Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Уфа – ба Исфара. Тоҷикистон 7 "салафӣ"-ро афв кард


Акс аз бойгонӣ

Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 7 пайрави ҷараёни мамнӯи "Салафия"-ро аз Русия ба зодгоҳашон – шаҳри Исфара – баргардондааст. Ин раёсати Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки пайравони равияи мамнӯи "Салафия" дар шаҳри Уфаи Русия панаҳ бурда буданд.

  • Як манбаъ дар ин идора рӯзи 11-уми август гуфт, "онҳо аз кардаи худ пушаймон шуда, аз пайравӣ ба ин ҷараён даст кашиданд. Бо таваҷҷуҳ ба онки собиқаи ҷиноӣ надоштанд, афв шуданд".
Бори аввал аст, ки пайравони ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” афв шуда, аз хориҷ ба кишвар баргардонда шуданд.

Бахтиёр Бобоев, Абдурашид Ғаниҷонов, Нурулло Саъдуллоев, Субҳониддин Ҷалолиддинов, Суҳроб Сатторов, Абдусалом Ғаниев ва Содиқ Абдуллоев рӯзи 8-уми августи имсол аз Русия ба ватан оварда шуданд. Ҳоло ин сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар зодгоҳи худ дар озодӣ ҳастанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ин афрод аз пайравӣ ба ақидаи ҷараёни “Салафия” даст кашидаанд ва бинобар муқаррароти қонун аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд. То ба ҳол бо мусоидати ҳамин раёсати Вазорати умури дохилӣ даҳҳо ҷонибдори созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва аъзои собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ низ ба ватан оварда шудаанд.

Коршиносони мустақил мегӯянд, бо вуҷуди бе силоҳу бе нерӯ будан, фаъолияти мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ҳар гуна нишастҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҳукуматро асабонӣ мекунад.

Пас аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ҲНИ ба ҳамдастӣ ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ айбдор шуд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар кишвар манъ намуд. Дар ин миён наздик ба 200 узви ин ҳизб ҳабс шуданд, аммо бахше ҳам аз кишвар фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурданд.

Ба фарқ аз оппозитсиюни солҳои 90-ум, мухолифони нав силоҳу аслиҳае надоранд ва ягона яроқашон шабакаҳои иҷтимоист, ки тавассути он ҳукуматро танқид мекунанд.

Аммо бори аввал аст, ки пайравони ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” афв шуда, ба кишвар бозгардонида шуданд.

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи маъруфи қалб, ба ҷурми пайравӣ аз "Салафия" ба 5,5 соли ҳабс маҳкум гардид
Абдумалик Саломов, ҷарроҳи маъруфи қалб, ба ҷурми пайравӣ аз "Салафия" ба 5,5 соли ҳабс маҳкум гардид

"Салафия" ҷараёни тозапайдое дар Ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин равияро бо Ваҳҳобия тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ кард ва соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон намуд.

Мубориза алайҳи пайравони “Салафия” соли 2015, пас аз он шиддат гирифт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, беш аз ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. То кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз “Салафия” боздошту зиндонӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG