Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подшоҳи Арабистони Саудӣ писарашро валиаҳд таъйин кард


Муҳаммад бин Салмон.
Муҳаммад бин Салмон.

Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ писари ҷавонаш Муҳаммад бин Салмонро ба ҷои Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳд ё ҷойнишини худ, таъйин кардааст. Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ субҳи чаҳоршанбеи 21-уми июн гузориш дод, ки амир Муҳаммад бин Салмон, ки вазири дифои он кишвар низ мебошад, ҳамзамон муовини нахуствазир таъйин шудааст.

Муҳаммад бин Салмони 31-сола ҳамчунин раҳбарии Шӯрои иқтисодии ин кишварро ба ӯҳда дорад. Телевизиони Арабистони Саудӣ мегӯяд, аз 34 узви Шӯрои байъат, 31 нафар ба тағйири валиаҳд мувофиқат карданд. Ин Шӯро аз бархе аъзои хонадони Саудӣ иборат мебошад, ки интихоби подшоҳ ва валиаҳди ӯро ба ӯҳда дорад. Раиси ин Шӯро Машъал бин Абдулазиз Оли Сауд, моҳи гузашта дар 90-солагӣ даргузашт.

Бархе нозирон Муҳаммад бин Салмонро яке аз тарроҳони мудохилаи низомии Арабистони Саудӣ дар Яман медонанд.

​Амир Муҳамад бин Ноиф, ки то кунун валиаҳд ва вазири умури дохилии ин кишвар буд, аз ҳама вазифаҳояш барканор шудааст. Муҳаммад бин Салмон, ҷавонтарин вазири дифои Арабистони Саудӣ, то ба ҳол бо унвони ҷойнишини валиаҳд, низ шинохта мешуд. Дар соли 2015 подшоҳи Арабистони Саудӣ тайи як фармон Муҳаммад бин Ноифро ба унвони валиаҳди нав, ҷойнишини бародараш аз модари дигар Муқрин бин Абдулазиз, таъйин карда буд. Ин масъала он вақт дар расонаҳои байналмилалӣ бозтоб ва сарусадои густурда пайдо карда буд.

Бо валиаҳдии Муҳаммад бин Ноиф, барои нахустин бор дар таърихи Арабистони Саудӣ, яке аз набераҳои Ибни Сауд (Малик Абдулазиз) дар масири тоҷу тахт қарор гирифта буд. Пеш аз он фарзандони Ибни Сауд, яъне бародарони хонадон аз насли дувум, ба подшоҳӣ расида буданд. Муҳаммад бин Ноиф бародарзодаи Малик Салмон, подшоҳи кунунии Арабистони Саудӣ аст. Дар ҳамон вақт буд, ки Муҳаммад бин Салмон ҷойнишини валиаҳд ва ҳамчунин Одил Ал-Ҷубайр ба ҷои Сауд Ал-Файсал вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, таъйин шуданд.

Муҳаммад бин Салмон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Муҳаммад бин Салмон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, таҳаввулоти нав дар Арабистони Саудӣ, дар идомаи тағйироти умда дар вазъияти салнатат ва идораи он кишвар, тайи дувуним соли гузашта, сурат мегирад. Дар воқеъ бархе нозирон, Муҳаммад бин Салмонро яке аз тарроҳони мудохилаи низомии Арабистони Саудӣ дар Яман медонанд.

Ӯ ахиран ба Вошингтон ва Маскав сафар карда ва бо Доналд Трамп ва Владимир Путин дидор ва гуфтугӯ кардааст. Гуфта мешавад, ки дидорҳои Путин ва Муҳаммад бин Салмон ба талошҳо барои пешгирӣ аз коҳиши нархи нафт, низ таъсири калидӣ доштааст.

Дар ҳоли ҳозир бино бар бархе аз гузоришҳо, Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ ба бемориҳои гуногун мубтало мебошад. Подшоҳи Арабистони дар ҳоли ҳозир 82-сола мебошад. Ӯ соли 2014 пас аз даргузашти бародараш Малик Абдуллоҳ бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ шуд.

XS
SM
MD
LG