Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои бачаҳо аз куҷо либос бихарем?


Боз шудани ярмарка - фурӯшгоҳи лавозимоти мактабӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд аён сохт, ки волидайну талабаҳо кадом ашёи хонишро бояд аз мактаб харанд ва дар хариди чиҳо озоданд.

Боз шудани ярмарка - фурӯшгоҳи лавозимоти мактабӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд аён сохт, ки волидайну талабаҳо кадом ашёи хонишро бояд аз мактаб харанд ва дар хариди чиҳо озоданд. Ин фурӯшгоҳ субҳи рӯзи душанбеи 17-уми август дар ҳоле ифтитоҳ шуд, ки як дастури вазорати маориф барои харидани ашёи аслии хониш, либосу китоб ва рӯзномаву дафтар аз мактаб дар моҳе қабл ба вокуниши манфии бархе талабаҳову волидайн ва фурӯшандаҳои лавозимоти мактабӣ рӯбарӯ шуд. Онҳо мегуфтанд, ки ин амр ҳаққи интихоби озоди молу ашёро аз ҷониби талабаҳо маҳдуд мекунад.

Нашри як матлаби Радиои Озодӣ дар ин мавзӯъ, ки оё вазорати маориф бо ин роҳ фурӯши ашёи мактабиро "монополия" карданист ва бознашри он дар расонаҳои дигар, вокуниши шадиди мақомот ва баҳсҳои зиёдро дар миёни волидон ба миён овард. Мақомоти идораи маорифи Суғд баъдан гуфтанд, ки нияти танҳо ба ихтиёри худ даровардани низоми фурӯши лавозимоти мактабиро надоранд. Саидмухтор Ҷалолов, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд дар ин маврид рӯзи 17 август гуфт, ин ки “мақомот мехоҳанд фурӯши лавозимоти мактабиро ба монополияи худ табдил диҳанд, ҳақиқат надорад”. Ба гуфтаи вай, дар соли хониши нав ба хонандагон танҳо 3 ашёи хониш аз мактаб пешниҳод мешавад - дафтар, журнали синф ва рӯзнома. Ба гуфтаи Ҷалолов, сифати ин молҳои бозор ба талабот ҷавобгӯ набуд ва ҳоло вазорати маориф имкон дорад, ки бо ин ашёи зарурӣ мактабҳои кишварро таъмин кунад. Ҳамзамон мақомот ба раҳбарони мактабҳои Суғд дастур додаанд, ки либосҳои мактабии талабаҳо на аз бозор, балки аз ширкатҳои ватанӣ харидорӣ шаванд.

Ҳоло ҳар мактаби вилояти Суғд танҳо ба ширкати таъинкардаи мақомот дӯхтани либоси мактабиро барои хонандагон фармоиш медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, матои либосҳои мактабӣ аз ширкатҳои худии мисли “Нассоҷи Хуҷанд” ва “Текстил-Ситӣ” гирифта шуда, масъулияти таҳияи онҳо ба зиммаи 15 ширкат ва коргоҳҳои дӯзандагӣ вогузор шудааст. Мудири маорифи Хуҷанд таъкид мекунад, ки ин кор ба хотири таъмини хонандагон бо либосҳои сифатан беҳтар, аз ҷумла матоъҳои қисман пахтагӣ, ва ҳам дастгирии корхонаҳои ватанӣ анҷом мешавад. Саидмухтор Ҷалолов гуфт, агар ҳар кадом аз ним миллион хонандаи мактабҳои миёнаи вилояти Суғд 1-сомонӣ маблағро барои харидории ашёи мактабӣ сарф кунад, 500 ҳазор сомонӣ мешавад.

“Ин як дастгирии воқеии истеҳсолкунандаи ватанӣ ва иқдоми хубе аз ҷониби вазорати маориф аст”, мегӯяд Ҷалолов. Маъмулан либоси мактабӣ ба Тоҷикистон аз хориҷа ворид мешавад, ки аксар вақт бо матои сунъии синтетикӣ дӯхта шудааст ва ба саломатии кӯдак зарар дорад. Нархи либосҳои мактабии ширкатҳои дохилӣ барои писару духтар аз 120 то 150 сомонӣ арзиш дорад. Бо ин вуҷуд бархе хонандагону волидайн сифати матову тарзи дӯхти либосҳои мактабиро, ки барояшон дар корхонаҳои дӯзандагӣ пешниҳод мешавад, қобили қабул намедонанд. Соҳиба Назарова, ки ба ярмарка барои харидани ашёи мактабии писараш омада буд, гуфт, аз сифат ва тарзи дӯхти либоси писараш, ки 140 сомонӣ арзиш дорад, розӣ нест.

Хонум Назарова гуфт, рӯзномае ҳам, ки соли гузашта ба фарзандонаш аз мактаб харида буд, сифати хуб надошт ва баъди чанд моҳи истифода фарсудаву корношоям шудааст. Вале Маҳбуба Сайфидинова, сокини дигар шаҳри Хуҷанд аз ашёву сарулибоси фармоишии фарзандонаш қаноатманд аст. Ӯ мегӯяд, 160 сомонӣ сарф карда барои як фарзандаш сару тани босифат харидааст. Вай гуфт, шавҳар надорад ва саробонии чор фарзандро танҳо ба ӯҳда дорад. Мактаб вазъи танги иҷтимоии ӯро ба эътибор гирифта, ба як фарзандаш либоси мактабии ройгон тақдим кардаааст.

Ба ин тартиб, дар ярмаркаи рӯзи 17-уми август дар Хуҷанд ифтитоҳшуда либоси мактабӣ барои хонандагони синфи 1 - 160 сомонӣ, портфел аз 30 то 250 сомонӣ, рӯзномаи аз вазорати маориф пешниҳодшуда – 4,15 ва рӯзномаҳои дигар аз 7 то 15 сомонӣ, дафтари оддӣ - 30 дирам ва дафтари умумӣ - аз 1 то 6 сомонӣ нарх доштанд. Дар растаҳои ярмарка умдатан қаламу портфел, албом, ҷузвдон ва дигар ашёи хурду резаи хониш гузошта шудаанд. Аксари ин мол дар Чину Туркия истеҳсол шудааст.

Либоси фармоишӣ барои мактаббачаҳои суғдӣ.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

XS
SM
MD
LG