Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии як духтари ҳиҷобпӯш дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як хонандаи мактаб аз шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ шикоят кард, ки ӯро барои пӯшидани сатри исломӣ боздошт ва ду соат бозпурсӣ кардаанд.

Садбарг Раҳимова, хонандаи мактаби рақами 53 шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯро кормандони милисаи шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб соати тақрибан 12-и рӯзи 29 июл дар роҳ бо зӯрӣ ба мошин шинонда, ба шӯъба бурданд ва қариб 2 соат мавриди истинтоқ ва пурсиш қарораш додаанд.

Садбарг Раҳимова мегӯяд, ки вай берун аз мактабу хона ҳамеша ҳиҷоб мепӯшад, вале ин бори аввал буд, ки ӯро маъмурони милиса барои пӯшидани либоси мазҳабӣ дастгир карданд: «Ман ҳарчанд савол медодам, ки барои чӣ ман бояд дар мошини онҳо бишинам, онҳо исрор мекарданд, ки дар мошин шинам, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранду пас аз пурсуҷӯ ҷавобам медиҳанд. Гуфтам, ки ақаллан ба модарам занг занам ва ҳамроҳи вай равам. Онҳо рад карданд ва аз дастам кашида, маҷбурӣ дар мошин шинониданд,» мегӯяд Садбарг.

Ба нақли Садбарг Раҳимова, ходимони милиса Нуралӣ Бобоев ва Хурсанд Зокиров ӯро ба назди сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Назаров бурданд: «Аз ман пурсиданд, ки «барои чӣ бо ҳиҷоб мегардам?» ва «кӣ барои бо ҳиҷоб гаштан ба ман пул медиҳад?», «бо дастури кӣ ҳиҷоб мепӯшаму аз кай?». Мисли ин суолҳои зиёд дода, бо садои баланд таъкид мекарданд, ки дигар ҳиҷоб напӯшам.» Садбарг мегӯяд, ӯро танҳо баъди ду соат раҳо карданд.

Корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Бобоев, ки ба гуфтаи Садбарг, ӯро бо мошин ба шӯъба овардааст, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳамчун корманди қаторӣ сабаби боздошту пурсуҷӯи сокини шаҳри Кӯлоб Садбарг Раҳимоваро шарҳ дода наметавонад. Аммо ӯ таъкид кард, ки «ӯро ба зӯрӣ дар мошин нашинондаанд ва ҳеҷ зӯрӣ накардаанд.»

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Назаров, раиси шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб гуфт, ки мо духтарону занонро барои ҳиҷоб кордор нестем ва гуфт, ки мумкин ин духтарро ба гумони духтарони гумшуда оварда, пас аз пурсиш раҳо карда бошанд.»

Мақомоти милиса мегӯянд, тибқи қонун, ҳаққи ба хотири пурсуҷӯ ва ташхиси шахсият ба шӯъба овардани афродро доранд ва ин амал ба маънои боздошт нест, балки танҳо ба хотири шиносоии шахсият аст.

Аммо Садбарг Раҳимова мегӯяд, ки модараш ба додситонии шаҳри Кӯлоб аз «рафтор»-и кормандони милиса ариза навиштааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ҳам бо ҳиҷоб мегардад, вале ба дарсҳо бо либоси мактабӣ меравад. Пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва анвои дигари либоси мазҳабӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон расман манъ шудааст. Ба нақли Садбарг, вай баъди ба забони тоҷикӣ хондани «Қуръон» ҳиҷоб ба бар карда, ин амали худро «аз барои худо» медонад.

Қаблан чанд дафъа дар бораи дар кӯчаҳо боздошт шудани афроди ришдор гузориш шуда буд. Мавридҳои барои пӯшидани ҳиҷоб аз мактабу донишгоҳҳо ронда шудани духтарон низ сабт шудааст, вале ин бори аввал аст, ки як духтар аз боздошту бозҷӯияш аз тарафи ходимони милиса ба далели пӯшидани ҳиҷоб шикоят мекунад.
XS
SM
MD
LG