Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштирокчии ҷанги Афғонистон ба "салафигарӣ" муттаҳам шуд


Як сокини деҳаи Сайф Раҳим Афардии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми "салафигарӣ", боздошт шудааст. Мақомот ин сокини Фархорро ҳудуди як моҳ қабл боздошт карда буданд. Наздикон ва ҳамдеҳаҳои Карим Абдуллоев мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ робитае ба "салафият" надорад. Карим Абдуллоев дар миёнаҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар сафи нерӯҳои Шӯравӣ алайҳи муҷоҳиддини афғон ҷангидааст.

Аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алайҳи Карим Абдуллоеви 55-сола, бо моддаи 307, прим 3, қисми 2, яъне ширкат дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияиҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки фаъолияти онҳо манъ шудааст, парванда боз шудааст. Дар сурати исботи иттиҳом, Карим Абдуллоевро аз 3 то 5 соли зиндон интизор аст. Ҳамчунин ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.

Парвандаи Карим Абдуллоевро шӯъбаи корҳоди дохилии Фархор тафтиш мекунад ва пас аз такмил шудан, ба додгоҳи ҳамин ноҳия ирсол мешавад.

Писари Карим Абдуллоев мегӯяд, ки дар миёнаҳои моҳи гузашта вакили маҳалла аз номи мақомот падарашро ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия даъват кард ва ҳамин тавр ӯро боздошт карданд ва ба СИЗО-и Кӯлоб интиқол доданд. Ба гуфтаи вай, падараш танҳо чаҳор рӯз пеш ба ШКД-и Фархор бозпас оварда шуд. Парвандаи Карим Абдуллоевро шӯъбаи корҳоди дохилӣ тафтиш мекунад ва пас аз такмил шудани он, ба додгоҳи ҳамин ноҳия ирсол хоҳад шуд. Писари Карим Абдуллоев афзуд, ки ҳоло барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои падараш вакили дифоъ гирифтанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳал, Карим Абдуллоев як деҳқон мебошад ва дар айни замон дар масҷиди деҳаашон муаззин будааст. Ӯ ҳафт фарзанд дорад ва ҳудуди ду сол қабл бинобар мушкилоти хонаводагӣ, аз ҳамсараш ҷудо шуда буд. Авазхон Ғашов, имоми масҷиде, ки Карим Абдуллоев дар он ба ҳайси муаззин фаъолият мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар деҳаи онҳо пайравони "Салафия" вуҷуд надоранд. Вай гуфт, ки мақомоти амниятӣ ду сол қабл низ Карим Абдуллоевро барои "салафигарӣ" даъват карда буданд, вале узвияташ дар ин гурӯҳ исбот нашуд.

Ба гуфтаи имоми масҷид, пулис гуфтааст, ки Карим Абдуллоев бар асоси шикояти расида аз хонаводааш боздошт шудааст. Аммо Шамъигул Абдуллоева, ҳамсари пешини Абдуллоев мегӯяд, ки ӯ алайҳи шавҳари собиқаш ба ҷое куҷо шикоят набурдааст. Мегӯяд, ки танҳо пас аз ҷудо шудан, дар масъалаи манзил ба додгоҳ муроҷиат карда буд ва ҳаққи худро гирифт ва ҳоло ҳеҷ шикояте надорад. Аз сӯи дигар, мегӯяд Шамъигул Давлатова, агар аз ҷониби ӯ шикояте мешуд, пулис ҳатман барои пурсиш даъваташ мекард.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир бо ақидаҳои ифротӣ ва созмонҳои мубаллиғи ин ақидаҳо, назири “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва дигарҳо муборизаи шадид эълон кардааст, садҳо нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар бархе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо худро то охир бегуноҳ меноманд ва мегӯянд, қурбони тӯҳмат шудаанд. Ин гурӯҳи маҳкумшудаҳо мегӯянд, дар зиндагӣ ба ҷуз намозхониву риояи меъёрҳои зиндагии як мусалмони оддӣ кори дигаре накардаанд, вале онҳоро мисли як тундгаро ва шахси ифротӣ муҷозот кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG