Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cаудӣ сафири худро аз Сурия фаро хонд


Абдуллоҳ бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар эътироз ба саркӯби мӯътаризон дар Сурия, сафири худро фаро хонд.

Ӯ шомгоҳи рӯзи якшанбе бо судури баёнияе эълом кард, «Ончӣ дар Сурия рӯй медиҳад, аз назари Саудӣ мавриди пазириш нест.»

ИНТИҚОДИ ШАДИД АЗ РЕЖИМИ АСАД

Ин шадидтарин интиқоде аст, ки аз замони оғози эътирозҳои ҷаҳони араб, Арабистони Саудӣ аз ҳокими яке аз кишварҳои арабӣ мекунад. Аз замони оғози эътирозҳо дар Сурия 21 ҳафта мегузарад. Ба гуфтаи фаъолони суриягӣ, саркӯби ин эътирозҳо тавассути нерӯҳои амниятӣ ва артиш то кунун беш аз ду ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст.

Абдулло бин Абдулазиз дар баёнияи худ иброз доштааст: «Давлати Сурия бояд мошини куштор ва хунрезиро мутаваққиф кунад ва пеш аз поёни фурсат, хирадро ҳоким кард ва ислоҳоти воқеиро пеш бибарад.»

Ӯ таъкид кард: «Он чӣ, ки дар Сурия рух медиҳад, на бо дин созкор аст ва на бо арзишҳои ахлоқӣ.»

ТАЗОҲУРОТИ ГУСТУРДА ДАР САРЗАМИНИ ШОМ


Саркӯби эътирозҳо тавассути низоми Башшор Асад, ба яке аз хушунатбортарин саркӯбҳо дар ҷаҳони араб табдил шудааст. Нерӯҳои артиши Сурия бо пуштибонии наздик ба 250 тонк, аз саҳаргоҳи якшанбе ба шаҳри шарқии Дайр-ул-Зур юриш бурданд. Гулӯлаборони маҳаллаҳои мухталиф тавассути тонкҳои артиш, дастикам 50 нафарро кушт. Дар ҳафтаҳои гузашта дар ин шаҳр тазоҳуроти эътирозии густурда барпо шуда буд.

Ҳафтаи гузашта низ шаҳри Ҳамо шоҳиди юриши артиш буд, ки дар ҷараёни он дастикам 300 нафар кушта шуданд. Дар ин шаҳр тайи як моҳи гузашта тазоҳуроти бисёр густурдае баргузор шуда буд, ки ширкаткунандагон дар он гоҳ ба ним миллион низ мерасид.


Дигар шаҳрҳои Сурия низ якшанбе шоҳиди тазоҳуроти эътирозомез ва саркӯб аз сӯи нерӯҳои амниятӣ ва артиш буд. Артиш ва нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Ҳимс тазоҳуркунандагонро саркӯб карданд, ки дар ҷараёни он чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Дар шаҳри Адлаб нерӯҳои амниятӣ ба самти тазоҳуркунандагон, ки дар маросими ҷанозаи кушташудагони тазоҳуроти рӯзҳои гузашта буданд, оташ кушуданд ва теъдодеро кушта ва шумори дигареро захмӣ карданд.

Шумори мӯътаризоне, ки рӯзи якшанбе дар шаҳрҳои мухталифи Сурия кушта шуданд, дастикам 70 нафар бароварда шудааст. Мақомҳои расмии Сурия мегӯяд, ки дар ҳоли мбориза бо афроди мусаллаҳи террорист ҳастанд. Ривояте, ки мӯътаризон онро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф аз амалиёти низомии артиш ва нерӯҳои амниятӣ, саркӯби тазоҳуроти мусолиматомез аст.

СУРИЯ ДАР ДУРОҲАИ ИНТИХОБ

Подшоҳи Арабистони Саудӣ дар бахши дигари баёнияи худ хотирнишон кард: «Давлат ва миллати Сурия аз мавозеи гузаштаи подшоҳии Саудӣ дар ҳамроҳии худ огоҳанд. Ин кишвар имрӯз низ бар сари масъулияти таърихии худ дар баробари бародаронаш хоҳад истод ва мехоҳад ҳар чӣ зудтар ва пеш аз поёни фурсат, мошини куштор ва хунрезӣ мутаваққиф шавад.»

Ӯ ҳамчунин таъкид кард: «Он чӣ дар Сурия рух медиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Мақомҳои Сурия метавонанд ислоҳоти сареъ ва фарогир эъмол кунанд. Ояндаи давлати Сурия дар як дуроҳӣ қарор дорад. Ё ин, ки бо иродаи худ ҳикмат ва хирадро пеша кунад ва ё дар жарфои ошӯб ва нобудӣ гум шавад.»

ФИШОРИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА БА СУРИЯ

Рӯзи якшанбе Иттиҳодияи Араб низ дар баёнияе хостори таваққуфи хунрезиҳои рӯ ба афзоиш дар Сурия шуд. Ин иттиҳодия аз давлати Сурия низ дархост кард, хушанат алайҳи ғайринизомиёнро поён диҳад. Кишварҳои арабӣ бо вуҷуди он, ки дар муқобила бо Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба Ғарб пайвастанд, аммо дар хусуси Сурия, ҷониби эҳтиётро пеш гирифтаанд.

Туркия, ки яке аз қудратҳои минтақаӣ аст, аз чанд моҳ пеш эътирози худро ба саркӯбҳо дар Сурия баён кард. Қарор аст, ки вазири хориҷии Туркия рӯзи сешанбеи ба Димишқ биравад. Бино ба гузориши хабаргузории Рейтерз, вазири умури хориҷии Туркия ҳомили паёми Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири ин кишвар ва мақомҳои амрикоӣ ба мақомҳои суриягӣ аст, ки аз онҳо мехоҳад артишро ба пойгоҳҳои худ боз гардонанд.

Мавзеи ахири Арабистони Саудӣ метавонад роҳро барои мавозеи эътирозомези дигар кишварҳои арабӣ ба саркӯби эътирозҳо дар Сурия бикушояд.
XS
SM
MD
LG