Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмилал: Мизони эъдомҳо дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст. САДО


Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International, қароргоҳаш дар Лондон, гуфт, ба далели коҳиши ҳукмҳои қатл дар Эрону Покистон, омори эъдомҳо дар саросари ҷаҳон назар ба соли 2015 камтар шудааст. Ин созмон рӯзи 11 апрел дар гузориши тозаи худ гуфт, соли гузашта дастикам 1032 нафар дар ҷаҳон эъдом шудаанд, ки назар ба як соли қабл 604 маврид камтар аст.

Amnesty International: Шумораи эъдомҳо дар ҷаҳон камтар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00
Линки мустақим

Чиара Сангиоргио, мушовири ҳайати таҳқиқотӣ оид ба ҳукми эъдом дар созмони Афви Байналмилал дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Афви байнулмилал ҳисоб кардааст, ки шумори ҳукмҳои қатл дар соли 2016 дар ҷаҳон то 37 дар сад коҳиш ёфтааст. Ин коҳиш ба хотири поинравии қобили мулоҳизаи иҷрои ҳукмҳои қатл дар Покистону Эрон даст додааст. Вале дар маҷмӯъ вазъ дар ҷаҳон дар муқоиса бо солҳои аз ин пеш бетағйир мондааст. 90 дар сади кулли ҳукмҳои қатл дар кишварҳои мисли Эрон, Арабистони Саъудӣ, Покистон ва Ироқ содир шудааст”​.

Дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ соли гузашта танҳо дар Белорус чаҳор мавриди эъдом ё иҷрои ҳукми қатл сабт шудааст.

Дар соли 2015 дар ҷаҳон 1634 нафар эъдом шуда буда, дар садри ин ҷадвал Эрону Покистон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Ироқ меистоданд. Чиара Сангиоргио гуфт, ҳамчунон нигарониҳои афзоянда дар мавриди "пинҳон кардани" омори воқеии эъдомҳо аз тарафи ҳукуматҳо вуҷуд дорад.

Бахусус, ки ба гуфтаи ӯ, омори ин созмони ғайридавлатӣ эҳтимол ҳазорон мавриди эъдом дар Чинро дар бар намегирад. Дар Чин маълумоти вобаста ба ҳукмҳои эъдом, аз санадҳои маҳрамона ё сирри давлатӣ ба шумор меравад. Ин мушовири Созмони Афви Байналмилал ҳамзамон гуфт, эъдомҳо дар Чин ҳамчунон бештар аз маҷмӯи ҳамаи мавридҳои дигаре аст, ки дар кишварҳои дигар сабт шудааст.

Кишварҳое, ки соли гузашта мавридҳои зиёди эъдом сабт шудааст, Эрон, Покистон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Ироқ мебошанд.

Соли 2016 ҳадди ақал 567 нафар дар Эрон эъдом шуданд, ки хеле камтар аз эъдомҳои 977 нафар дар соли 2015 аст. Афви Байналмилал афзоиши эъдомҳо дар соли 2015 дар Эронро гузориш дода буд, ки мегӯяд, сабаби он маълум нест. Аммо тибқи ин гузориш, бештари эъдомшудаҳо дар Эрон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор шинохта шудаанд. Ин гузориш мегӯяд, ки дар байни эъдомшудаҳо дар Эрон ҳадди ақал ду нафари онҳо ҳангоми даст задан ба ҷиноят зери 18-сола буданд ва маҳкум ба эъдом шудани онҳо, нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст. Дар миёни эъдомшудаҳои соли 2016 дар Эрон ҳашт зан низ мебошанд ва 33 нафар дар мазҳари умум ба дор овехта шудаанд.

Арабистони Саудӣ пас аз Эрон ва Чин дар рутбаи савум қарор дорад ва ҳадди ақал дар як сол дар ин кишвар 154 мавриди эъдом сабт шудааст. Гузориши солонаи Созмони Афви Байналмилал дар мавриди эъдом дар кишварҳои ҷаҳон мегӯяд, ки Покистон дар соли 2016 дар умум 87 ҳукми эъдомро анҷом додааст, ки дар муқоиса ба соли 2015 -- яъне 326 мавриди эъдом -- коҳиши бисёр чашмгирро нишон медиҳад. Ҳарчанд ин кишвар ҳамчунон яке аз садрнишинҳои феҳристи ҳукмҳои эъдом аст.

Ба гуфтаи Созмони Афви Байналмилал, ИМА танҳо кишвари қораи Амрико аст, ки дар он эъдом анҷом шудааст. Ҳарчанд Созмони Афви Байналмилал таъкид кардааст, ки шумораи эъдомҳо дар ин кишвар ба таври пайдарпай рӯ ба коҳиш аст ва 20 мавриди сабтшуда дар соли 2016, камтарин мавориди эъдомҳо дар 25 соли гузашта дар ин кишвар будааст.

Бар пояи ин гузориш, эъдомҳои анҷомшуда дар Афғонистон дар соли 2016 шаш маврид будааст, ки дар робита ба "терроризм" анҷом шудааст. Бо ин вуҷуд, ин созмон дар мавриди "эътирофҳои маҷбурӣ" ва баёнияҳои давлатӣ дар ин маврид, ки онҳо барои пешгирӣ аз вуқӯи ҳамлаҳои террористӣ дар оянда ҳукми эъдом содир мекунанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи хонум Чиара Сангиоргио, ҳеҷ далелу санади муътабаре вуҷуд надорад, ки нишон диҳад ҳукмҳои эъдом, аз тамоюли "террористҳо" барои анҷоми ҳамлаҳои худ, коста бошад.

Дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо дар Белорус чаҳор мавриди эъдом сабт шудааст. Дар Қазоқистон алорағми аз соли 2003 моратория эълон шудани ҳукми қатл, моҳи ноябри соли гузашта додгоҳе дар Алмаато алайҳи Руслан Кулекбаев ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаҳои террористӣ дар моҳи июл, ки боиси ҳалоати 10 нафар шуд, ҳукми эъдом содир кард. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки даъватҳо барои ҳукми эъдоми бархе аз сиёсатмадорони дар Русия ба иттиҳоми терроризм аз гузашта бештар садо медиҳанд, аммо тарҳе, ки ба Думаи Давлатӣ пешниҳод шудааст, то ба ҳол ҳукми қонунӣ нагирифтааст.

Тоҷикистон дар соли 2004-ум ба ҳукми қатл моратория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Бархе аз боздоштшудаҳои ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG