Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддинро бо фармони Горячев куштаанд


Иля Горячев дар додгоҳ. Акс аз январи соли 2014
Иля Горячев дар додгоҳ. Акс аз январи соли 2014

Ҳайати мунсифаи додгоҳи шаҳри Маскав Иля Горячевро гунаҳкор шинохта, гуфт, фармонҳои чандин қатл, аз ҷумла куштори ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро ӯ додааст.

Ҳайати мунсифаи додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14 июл Иля Горячев, раҳбари БОРН (Боевая организация русских националистов, ё Созмони ҷангии миллатгароёни рус)-ро дар ҳама иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда муҷрим шинохт. Бино ба ҳукми ҳайати мунсифа, маҳз Горячев дар соли 2008 созмони қавмгарои БОРН ва гурӯҳи ҷангии онро ташкил дода, фармони қатли антифашистҳо Фёдор Филатов ва Иля Ҷапаридзе, вакили мудофеъ Станислав Маркелов, донишҷӯи зодаи Озарбойҷон Расул Халилов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизоров низ ӯ додааст.

Танҳо қироати ҳукми ҳайати мунсифа дар додгоҳ беш аз 2 соат тӯл кашидааст ва 12 узви ҳайати мунсифа ба хулосае расиданд, ки гуноҳҳои Горячев бахшиданӣ нест.

Акнун бояд додгоҳ то чанд рӯзи дигар ҳукми ниҳоияш дар қиболи парвандаи Иля Горячев, мулаққаб ба “Студент”-ро содир кунад. Муҳокимаи ин парванда дар додгоҳи Маскав аз 2 июн, тақрибан якуним моҳ боз идома дошт.

Иля Горячев дар ташкили созмони ифротӣ, ширкат дар ҳамлаҳои ин созмон, қатлҳо дар заминаи адовати ақидативу қавмӣ, бандитизм ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ айбдор шинохта шуд. Бар асоси ҳукми ҳайати мунсифа ба Горячев ҳукми абад таҳдид мекунад, вале додгоҳ наметавонад ӯро ба мӯҳлати бештар аз 40 сол маҳкум намояд. Дар Сербия ҷазои ниҳоӣ 40 соли зиндон аст ва Русия дар тирамоҳи соли 2013, ҳангоми истирдоди Горячев аз ин кишвар тааҳҳуд супурда буд, ки ӯро ба мӯҳлати на бештар аз ҷазои олӣ дар Сербия маҳкум нахоҳад кард.

Никита Тихонов
Никита Тихонов

Иля Горячев охирин нафар аз 9 узви мушаххасшудаи гурӯҳи БОРН аст, ки парвандааш ба додгоҳ расид. Моҳи сентябри соли 2014 раҳбари асосии БОРН Никита Тихонов бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор, аз ҷумла барои нақшаш дар қатли Маркелов ва Бабурова ба 18 соли зиндон ва моҳи марти соли равон ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дӯстдухтари Тихонов Евгения Хасис ва 5 узви дигари ин гурӯҳ низ ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дуи онҳо онҳо - Вячеслав Исаев ва Максим Баклагин бо ҷурми куштани қозии додгоҳи Маскав Эдуард Чувашов ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд. Як узви дигари БОРН дар ҳоли фирор дар Украина аз таркиши норинҷак ҷон бохт.

Тихонов дар ҷараёни мурофиаи парвандаи Горячев нақши раҳбарии ӯро эътироф кард ва гуфт, гӯё Горячев барои қатлҳо дар заминаи адовати қавмӣ аз мақомоти болоии Русия барои анҷоми қатлҳои пурсарусадо дастур мегирифт. Горячев, ки, бино ба шаҳодати Тихонов, аз робитаҳои хубаш бо дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия лоф мезад, гуфтааст, барои “болоҳо” чунин қатлҳои пурсарусадо лозиманд. Тихонов гуфтааст, ки неонатсистҳои БОРН маҳз бо амри Иля Горячев вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро куштаанд. Горячев ва вакили ӯ инро рад мекунанд.

Иля Горячев ҳамин тавр ҳар навъ иртиботаш бо БОРН ва қатлҳои анҷомшуда аз сӯи ин гурӯҳи қавмгароро рад мекунад ва гуфтааст, гӯё Салоҳиддин Азизовро на ӯ, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН - куштаанд. Коршунов қаблан прапоршики ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - будааст.

Салоҳиддин Азизов
Салоҳиддин Азизов

Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки дар амбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор ба манзили иҷораашон дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳадафи ҳамла қарор гирифтанашонро ба ҳамватанонаш бирасонад.

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН сари бетани муҳоҷири тоҷикро чанд рӯз дар манзили Тихонов дар яхдон нигоҳ дошта, хеле фикр кардаанд, ки аз ин ҷиноят чигуна барои таблиғи худ истифода баранд.

Баъди чанд рӯз аъзои БОРН сари буридаи Салоҳиддинро дар як қутти ахлот дар назди идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав партофта, тавассути почтаи электронӣ аксашро ба чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. БОРН дар он паёмаш масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи “ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр” номид.

XS
SM
MD
LG