Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи ҳукми зиндони умрбоди қотили Салоҳиддин


Додгоҳи олии Русия ҳукми ҳабси умрбоди Иля Горячев, раҳбари як гурӯҳи қавмгароро, ки дар дастикам 5 куштор дар заминаи адовати қавмӣ айбдор мешавад, тасдиқ кард.

​Додгоҳи олии Русия рӯзи 17 феврал ҳукми ҳабси умрбоди Иля Горячев, раҳбари БОРН (Боевая организация русских националистов, ё Созмони ҷангии миллатгароёни рус), як гурӯҳи қавмгароро, ки дар анҷоми дастикам 10 куштор дар заминаи адовати қавмӣ, аз ҷумла дар қатли муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад, бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳ аз айбномаи зидди Горячев танҳо иттиҳоми узвият дар созмони ифротгиро ба далели гузаштани мӯҳлати даъвоияш хориҷ кард, вале ӯро дар ташкили 5 куштор, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ ва гардиши ғайриқонунии аслиҳа ҳамчунон муҷрим шинохт ва ҳукми ҳабси абадашро тасдиқ кард.

Додгоҳи шаҳри Маскав моҳи июли соли 2015 Иля Горячевро бо ҷурми даст доштан дар қатли 5 нафар - Салоҳиддин Азизов, адвокат Станислав Маркелов, антифашистҳо Иля Ҷапаридзе ва Фёдор Филатов ва раҳбари гурӯҳи “Черые ястребы” Расул Халилов – ба ҳабси абад маҳкум карда буд. Бо ҳукми додгоҳ Иля Горячев ҳамчунин муваззаф шуд, ки ба волидони Иля Ҷапаридзе 5 миллион рубл товон пардохт кунад.

Ҳукми Горячев нахустин мавриди бо ҷурми қатли як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси умрбод маҳкум шудани як қавмгаро дар Русия ба шумор меравад.

Муҳаббат Азизов, падари Салоҳиддин Азизов, ки дар моҳи декабри соли 2008 сол пеш дар вилояти Маскав аз сӯи қавмгароён кушта шуд, рӯзи 17 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ки додгоҳи Русия қотили писарашро чунин ҳукми сангин додааст, шукр мекунад, вале ҳанӯз пурра қаноатманд нест: “Ман аз куҷо қаноатманд шавам? Ягон ҳукм Салоҳиддинро зинда карда, ба мо барнамегардонад. Албатта, шукр, ки ба фарқ аз даҳҳо куштори дигар дар Русия қотили писари маро ёфта, ҷазо доданд. Вале бояд ба мисли он бачаи гурҷӣ, ки барояш 5 миллион рубл товон ҳисоб карданд, ин қотилон товони қатли фарзанди маро ҳам бидиҳанд. Ман аз ҳамаи хабарнигорон ва ҳуқуқшиносони тоҷик даъват мекунам, ки ба ман дар амри аз ин миллатгароҳо рӯёндани товони қатли писарам кумак кунанд.”

Модари Салоҳиддин Азизов
Модари Салоҳиддин Азизов

Муҳаббат Азизов мегӯяд, ӯву ҳамсараш аз ғами фарзанди ҷавонмарги худ саломатиашонро аз додаанд ва “ҳоло ки ман 61 солу ҳамсараш 56 сол дорем, мисли 70-сола менамоем. Мӯи сарам сап-сафед шуд, дарди асаб шудам. Падари ман, яъне бобои Салоҳиддин 7 сол, дар даврони ҷанги дувуми ҷаҳон алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид, аз хоки Русия дифоъ кард. Худи ман дар Артиши Шӯравӣ 2 сол хидмат кардам. Мехоҳам бипурсам, ки барои чӣ? Барои онки чанд миллатгаро писари маро дар Русияе, ки падари ман барояш хун рехтааст, “бегона” гуфта, каллаашро бигиранд?”

Масъули қатли Салоҳиддин ба ҳабси абад маҳкум шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Зодаи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлони Тоҷикистон Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки дар як амбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор ба манзили иҷораашон дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт.

Салоҳиддин Азизов
Салоҳиддин Азизов

Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳадафи ҳамла қарор гирифтанашонро ба ҳамватанонаш бирасонад. Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН сари бетани муҳоҷири тоҷикро чанд рӯз дар манзили Тихонов дар яхдон нигоҳ дошта, хеле фикр кардаанд, ки аз ин ҷиноят чигуна барои таблиғи худ истифода баранд.

Баъди чанд рӯз аъзои БОРН сари буридаи Салоҳиддинро дар як қуттии ахлот дар назди идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав партофта, тавассути почтаи электронӣ аксашро ба чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. БОРН дар он паёмаш масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи “ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр” номид.

Иля Горячев дар додгоҳ
Иля Горячев дар додгоҳ

Иля Горячев охирин нафар аз 9 узви мушаххасшудаи гурӯҳи БОРН буд, ки парвандааш ба додгоҳ расид. Қаблан бо ҳукми додгоҳҳои Русия се узви БОРН - Никита Тихонов бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор, аз ҷумла барои нақшаш дар қатли Маркелов ва Бабурова, ва Вячеслав Исаев ва Максим Баклагин бо ҷурми куштани қозии додгоҳи Маскав Эдуард Чувашов ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Дӯстдухтари Тихонов Евгения Хасис ва 3 узви дигари ин гурӯҳ низ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Як узви дигари БОРН дар ҳоли фирор дар Украина аз таркиши норинҷак ҷон бохтааст.

Тихонов дар ҷараёни мурофиаи парвандаи Горячев нақши раҳбарии ӯ дар БОРН-ро эътироф кард ва гуфт, гӯё Горячев барои қатлҳо дар заминаи адовати қавмӣ аз аз мақомоти болоии Русия барои анҷоми қатлҳои пурсарусадо дастур мегирифт. Горячев, ки, бино ба шаҳодати Тихонов, аз робитаҳои хубаш бо дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия лоф мезад, гуфтааст, барои “болоҳо” чунин қатлҳои пурсарусадо лозиманд ва неонатсистҳои БОРН вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро маҳз бо амри Иля Горячев куштаанд. Горячев ва вакили ӯ инро рад мекунанд.

Муҳаббат Азизов, падари Салоҳиддин Азизов мегӯяд, ҳатто баъди кушта шудани ӯ ҳам 5 фарзанди дигараш ҳамчунон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд: "Илоҷи дигар ҳам надорем. То ҳол 5 келин дар як ҳавлӣ бо мо зиндагӣ доранд. 4 писарам ҳоло дар ҳамон Маскав кор мекунанд ва танҳо якеаш, ки ду сол боз дар Русия буд, тоза баргаштааст. Вале баҳор биояд, ӯ боз сумкаашро бардошта, ба мардикорӣ меравад..."

Волидони Салоҳиддин ҳанӯз дар фироқи фарзандашон месӯзанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

XS
SM
MD
LG