Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: "Парҳез"-и раҳбарони дунё аз ҳамнишинӣ бо Путин


Як видеои хабаргузории Ройтерсро дар шабакаи Ютюб дар зарфи камтар аз як ҳафта беш аз 1 миллион нафар тамошо кардаанд. Ин видео лаҳзаҳои "парҳез" кардани раҳбарони дунё аз нишастан сари як дастурхон бо Владимир Путинро нишон медиҳад.

Як видеои хабаргузории Ройтерсро, ки рӯзи 14 ноябр аз ҷараёни як зиёфат дар ҳошияи нишасти сарони гурӯҳи G20 дар Брисбени Австралия нашр карда буд, то субҳи 20 ноябр дар шабакаи Ютюб алакай 1 миллиону 76 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар ин видеои кӯтоҳ, ки аз як зиёфат ба шарафи меҳмонони ин нишаст наворбардорӣ шудааст, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳоле нишон дода мешавад, ки дар як миз танҳо нишаста, хӯрок мехӯрад ва касе аз раҳбарони дигари дунё азм ё хоҳиши нишастан сари як миз бо ӯро надорад. Танҳо Дилма Роусеф, раисиҷумҳури Бразилия дар як фосилаи дур дар гӯшаи дигари ин мизи бузург дида мешавад, вале ӯ ҳам бо ҳамтои русаш вориди сӯҳбат намешавад.

Владимир Путин, бино ба гуфтаи расонаҳо, дар нишасти Брисбен нақши қаҳрамони асосии манфиро бозӣ кард. Ӯ аз оғоз то анҷоми ин нишаст ба далели дахолатҳои Русия дар бӯҳрони Украина мавриди интиқоди шадиди раҳбарони қудратҳои дигари ҷаҳонӣ қарор дошт ва ҳатто маҷбур шуд, бо баҳонаи зарурати дам гирифтанаш қабл аз оғози ҳафтаи нави корӣ Австралияро ҳанӯз қабл аз анҷоми расмии нишаст тарк гуфт.

Видеои Ройтерсро инҷо тамошо кунед:

Хабарнигороне ки ҷараёни нишасти G20-ро пайгирӣ мекарданд, мегӯянд, истиқбол аз Путин аз оғоз хеле сард буд ва вақте ӯ ба Австралия расид, ҳеҷ яке аз мақомоти баландпояи ин кишвар, бо ин вуҷуд ки ба хотири истиқболи меҳмонони хориҷӣ дар фурудгоҳ қарор доштанд, ба пешвози ӯ нарафтанд. Путинро дар натиҷа шаҳрдори Брисбен ва ёвари вазири дифои Австралия расман пешвоз гирифтанд.

Ҳамин тавр, истиқбол аз Путин дар ҷараёни нишаст ва дар мулоқотҳои ҳошияӣ низ хеле сард будааст. Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер, барои мисол, ҳанӯз дар лаҳзаҳое Путин дастонашро мефишурд, гуфт: “Фикр мекунам, ман ҳам дастони шуморо хоҳам фишурд. Вале ман танҳо як чиз барои гуфтан ба шумо дорам. Шумо бояд тарки Украина кунед.”

Ромпуй ва Путин
Ромпуй ва Путин

Камерон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки низ дар Брисбен бо Путин мулоқотҳои алоҳида доштанд, ҳушдор доданд, ки агар Маскав нирӯҳову таслиҳоташро аз шарқи Украина берун накашад, ба таҳримҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд. Камерон рӯзи 16 ноябр баъди тарки ин нишаст кардани Путин гуфт, нишасти G20 ба раисиҷумҳури Русия “паёми хеле рӯшане фиристодааст.” Ӯ қаблан гуфт, агар Украинаро боз ҳам бештар бесубот кунанд, барои “ҷаҳони боқӣ – Аврупо, Амрико, Бритониё – чораи дигаре, ба ҷуз аз иқдоми бештар бо забони таҳримҳо” алайҳи Русия боқӣ нахоҳад монд.

Меркел ба хабарнигорон гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ба далели бӯҳрони Украина мавзӯъи эъмоли таҳримоти бештари молӣ ба зидди шахсони алоҳида дар Русияро баррасӣ мекунад. Президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, агар Русия нирӯҳо ва таслиҳоташро аз Украина берун наорад, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо алакай дар ҳамин моҳи ноябр ба хотири баррасии таҳримоти бештари зидди Маскав ташкили ҷаласа мекунанд.

Дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои аҳолиашон умдатар русзабони Донетску Луҳански Украина аз сӯи Русия таҳрику пуштибонӣ ва бо пулу силоҳу нирӯ таъмин мешаванд. Маскав инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG