Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ ва муттаҳидонаш ба Қатар 48 соати дигар "муҳлат" доданд


Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш дар пайи миёнҷигарии Кувайт, мӯҳлати додашуда ба Қатар барои пазируфтани дархостҳои 13-гонаро ду рӯзи дигар тамдид карданд.

Ҳудуди як моҳ пеш, чаҳор кишвар -- Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Баҳрайн бо муттаҳам кардани Қатар ба "ҳимоят аз терроризм", робита бо ин кишварро қатъ кард ва барои барқарории муносибатҳо, 13 шарт пешниҳод карданд. Аз ҷумлаи ин шартҳо коҳиши сатҳи робита бо Эрон, бастани шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия, мебошанд.

Бино ба гузоришҳо, кишварҳое, ки бо Қатар қатъи робита карданд, дар идомаи фишорҳо бар Давҳа мумкин аст Қатарро аз узвияти Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, берун кунанд.

Ба гузориши телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ, Риёз ва муттаҳидонаш, ки бо Қатар қатъи робита кардаанд, "муҳлати таъйиншуда" барои посухгӯии Давҳа ба хостаҳои худро, 48 соат тамдид мекунанд. Амири Кувайт пештар гуфта буд, ки посухи Қатарро дарёфт кардааст. Телевизиони "Ал-Арабия" вобаста ба Арабистони Саудӣ, ки аз Дубай барномаҳо нашр мекунад, субҳи 3-юми июл эълон кард, ки ин чаҳор кишвар дар пайи дархости амири Кувайт, ки ҳамчун миёнарав амал мекунад, дар бораи тамдиди муҳлат мувофиқат карданд.

Сабоҳ Аҳмад Сабоҳ, амири Кувайт субҳи душанбеи 3-юми июл эълом кард, ки посухҳои расми Қатарро дарёфт карда ва фавран аз Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш хостааст, то 48 соати дигар мӯҳлат бидиҳанд. Амири Кувайт дар бораи посухҳои Қатар ҷузъиёте надодааст.

Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар рӯзи шанбеи 1-уми июл дар Рим -- пойтахти Итолиё изҳор дошт, ки Давҳа ҳамчунон омодагӣ дорад дар бораи мушкили ба вуҷудомада, бо кишварҳои ҳамсоя, гуфтугӯ кунад. Ӯ ҳамчунон гуфтааст, ки Қатар шартҳои ин чаҳор кишварро радд мекунанд.

Шаби гузашта бо поён расидани муҳлати таъйиншуда барои Қатар, бозори саҳҳом ё биржа дар он кишвар беш аз се дарсад суқут кард. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар маҷмӯъ аз оғози бӯҳрони дипломатӣ миёни чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар, бозори саҳҳоми ин кишвар 12 дарсад суқут кардааст.

Харитаи Қатар.
Харитаи Қатар.

Даҳ рӯз пеш Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш эълом карданд, дар сурати пазируфта нашудани дархости ин кишварҳо, даст ба таҳрими Қатар хоҳанд зад. Қатар ин шартҳоро рад карда ва аммо гуфтааст, ки омодаи гуфтугӯ аст. Аз сӯи дигар, қарор аст вазирони умури хориҷии Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Миср ва Иморот рӯзи чаҳоршанбе дар Қоҳира роҷеъ ба ояндаи равобит бо Қатар, дидор кунанд.​

Бино ба гузоришҳо, кишварҳое, ки бо Қатар қатъи робита кардаанд, дар идомаи фишорҳо бар Давҳа мумкин аст Қатарро аз узвият дар Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, берун кунанд. Ин Шӯро илова бар Баҳрайн, Иморот ва Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Уммонро низ дар бар мегирад, ки то ба ҳол бо Қатар робита доранд.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико аз тарафҳои бӯҳрони Қатар хостааст, то барои ҳалли он бо якдигар музокира кунанд. Оқои Тиллерсон давоми чанд рӯзи гузашта бо вазири умури хориҷии Қатар ва ҳамчунин кафили вазири мушовири Кувайт, дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG