Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Исҳоқ Табаров 2 соли ҳабсашро дар "зиндони вазнин" мегузаронад


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳбус Фирӯз Табаров, писари вакили дифоъ марҳум Исҳоқ Табаровро ҳамчун "вайронкунандаи ашаддии тартиби муқарарашудаи адои ҷазо", барои 2 сол ба маҳбаси низомаш вазнин, маҳкум кард. Фирӯз Табаров дар соли 2015 бо иттиҳоми “зархаридӣ” ва “даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” ба 13 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуда буд.

Наздикони Фирӯз Табаров мегӯянд, ки фарзанди онҳо дар ин занозанӣ даст надорад ва ӯро дар қатори дигарон ба "низоми маҳбасӣ" бурдаанд.

Мақомоти Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар моҳи Рамазони имсол дар маҳбаси рақами якуми Душанбе миёни пайравони равияи салафия ё ба истилоҳ мазҳабиҳо ва "ҳаётӣ"-ҳо (дунявиҳо) занозании шадиди рух дод ва дар пайи он даҳҳо нафар боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо Фирӯз Табаров низ мебошад.

Як манбаъ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шарти ифшо накардани номаш рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирӯз Табаров бар асоси пешниҳоди раиси маҳбаси рақами аввали пойтахт, ба 2 соли адои ҷазо дар "низоми маҳбасӣ", маҳкум шуд. "Низоми маҳбасӣ" зиндонест, ки тартибаш аз маҳбасҳои низомаш сангин ҳам шадидтар мебошад.

Ин манбаъ аз қавли масъулони зиндон гуфт, маҳкумшуда Фирӯз Табаров дар давраи адои ҷазо вазифаҳои ба зимааш гузоштаро иҷро накарда, 3 маротиба қоидаи маҳбасро вайрон намудааст, ки "ба ислоҳ шудани дигар зиндониҳо", халал ворид кардааст.

Вай гуфт, таъйини додгоҳ дар нисбати ин зиндонӣ рӯзи 20-уми июл содир шуд ва Фирӯз Табаров ба "низоми маҳбасӣ" интиқол дода шудааст. Давраи адои ҷазои Фирӯз Табаров аз 4-уми июли соли 2015 то 4-уми январи соли 2029-ро дар бар мегирад ва ду соли онро дар "низоми маҳбасӣ", сипарӣ мекунад.

Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров

Як манбаъ аз Раёсати ислоҳи ҷазои Вазорати адлия гуфт, муноқиша миёни салафиҳо ва "ҳаётиҳо" (дунявиҳо) дар маҳбаси рақами аввал, ки ба занозании 70 зиндонӣ кашонд, раҳбарияти маҳбас ва раёсатро ба ташвиш андохт. Вай гуфт, то кунун беш аз 20 нафар аз маҳбусҳо бар асоси пешниҳоди раиси маҳбаси аввал, бо таъиноти додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба мудати шаш моҳ ба "низоми маҳбасӣ", интиқол дода шудаанд.

Аммо наздикони Фирӯз Табаров мегӯянд, ки фарзанди онҳо дар ин занозанӣ даст надорад ва ӯро дар қатори дигарон ба "низоми маҳбасӣ" бурдаанд.

Фирӯз Табаров авоили соли 2016 аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба зиндон маҳкум шуда буд. Исҳоқ Табаров он замон гуфт, ки писараш ба таври ғайриқонунӣ боздошт шуда, дар пайи шиканҷаву зӯроварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG