Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: Бобак Занҷонӣ эъдом мешавад


Мақомоти Додгоҳи олии Эрон гуфтанд, ҳукми эъдом ё қатли миллиардери зиндонӣ Бобак Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ карда буд, бекор нашудааст. Ғуломризо Ансорӣ, муовини назорат ва бозрасии Додгоҳи олии Эрон, рӯзи 3 декабр ба хабаргузории "Мизон", вебсайти вобаста ба қувваи қазоии Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ҳукми қатли Бобак Занҷонӣ ҳанӯз пойбарҷост. "Вале Додгоҳи олӣ ҳукми қатли Маҳдии Шамс ва Ҳамид Фаллоҳи Ҳиравӣ, ду шарики Бобак Занҷониро лағв кардааст", - афзуд ӯ.

Бобак Занҷонӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳадафи "давр задани таҳримҳо" фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, муттаҳам аст, ки дуним миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст.

"Ҳосили" Аҳмадинажод?

Охири моҳи ноябри имсол хабаргузории "Меҳр" бо такя ба манбаи огоҳаш дар Додгоҳи олии Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки Занҷонӣ эъдом намешавад. Хабари лағви эъдоми ӯ баъди тақрибан ду ҳафтаи омодагии "​як бонки хориҷии сад дар сад давлатӣ" барои пардохти васиқааш паҳн шуд. Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобак Занҷонӣ, гуфта буд, аз "бонки хориҷии давлатӣ" ном бурда намешавад, вале ин ниҳод дар номаи расмӣ аз тасмимаш мақомоти Бонки марказии Эронро хабардор кардааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

Бобак Занҷонӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва авҷи таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ, бо ҳадафи "давр задани таҳримҳо" фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, муттаҳам аст, ки дуним миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст. Вай ба дунболи эътирози ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ дар соли 2013 боздошт ва баҳори имсол барои фасоди саросарӣ ба ҳукми эъдом маҳкум шуд. Мақомот мегӯянд, дар сурати баргардондани ин миқдор маблағ ҳукми Занҷонӣ бознигарӣ мешавад.

Пойи Тоҷикистон дар парвандаи Занҷонӣ

Аммо ҳукми қатли Занҷонӣ дар ҳоле ки ӯ пули нафтро барнагардондааст, интиқоди давлати Эронро ба бор овард. Аз ҷумла, вазири адлияи Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, эъдоми Бобак Занҷонӣ пул намешавад. Ҳасани Рӯҳонӣ низ гуфта буд, ки бо қатли миллиардер миллиардҳо евро пули нафт барнамегардад.

Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва, инчунин, бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад.​ Ин мақомот гуфта буданд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, 2,5 миллиард доллари, ба иддаои Занҷонӣ, интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Бонки миллӣ: Агар санад пешниҳод шавад...

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо, аз ҷумла “Автовокзал”-и нави Душанбе ва ширкати “Эйшн Экспресс” ӯ ҳамроҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Вале моҳи июли имсол масъулони Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, агар ҷониби Эрон санадҳои мушаххас дар мавриди вуҷуди сармояҳои Бобак Занҷонӣ дар бонкҳои кишварро пешниҳод кунанд, онро баррасӣ хоҳанд кард.​

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG