Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳама маҷбур нестанд, ки либоси нави мактабӣ гиранд"


Дар як намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 200 кӯдаки ятим ва аз хонаводаҳои нодор либоси мактабӣ тақдим карда шуд. Майрам Акимбекова, сокини Хуҷанд, аз ҷумлаи афродест, ки барои се наберааш – Наргису Абдумуталиб ва Оиша – либоси мактабии бепул гирифт.

Ба қавли мудири маорифи Суғд, имсол ҳамаи хонандагон барои харидани либоси нави мактабӣ маҷбур карда намешаванд.

Ӯ рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кӯдакон модар надоранд ва тарбияашон бар ӯҳдаи ӯст. “Худам хонашин ҳастам. Падарашон кор мекунад ва даромадаш барои харидани ҳама лавозимоти мактабӣ намерасад. Модари Наргису Абдулмуталиб ва Оиша ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, бедарак шудааст”, - афзуд Акимбекова.

Ҳар сол дар остонаи соли хониш дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор мешавад. Майрам Акимбекова мегӯяд, барои харидани танҳо сару либоси 3 хонандаи мактаб ҳадди ақал 600-700 сомонӣ зарур аст ва ҳоло шоданд, ки онро бепул дарёфт карданд.

Дар идораи маорифи шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар маркази вилояти Суғд мисли набераҳои Акимбекова 600 мактабхони ятим ва аз оилаҳои камбизоат номнавис шудаанд. Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба дарсҳо бояд ҳатман бо либоси ягонаи мактабӣ ҳозир шаванд.

Соли гузашта ҳудуди 500 ҳазор хонандаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Суғд рӯзи 1-уми сентябр бо либосҳои нави мактабӣ ба дарс ҳозир шуданд. Имсол баҳсҳо миёни волидони хонандагон ва муаллимон сари он доғ буд, ки оё барои соли нави таҳсил боз ҳам барои фарзанди худ либоси нав харанд ё мумкин аст либосеро, ки соли гузашта харидаву кӯҳнаву фарсуда нашудааст, дар соли нави таҳсил ба бар кунанд?

Насиба Аминова, як сокини шаҳри Бӯстон, ду писари мактабхон дорад, ки яке хатмкунанда ва дувумӣ ба синфи 7-ум меравад. Ӯ дар корхонае ба ҳайси фаррош кор мекунад ва шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. Насиба Аминова мегӯяд, ҳоло тасмим нагирифтаанд, ки ба писари хурдӣ низ либоси мактабӣ бихаранд ё бо либоси кӯҳнааш соли таҳсилро истиқбол бигирад.

“Агар оила як фарзанд дошта бошад ва як қабат либос бихарад, сабук меафтад. Аммо оилаи камбағал ду-се фарзанд дошта бошад, ба ҳамаи онҳо либоси нав харидан вазнинӣ мекунад. Барои ҳамин, имсол фақат ба писари калониамон либоси нав мехарем, хурдӣ либоси порсолаи худашу бародарашро мепӯшад”, - афзуд Насиба Аминова.

Гулчеҳра Амонова, сокини дигари Хуҷанд, мегӯяд, ба нархи либоси мактабӣ, ки ҳудуди 200 сомониро ташкил медиҳад, эроде надорад, аммо мегӯяд, матоъ сунъист ва ба кӯдакон зарар дорад. Ӯ гуфт, “ин либосҳо синтетикианд ва дар зери нури офтоб медурахшанд. Ҳангоми аз тан бадар кардан низ аз онҳо шарора мепарад. Ин либос ба фарзандам, умуман ба ҳамаи бачаҳо зарар дорад. Лекин аз мактаб маҷбур мекунанд, ки ҳамин либоси пешниҳодкардаи онҳо харем. Аммо мо мехоҳем, ки либосҳои пахтагӣ харем.”

Вале корхонаҳое, ки либосҳои мактабиро таҳия мекунанд, матоъҳои пахтагиву пашмиро барои дӯхтани либоси шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба кор намебаранд, зеро нархи либос ба маротиб гарон меафтад.

Дар вилояти Суғд маоши миёнаи аҳолӣ ҳудуди 970 сомонӣ аст. Қисмати асосии сокинони қобили шуғл бекоранд ва ками кам аз шумораи умумии занону шавҳарон ҳар ду кор мекунанд ва маош мегиранд. Аз ин рӯ, харидани ҳатто як даста либос ва лавозимоти хониш барои фарзанди мактабхони худ ба бархе хонаводаҳо гарон меафтад.

Осим Каримзода, мудири маорифи Суғд гуфт, имсол ба хотири сабукӣ ба волидони хонандагон вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур додааст, нақшаи дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони вилояти Суғд як баробар кам карда шавад. Соли гузашта барои хонандагон 600 ҳазор либоси мактабӣ дӯхтаву ба фурӯш гузошта буданд ва имсол коргоҳҳои дӯзандагии маҳаллӣ ҳамагӣ 274 ҳазор либоси мактабиро дӯхта ба хонандагон мефурӯшанд.

Ҳамин тавр, ба қавли мудири маорифи Суғд, имсол ҳамаи хонандагон барои харидани либоси нави мактабӣ маҷбур карда намешаванд ва бархе метавонанд якуми сентябр бо либоси соли гузаштаи худ ба мактаб раванд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG