Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи бахти Элмираро кӣ барбод дод? Видео


Элмира Таганова ва ду духтари хурдиаш ба ҳангоми кор дар бозор
Элмира Таганова ва ду духтари хурдиаш ба ҳангоми кор дар бозор

Зане, ки 12 соли пеш бо умеди бунёди хонаи бахт бо марди тоҷике аз Қазоқистон ба Тоҷикистон омад, ҳоло дар яке аз бозорҳои Душанбе аз роҳи аробакашӣ рӯзии худу чор фарзандашро таъмин мекунад.

Баъди тарки хона карда ҳамсар, Элмира Тагановаи 33-сола тасмим гирифт зиндагии худ ва фарзандонашро аз ҳисоби аробакашӣ бичархонад.

Танҳо зани аробакаш дар як бозори Душанбе

Ғарӣ намекунам, дуздӣ намекунам, нону меҳнати ҳалол. Ягон кор бе мушкилӣ намешавад. Ҳама кор вазнинӣ дорад. Касе маҷбурам накардааст ба ин кор, виҷдонам водор кард барои нони кӯдакон кор кунам

​Миёни мардони зиёди аробакаш дар яке аз бозорҳои Душанбе, Элмира ягона зан аст, ки ба харидорон аробаи худро пешниҳод мекунад. Аробаи ӯ ҳам аз аробаи мардони ҳамкораш ягон тафовут надорад ва имкони кашонидани то 100 кило борро дорад. Барои Элмира ҳам ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки дар охири рӯз бо маблағи хуб аз бозор берун шавад.

“Кӯдаконро нон ёфта додан даркор аст. Як солу ҳашт моҳ шуд аробакашӣ мекунам. Дар як рӯз 30 то 50 сомонӣ ёфтан мумкин аст. Рӯзҳое ҳам ҳаст, ки чизе кор намекунем.”

Даромади моҳонаи Элмира моҳе дар ҳудуди 600-1000 сомонӣ мешавад ва бо ҳамин пул ӯ талош мекунад фарзандонашро бузург кунад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон маъмулан мардону ҷавонписарон ба аробакашӣ машғуланд. Ин кор барои занон вазнину номумкин дониста мешавад. Ба гуфтаи Элмира, ҳоло аксар харидорон ба аробакашии як зан чандон бовар надоранд ва фикр мекунанд, ӯ тавони кашидани аробаи пурборро надорад. Аз сӯи дигар, мегӯянд, ки ба кори сангин машғул шудани зан ғайриахлоқӣ аст ва бисёр муштариҳо киро кардани ӯро аз рӯи одоб намешуморанд. Аз сӯи дигар, харидорон бо назардошти сангин будани кор кирояи марди аробакашро бартарӣ медиҳанд.

“Баъзе одамон ҳам ҳастанд, ки мебинанд зан аст, дилашон месузад, пул медиҳанд, вале борашонро дар аробаи мардон бор мекунанд,” мегӯяд Элмира.

Орзуҳои дар Тоҷикистон барбодрафтаи Элмираи қазоқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Ҳамкоронаш ба ҳолаш раҳм мекунанд

Бархе аз ҳамкорони Элмира, ягона зани аробакашро эҳтиром мекунанд ва талош мекунанд ӯ борҳои нисбатан сабуктарро бикашонад.

Абдулло ҳам дар бозори “Деҳқон” ба аробакашӣ машғул аст ва мегӯяд, “агар бор 5-10 кило бошад, мо ба ин апа мегӯем, ки ӯ бигирад. Ҳолате ҳам ҳаст, ки мо худамон дар бурдани бори вазнин ба ӯ кӯмак мекунем. Вале аксаран агар, масалан линчаи орду картошка бошад, ӯ наметавонад ин борро то дуюм ошёна барорад ва барои ин кор мардон мераванд”.

Дар бозори “Деҳқон” Элмира ба фарқ аз дигар аробакашҳо имтиёз дорад. Ба хотири кӯмак, аз ӯ на барои иҷораи ароба ва на чизи дигар маблағ гирифта намешавад. Чун аробакаш ба кор шурӯъ кардани Элмира дар бозор рӯзҳои аввал барои бисёр савдогарону харидорони бозор тааҷҷубовар буд.

Бархе мегӯянд, маҷбур ба кори аробакашӣ шудани як зан дар Тоҷикистон аз вазъи хеле сангини ӯ дарак медиҳад ва бисёриҳо бо дидани саҳнаи боркашонии ӯ афсӯс мехӯранд.

Вале савдогарони дигаре, ки ба дидани саҳнаи кори Элмира одат кардаанд, мегӯянд, як зани меҳнатдӯст аст ва бо меҳнати ҳалолаш пул меёбад.

Оятулло, як савдогари бозор дар маҳаллаи «Гипрозем» аст. Ӯ гуфт: “Вақте бори аввал ин апаро дидем, ки дар бозор аробакашӣ мекард, тааҷҷуб мекардем. Зани меҳнатӣ аст, кор мекунад, ҷанҷол намекунад бо одамон. Ба фикрам ҳамроҳаш чанд кӯдак ҳам ҳаст. Барои пешбурди зиндагиаш заҳмат мекашад”.

Роҳи умеди Элмира аз Қазоқистон ба Тоҷикистон

Онҳое, ки аробакашиҳои Элмираро бори аввал мебинанд, беихтиёр суол мекунанд, ки чӣ сарнавиште ӯро ба ин бозор овард?

Худи ӯ мегӯяд, ҳанӯз 10-12 соли пеш ба ин ҳолат афтодани худро тасаввур ҳам намекард. Ӯ шаҳрванди Қазоқистон аст ва соли 2006 барои бунёди хонаи бахт бо як ҷавони тоҷик ба Тоҷикистон омад.

Мегӯяд, то соли 2016 бо шавҳари тоҷикаш зиндагии хуб дошт. Ба гуфтаи худаш, баъд аз ду маротиба таваллуд крадани дугоник, ки ҳама духтар буданд, зиндагии хубаш ба поён расид. Шавҳараш бо баҳонаи ин ки наметавонад барояш писар таваллуд кунад, онҳоро аз Хатлон ба пойтахт оварду дигар суроғ накард. Соли аввали зиндагии Элмира ва фарзандонаш дар пойтахт дар оворагардӣ ва дар роҳҳои зеризаминӣ гузашт. Элмира мегӯяд, дар даст ягон санад надорад ва бинобарин натавонист ҷое кори беҳтар пайдо кунад ва дар бозори “Деҳқон” ба аробакашӣ шурӯъ кард. Ҳоло ягона хоҳиши ин зан бозгашт ба ватан ва назди падару модараш аст. Элмира, ки дар муддати зиндагӣ дар Тоҷикистон забони тоҷикиро ҳам азхуд кардааст, гуфт:

“Барои ба ватан рафтанам пул даркор. Пули ёфтаам нони кӯдакон мешавад. Намедонам, ба куҷо муроҷиат кунам. Ман ягон санад надорам. Падарам дар Остона, дар кӯчаи Алишер Навоӣ зиндагӣ мекунад. Номи падарам Теганов Бозорбой, модарам Элвира.”

Ба гуфтаи ӯ, то соли 2010 бо падараш дар тамос буд, вале баъди ин ҳама тамосҳо қатъ шуд ва ӯ телефони падарро ҳам надодад. Аз сӯи дигар бовар надорад, ки падари пиру барҷомондааш ба ӯ кӯмак карда тавонад. Дар ин муддат бо сабаби камсаводиаш ба сафорати Қазоқистон ҳам барои кӯмак муроҷиат накардааст. Дар як идораи полиси шаҳри Душанбе ба ӯ машварат доданд, ки аз Кумитаи занон кӯмак хоҳад, вале бо ҳамин дигар аз касе кӯмак нахостааст.

Ду фарзанди даҳсолаи Элмира мубталои бемории сил шуда ҳоло дар беморхонаи “Мачитон” бистарианд. Ду духтари солими чорсолааш тамоми рӯз ҳамроҳи модар дар бозор мегузаронанд.

Лаҳзаҳое, ки модар ба кашидани бори мардум машғул аст, онҳо атрофаш бозӣ мекунанд. Лаҳзаи хушҳолии кӯдакон ҳам, вақте аст, ки аробаи модар аз бор холӣ аст ва онҳо метавонанд дохилаш сайру хушҳолӣ кунанд. Чандин нафар ба Элмира пешниҳод карданд, то фарзандонашро ба ятимхона диҳад, вале ӯ рад кард. Намехоҳад кӯдаконро аз худ ҷудо кунад. “Интернат хуб аст, вале кӯдаконро аз худам ҷудо карда намехоҳам. Бо азоб ҳам бошад, онҳоро худам нон медиҳам.”

Мегӯяд, бо он ки бо меҳнати ҳалолу пок зиндагии худу фарзандонро пеш мебарад, қаноат мекунад. “Ғарӣ намекунам, дуздӣ намекунам, нону меҳнати ҳалол. Ягон кор бе мушкилӣ намешавад. Ҳама кор вазнинӣ дорад. Касе маҷбурам накардааст ба ин кор, виҷдонам водор кард барои нони кӯдакон кор кунам.”

Ягона зан аробакаш дар бозори “Гипрозем”-и Душанбе ҷойи зисти муайян надорад ва ҳар шом баъд аз бозор бар ивази 10 сомонӣ бо фарзандон шабро дар хонаи иҷорае рӯз мекунанд. Бо умеде, ки як рӯз зиндагиаш ба куллӣ тағйир меёбад ва нафаре пайдо мешаваду барои баргардонидани ӯ ба Қазоқистон кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG