Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукми эъдоми Бобак Занҷонӣ лағв шуд"


Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ

Баъзе расонаҳои Эрон гуфтанд, ҳукми эъдоми Бобак Занҷонӣ, миллиардере, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ карда ва шинохта аст, лағв гардидааст. Хабаргузории "Меҳр" бо такя ба манбаи огоҳаш дар Додгоҳи олии Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 26 ноябр навишт, Занҷонӣ эъдом нахоҳад шуд. Аммо хабаргузориҳои дигари Эрон, аз ҷумла хабаргузории донишҷӯёни ин кишвар "Исно" гуфт, қарори лағви эъдоми Бобак Занҷонӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва эҳтимол то поёни ҳафта хулосаи додгоҳ эълон шавад. Ғуломризо Ансорӣ, муовини назорат ва бозрасии Девони олии Эрон низ ба вебсайти "Мизон" гуфта, ки ин парванда ҳанӯз ба охири худ нарасидааст.

Бобак Занҷонӣ моҳи марти имсол аз сӯи додгоҳе дар Теҳрон ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин) ба қатл маҳкум шуд.

Аммо хабари лағви эъдоми Бобак Занҷонӣ дуруст баъди тақрибан ду ҳафтаи омодагии "​к бонки хориҷии сад дар сад давлатӣ" барои пардохти васиқаи Бобак Занҷонӣ паҳн мешавад. Ду ҳафта пеш Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобак Занҷонӣ, гуфт, аз "бонки хориҷии давлатӣ" ном бурда намешавад, аммо ин ниҳод дар номаи расмӣ аз тасмимаш мақомоти Бонки марказии Эронро хабардор кардааст.

"Ба далели масоили ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ ин бонк наметавонад бигӯяд, ки шӯхӣ кардам ва иқдомаш дар ирсоли нома ҷиддист", - афзуда буд ӯ. Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ низ дар соатҳои баъди эълони ҳукми Бобак Занҷонӣ гуфта буд, "ҳукми эъдоми ин фард мушкили бозгардондани пулҳои ба сирқатрафтаро ҳал намекунад."

Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ

Бобак Занҷонӣ моҳи марти имсол аз сӯи додгоҳе дар Теҳрон ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин) ба қатл маҳкум шуд. Мақомоти Эрон Бобак Занҷониро барои аз худ кардани 2,5 миллиард доллар пули нафти он кишвар айбдор медонанд ва мегӯянд, дар сурати баргардондани ин миқдор маблағ ҳукмаш тағйир хоҳад кард.

Вай аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ гуфта мешавад, ки барои коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, бо Вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва, инчунин, бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад.

Дар гузашта Конт-Бонкро ниҳоди молии вобаста ба Занҷонӣ медонистанд
Дар гузашта Конт-Бонкро ниҳоди молии вобаста ба Занҷонӣ медонистанд

Ин мақомот гуфта буданд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, 2,5 миллиард доллари, ба иддаои Занҷонӣ, интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.​

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо, аз ҷумла “Автовокзал”-и нави Душанбе ва ширкати “Эйшн Экспресс” ӯ ҳамроҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Вале моҳи июли имсол масъулони Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, агар ҷониби Эрон санадҳои мушаххас дар мавриди вуҷуди сармояҳои Бобак Занҷонӣ дар бонкҳои кишварро пешниҳод кунанд, онро баррасӣ хоҳанд кард.​

XS
SM
MD
LG