Кремл хабар дод, ки роҳбарони ду кишвар ҳамкории стратегии Русия ва Озарбойҷон ва ҳамчунин масоили муҳими ҷаҳон ва минтақаро баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад, Путин дар бораи гуфтугӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон оиди масъалаи Қарабоғи Куҳӣ гап занад.
Боку яке аз шарикони наздики Маскав аст, ки дар айни замон содиркунандаи калони маводи сухт ба кишварҳои Ғарб мебошад.
Озарбойҷон узви Аҳдномаи Рим нест ва барои ҳамин Путин метавонад бидуни хатари боздошт ба Боку сафар кунад.
Қаблан Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ қарори ҳабси Владимир Путин ва вазири дифои пешин Сергей Шойгуро содир карда буд.
Онҳо ба содир кардани ҷинояти ҷангӣ дар Украина муттаҳам мешаванд, ҳарчанд Маскав онро рад мекунад.