Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қатар шарти чаҳор кишвари арабиро “бемантиқ” донист


Ҳукумати Қатар рӯзи 24-уми июн шартҳои чаҳор кишвари Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудиро “бемантиқ” хонд.

Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бист рӯз пеш бо иттиҳоми ҳимоят аз бунёдгароён муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо Қатар қатъ карда, баъдан ба хотири ба роҳ мондани равобит хостори иҷрои 13 шарт аз сӯи Доҳа шуданд.

Дар ин шартҳо масдуд кардани телевизиони “Ал-Ҷазира”, сардии равобит бо Эрон ва бастани пойгоҳҳои низомии Туркия дар Қатар тақозо шудааст.

Шайх Сайф ал-Сонӣ, масъули дафтари равобити ҳукумати Қатар гуфтааст, ин тақозоҳо баёнгари онанд, ки муҳосираи, ба қавли ӯ, ғайриқонунии Қатар бо терроризм ҳеҷ иртибот надорад ва ҳадафи он маҳдуд кардани озодиҳои дохилӣ ва сиёсати хориҷии ин кишвар аст. Сайф-ул-Сонӣ гуфтааст, тақозоҳо мантиқӣ набуда, қобили пазириш нестанд.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG