ҷавоне нест, ки бемории силро пинҳон доштааст. Шарофати 20-сола низ пеш аз он, ки вазъаш вахим шавад, бо машварати падару модар аз роҳи истеъмоли гӯшти сагу табобати мардумӣ пинҳонӣ дар хона табобат гирифтааст. Дар ниҳоят, бо гузашти чанд моҳ дарк кард, ки ин муолиҷа фоида надорад ва ба бемористон омад: "Дар хона табобат кардам, нашуд, баъд ба духтур омадам, чанд маротиба гӯшти сагу равғани хирс хӯрдам, вале табобат нашудам. Шукри Худо, ҳоло хубам ва табобатро давом медиҳам”.

Шарофат мегӯяд, ки дар мавриди сироятӣ будани бемориаш огоҳ буд, вале модараш ӯро маҷбур кард, ки аз атрофиён бемориашро пинҳон дорад, то хостгорҳо кам нашаванд. Духтурҳои силшинос мегӯянд, чунин рафтори волидон хеле бад ва хатарнок аст, чунки шахси мариз на танҳо ҷони худро дар хатар мегузорад, балки хатари сироят кардани атрофиёнро ҳам зиёд мекунад.

Тошмурод Аланазаров, як духтури силшиноси беморхонаи зидди силии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ҳолатҳои пинҳон кардани маризии духтарҳо аз ҷониби модаронашон, зиёд рӯбарӯ шудааст:

"Ҳолати пинҳонкории духтарон ҳаст, ба хотири оиладор шудан ин корро мекунад. Гӯшти саг ё равғани хирс мехӯранд, ки онҳоро аз лиҳози равонӣ ба андеша мебарад. Фикр мекунанд, ки гӯё табобат мешаванд, вале чӯбчамикроби силро дору табобат мекунад. Гӯшти саг як хӯроки иловагӣ аст, табобат намекунад. Духтарҳои 18 ё 19-сола бо нишонаҳои сил меоянд, ки соҳибонашон намехоҳанд бистари шаванд, ба онҳо мефаҳмонем, ки ин бемории сироятӣ аст, бояд бистарӣ шаванд."

Табибони силшинос мегӯяд, бемории сил бидуни истифодаи доруҳои махсус табобат намешавад, вале дар миёни мардум чунин бовар аст, ки гӯё гӯшти саг, равғани хуку хирс ё ҷайра фоида дорад.

Сӯҳроб Камолов, як пизишки собиқадори силшинос дар Хатлон мегӯяд, ки агарчи дар миёни мардум шумораи гирифторони бемории сил коҳиш ёфтааст, вале кор дар амри огоҳонии мардум бояд идома ёбад. Вай мегӯяд, бовари мардум ба ин, ки аз роҳи истеъмоли гӯши ҷонварони ваҳшӣ мешавад бар ин беморӣ пирӯз шуд, як бовари қадимаи мардумӣ аст, дар ҳоле, ки тибби муосир инро рад ва танҳо муроҷиат ба муассисаи касбии тиббиро дар чунин ҳолатҳо тақозо мекунад.

Духтурони силшинос мегӯяд, ки омори онҳое, ки аввал бемориро пинҳон медоранд, дар даст нест, чун онҳо дар алоҳидагӣ сабт намешаванд, вале дар миёни онҳо аксар ҷавондухтарон мебошанд.

Дар миёни мардум боварҳое роиҷ аст, ки гӯё бемории сил ирсӣ ва табобатнашаванда мебошад. Ин аст, ки гирифторӣ ба ин беморӣ гоҳо рӯи зиндагии ҷавонон таъсир мекунад. Соли гузашта дар вилояти Хатлон 746 нафар занони миёнасол, занони қобили таваллуд ва ҷавонон ба бемории сил гирифтор шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд.

Шумораи умумии беморони сил дар шаш моҳи соли 2017 як ҳазору 137 нафар бемори сил сабт шудааст. Гирифторони бемории сил мудати шаш моҳ табобат мешаванд. Дар табобат ва таъмини доруҳои зидди сил, созмонҳои байналмилалии беҳдошт дар Тоҷикистон низ саҳм мегузорад. Моҳи ноябри соли 2017 Олмон 33, 5 миллион евро ба Тоҷикистон ҷудо кард, ки як бахши он барои мубориза бар зидди бемории сил ихтисос дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG