Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот хост, Амрикову Аврупо Қатарро "ислоҳ" кунанд


Қатар ҳоло дар муҳосираи иқтисодии Арабистони Саудӣ қарор дорад
Қатар ҳоло дар муҳосираи иқтисодии Арабистони Саудӣ қарор дорад

Як мақоми баландпояи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, ки дар сурати ҳосил шудани ҳаргуна мувофиқа барои ҳалли моҷаро байни Қатар ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс, эҳтиёҷ ба “кафолати” Амрикову Иттиҳодияи Аворупо ба миён меояд, ки Қатарро ба иҷрои талаботи созиш водор намоянд.

Моҷаро байни ин кишварҳои арабӣ рӯзи 5-уми июн ва баъд аз он бархост, ки Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср, бо муттаҳам кардани Қатар ба ҳимоят аз ифротгароён ва террористон, робита бо ин кишвари хурдро қатъ карданд.

Анвар Қарқош, гуфт Амрикову Аврупо бояд кӯмак кунанд.
Анвар Қарқош, гуфт Амрикову Аврупо бояд кӯмак кунанд.

Анвар Қарқош, вазири умури хориҷии Иморот рӯзи 24-уми июн гуфт, моҷаро метавонад, аз роҳи дипломатӣ рафъ шавад, “ба шарте, ки Қатар аз ҳимоят аз ифротгароӣ ва терроризм даст кашад.” “Агар Қатар роҳи хирадро пеш бигирад, мо ба як зумра кафолату назорат зарурат дорем, то ки мувофиқатнома бо Доҳа иҷро шавад” – гуфт Анвар Қарқош ва афзуд, ки дар инҷо “кафолати Аврупо ва Амрико лозим мешавад”.

Вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ афзуд, “Мо ба миёнҷигарии Аврупо ниёз надорем ва фикр намекунам, ки онҳо хоҳони миёнҷигарӣ бошанд. Нақши онҳо бояд фишор ба Қатар бошад.”

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Миср ва Баҳрайн, рӯзи 22-уми июн ба Қатар 13 шарт гузоштанд, ки ба гуфтаи онҳо дар сурати иҷрояш робитаҳо метавонанд, аз нав барқарор шаванд. Яке аз ин шартҳо, бастани телевизиони Ал-Ҷазира аст ва барои қабули ин шартҳо ба Қатар 10 рӯз мӯҳлат додаанд. Дигар шартҳо ин аст, ки Қатар бисёре аз ҳамкориҳояш бо Эронро қатъ кунад ва пойгоҳи ҳавоии Туркияро дар қаламраваш бандад.

Масъала маҳдуд кардани истиқлоли Қатар ва гирифтани умури сиёсати хориҷӣ аз дасти мост.

Аз ин пештар Анвар Қарқош аз кишварҳои ғарбӣ ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон ва Бритониё хост, ки дар назорати иҷрои ҳаргуна аҳднома бо Қатар кӯмак кунанд. Анвар Қарқош гуфт, ки “Онҳо (барои назорат) василаҳои дипломатӣ ва қуввату фанн доранд.”

Қатар талаботи кишварҳои арабиро “номаъқул” номид. Шайх Сайф ал-Сонӣ раиси Идораи равобити умумии Қатар гуфт, ки “Феҳрасти талабот ончиро собит мекунад, ки Қатар аз аввал гуфтааст, “Муҳосираи ғайриқонунӣ, ҳеҷ иртиботе ба мубориза бо терроризм надорад. Масъала маҳдуд кардани истиқлоли Қатар ва гирифтани умури сиёсати хориҷӣ аз дасти мост.” Сайф ал-Сонӣ гуфт, талабот “номаъқул ва иҷронашаванда” аст.

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон
Раҷаб Тайиб Эрдӯғон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 25-уми июн гуфт, даъват барои бастани пойгоҳи низомии кишвараш дар Қатар “беэҳтиромист”. Ӯ пешниҳод кард, ки пойгоҳ ҳам дар Арабистони Саудӣ бошад ва ҳам дар Қатар. Вале Риёз ба ин пешниҳод посух надодааст. Ӯ гуфт, “Ҳарчанд онҳо ба мо посух надодаанд, вале дархост аз Туркия барои берун кашидани нерӯҳояш аз Қатар, беэҳтиромӣ нисбат ба Туркия аст”.

Анвар Қарқош гуфт, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳони “тағйири ҳукумат” дар Қатар нест, балки мехоҳад, ин кишвар рафторашро тағйир бидиҳад. “Гузина, шиддат гирифтани бӯҳрон нест. Гузина ҷудо шудани роҳҳост. Барои мо нигаҳ доштани иртиботи муштарак бо яке аз шариконе, ки ифротгароӣ ва ҳадафҳои террористиро фаъолона пеш мебарад, мушкил аст” -мегӯяд, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ.

Вазорати умури хориҷии Амрико, то рӯзи 23-уми июн феҳрасти талаботи кишварҳои арабӣ аз Қатарро шарҳ надод, вале Кохи Сафед зоҳиран ба фосила гирифтан аз моҷаро гуфт, ки ҷанҷол бо Қатар “масъалаи хонаводагӣ” аст, ки кишварҳои арабӣ бояд худашон ҳал кунанд.

Қатар мизбони пойгоҳи Ситоди муштараки нерӯҳои Амрико аст, ки амалиётҳо дар Сурияву Ироқ ва Афғонистонро назорат мекунад ва дар он 10 000 сарбози амрикоӣ хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG