Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Язғулом чӣ мегузарад?


Агар ба харитаи Тоҷикистон ва омори гароиши ҷавонон ба гуруҳу ҳаракатҳои ҷангҷӯву тундрав назар кунем, чанд нуқтаи ба истилоҳ «доғ» дар минтақаҳои кишвар намудор мешавад.

Ин нуқтаҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҷойгиранд, аммо чанд муштаракот доранд. Дар ин минтақаҳо маъмулан мардумони суннатгаро ва муҳофизакор зиндагӣ мекунанд, ки беш аз дигарон ба дину мазҳаб пойбанд ҳастанд.

Язғулом яке аз ҷамоатҳои Ванҷ аст, ки дар он беш аз 6 ҳазор нафар маскунанд. Сокинони ин ҷамоат забони хоси худро доранд ва пайрави мазҳаби суннӣ мебошанд. Табиатан, мисли дигар мардуми мутадайин ҳастанд.

Бинобар омори мақомоти интизомӣ дар миёни вилоятҳои Тоҷикистон аз ҳама камтар ҷавонон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ҳамагӣ 45 нафар. Аксари онҳо зодагони ноҳияи Ванҷ мебошанд.

Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Худмухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 26-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар иттилои онҳо аз ин ноҳия 15 ҷавон ба сафи гуруҳҳои ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Аксари онҳо аз ҷамоати Язғуломанд. Ӯ гуфт:

«Ягон нафар аз ин ҷавонон бевосита аз ноҳияи Ванҷ нарафтааст. Ҳамаи онҳо аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба ҷангҳо ҷалб шудаанд. Ягон нафар на аз Ванҷ ва на аз водии Язғулом хеста ба ин гуруҳҳо напайвастааст».

Хонум Раҷабова гуфт, айни замон мардуми ин ноҳия дар шароити сулҳу осоиштагӣ ба сар мебаранд ва ҳеҷ мояи нигаронӣ вуҷуд надорад.

Ташкили воҳиди ОМОН дар Ванҷ

Вале зоҳиран нигарониҳо аз гароиши ҷавонони ин мавзеъ ба ақидаҳои ифротӣ мақомотро дар фикри тақвияти тадбирҳои амниятӣ кард. Феълан дар Ванҷ як воҳиди низомии ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷараён дорад. Вале раиси ноҳия мегӯяд, ин ҷо ҳеҷ ҷои тааҷҷуб ё нигаронӣ нест, чун, ба гуфтааш, ин як ҷараёни маъмулӣ ба хотири таъмини бехатари дар минтақа аст.

Ӯ гуфт: «Дар ҳама ноҳияҳо қисмҳои низомӣ, шӯъбаҳои Вазорати дохилӣ ҳаст, дар ноҳияи мо ҳам аз ҷумла бунёд мешавад ва ҷойи нигаронӣ надорад», иброз дошт Давлатбибӣ Раҷабова.

Давлатбибӣ Раҷабова. Акс аз вебсайти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Давлатбибӣ Раҷабова. Акс аз вебсайти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Ҷамоати Язғулом бо ҳудудан 6 ҳазор аҳолӣ яке аз минтақаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон аст. Зодагони ин ҷамоати ноҳияи Ванҷ, ки ба ҳудудҳои вилояти Бадахшон шомил аст, аксар суннимазҳабанд ва забони қадимаи язғуломии худро ҳифз кардаанд.

Бино бар иттилое, ки Вазорати умури дохилӣ ошкор карда буд, шумори ҷавононе, ки аз Ванҷ, хусусан ҷамоати Язғулом ба гуруҳҳои ифротиву ҷангҷӯ пайвастаанд, ба 25 нафар мерасанд. Шумори муайяни дигаре ҳам аз сокинони Язғулом дар миёни ҷангиёни тоҷик дар Афғонистон ҳам дида шудаанд.

Сояи ошӯби Абдуҳалим Назарзода

Шумораи дақиқи ҷавонони фирорӣ аз ин мавзеъ ба Афғонистон маълум нест, аммо мавҷи гурези онҳо ба Афғонистон пас аз ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини Вазорати дифоъ сурат гирифт.

Моҳе қабл мақомоти Афғонистон чор нафар зодагони ҷамоати Язғулом, ки дар Афғонистон ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ пайваста буданд, боздошт ва ба дасти мақомоти тоҷик супурданд.

Моҳи апрели соли 2017 мақомоти Тоҷикистон аз марги Шермуҳаммад Сафаров, бо тахаллуси “Шери Язғулом” хабар доданд, ки дар пайи як бомбандозӣ дар вилояти Нангарҳор ҷон додааст.

Шермаҳмад Сафарови 48-сола, бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати дифои Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар ошӯби нокоми гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода бозпурсӣ шуда буд, ки баъдан фирор карда ба Афғонистон гузаштааст.

Чархиши куллӣ дар зеҳни ҷавонон

Ноилшои Шодӣ, як сокини ноҳия Ванҷ, ки муддатест машғули омӯзиши сабабу омилҳои гарвиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро дар ин минтақа аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт:

«Язғулом яке аз ҷамоатҳои Ванҷ аст, ки дар он беш аз 6 ҳазор нафар маскунанд. Сокинони ин ҷамоат забони хоси худро доранд ва пайрави мазҳаби суннӣ мебошанд. Табиатан, мисли дигар мардуми мутадайин ҳастанд. Аммо чархиши куллӣ дар зеҳни динии мардум баъди он ба вуҷуд омад, ки як гуруҳ аз ҷавонони ин ҷамоат барои таҳсил ба мактабҳои динии Зоҳидони Эрон ва Покистон рафтанд».

Соли 2016 зимни дидор аз Язғулом президент ба тақвияти иқтисоди ноҳияи Ванҷ ва кулли қаламравҳои Бадахшони Кӯҳӣ таъкид кард
Соли 2016 зимни дидор аз Язғулом президент ба тақвияти иқтисоди ноҳияи Ванҷ ва кулли қаламравҳои Бадахшони Кӯҳӣ таъкид кард

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, мазҳбагароӣ танҳо омиле нест, ки боиси гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву тундгаро мешавад, балки омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, назири набуди ҷойи кор, ки ногузир боиси муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷа мешавад аз омилҳои таҳрикдиҳанда ба шумор меояд.

«Дар ҷамоати Язғулом ба ҷуз аз мактаб ва як бемористони хурд ва ду нерӯгоҳи хурди барқӣ обӣ дигар ҷойи кор нест. Дар ин нерӯгоҳҳо ҳам ду ва ё се кас бо кор фаро гирифта шудаанд. Вале ин водии Язғулом имконияти фаровони пазироии сайёҳон ва рӯёнидани меваҳоро дорад. Агар дар ин ҷо корхонаҳои хурди коркарди мева бунёд карда шавад, ҷойҳои кории нав фароҳам ояд, бисёре аз мушкилоти минтақа аз ҷумла гаравиши ҷавнон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҳал мешавад», иброз дошт Ноилшои Шодӣ.

Манотиқи осебпазир дар харитаи Тоҷикистон

Зимнан, дар Тоҷикистон пажуҳишгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди президент дар охири соли 2017 чанде аз минтақаҳои аз назари ифротгароӣ осебпазирро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Мулломухтор Муллоев, ходими Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар пайи як пажӯҳиш мавзеъҳоеро, ки нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз сокинонашон ба ҷангҳои Сурия рфатанд ва ё ба ҳаракатҳои тундрави «Салафия» ва «Ҳизби таҳрир» гаравидаанд, номбар карда буд. Дар миёни навоҳии вилояти Бадахшон танҳо ноҳияи Ванҷ ва бахусус ҷамоати Язғулом ба ин феҳрист ворид шудаанд.

Ноҳияи Ванҷ
Ноҳияи Ванҷ

Ин масъули Маркази таҳқиқоти стратегӣ минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон аз ифротгариро ба ин тартиб мушаххас кард:

Ноҳияҳои тобеи марказ – шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Нуробод.

Вилояти Суғд – шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ.

Вилояти Хатлон – шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Восеъ.

Таъкиди пажӯҳишгарон ба ин манотиқ аз он ҷост, шумори бештарини афроди гумонбар дар ифротгароӣ дар ҳамин мавзеъ бузург шудаанд.

XS
SM
MD
LG