Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як шаҳрванди Украинаро даҳуним сол зиндонӣ кард


Додгоҳи Русия дар минтақаи ишғолшудаи Херсон, як шаҳрванди Украинаро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба даҳуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Русия гуфт, Ирина Горобтсов дар бораи низомиёни Русия дар Херсон маълумот ҷамъ карда, ба Хадамоти ҷосусии Украина фиристодааст. Назари Горобтсов ба иттиҳом маълум нест. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ асосан дар бораи ишғол шудани Херсон аз сӯи артиши Русия нақл мекард.

Ирина Горобтсовро 13 майи соли 2022 аз хонааш дар вилояти Херсон рабуданд. Ӯ ба он шаҳрвандони Украина кумак мекард, ки натавонистанд баъди ишғоли Херсон минтақаро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG